Натиҷаи бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ – 9 июл
Имрӯз, 9 июл, аввалин бозии даври чорякфиналии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор гардид. Фаронса бо ҳисоби 2:0 Марокашро шикаст дод ва ба нимафинал роҳ ёфт.
Бозӣ дар Варзишгоҳи "Жиллетт"-и Бостон (Фоксборо) баргузор шуд ва тақрибан 63,811 тамошобин онро тамошо карданд. Фаронса бозиро бо фишори баланд оғоз кард ва дар нимаи аввал бартарии комил дошт. Марокаш танҳо як зарба ба сӯи дарвоза зада буд ва он аз иҷрои зарбаи ҷаримаи Ашраф Ҳакимӣ буд.
Дар нимаи аввал ба Фаронса пеналтӣ дода шуд. Килиан Мбаппе зарбаи 11-метраро иҷро кард, аммо дарвозабони Марокаш Яссин Буну пеналтиро дафъ кард. Ин пеналтӣ метавонист Мбапперо дар ҷадвали беҳтарин бомбардорон бо Месси баробар кунад, вале ӯ ин фурсатро аз даст дод. Фаронса фишори худро афзоиш дод. Дар дақиқаи 60-ум, Килиан Мбаппе голи аввалро ба сабт расонд. Ин голи 20-уми Мбаппе дар Чемпионатҳои ҷаҳон буд, ки ӯро як гол аз Лионел Месси ақиб гузошт. Танҳо шаш дақиқа баъд, дар дақиқаи 66-ум, Осман Дембеле голи дуюмро ба сабт расонд.
Марокаш бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва аз мусобиқа хориҷ шуд. Сарфи назар аз ин шикаст, мароккашиҳо бо дастовардҳои худ дар ин Чемпионат ҳамчун як дастаи пурқувват дар ёд мемонанд.
Бозиҳои оянда (чорякфинал)
10 июл, Белгия - Испания
11-12 июл Англия – Норвегия
11-12 июл Аргентина - Швейтсария
Бо Рӯзгор бошед!
















