ОЁ «ШЕРИ НУҚРАГИН»-РО МЕТАВОНЕМ ТИЛОӢ КУНЕМ?
Имрӯз, 1-уми сентябри соли 2010, 67-умин ҷашнвораи байнулмилалии филм дар Венетсия оғоз мегардад. Ин ҷашнвора дар ҷазираи Лидо (Итолиё) баргузор мешавад. Барои ширкат дар озмуни асосии кинофестивал маъмурияти он 20 филми ҳунарии саросари ҷаҳонро, ки қаблан дар ҷашнвораҳои дигар иштирок накардаанд, интихоб намуданд, ки асомии онҳо то рӯзи эълони оғози кори фестивал махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҷоизаи асосии кинофестивал «Шери тилоӣ» ба беҳтарин филми ҷашнвора эҳдо мегардад.
«Шери нуқрагин», дувумин мукофоти ҷашнвора барои коргардони беҳтарин дода мешавад. Ду «Ҷоми Волпӣ» барои беҳтарин нақшҳои мардонаву занона ва инчунин мукофоти ба номи Марчелло Мастрояннӣ ба беҳтарин ҳунарманди ҷавон супурда мешавад. Кинофестивал расман бо филми ҳунарии Даррен Аронофски «Қуи сиёҳ» оғоз меёбад. Д усол пеш як филми дигари ҳамин режиссёр бо номи «Рестлер» ғолиби ҳамин фестивал дониста шуда буд.
Филми коргардони лаҳистонӣ Ежи Сколимовский «Куштор аз рӯйи зарурат» дар арафаи шурӯъи ин фестивал бьа ин озмун дохил карда шуд. Филм дар бораи як афғоне ҳикоя мекунад, ки ба таври пинҳонӣ тавассути амрикоиҳо аз Кобул дуздида шуда ба Аврупо оварда мешавад. ӯ дар ин ҷо аз маҳбас фирор карда, ногузир даст куштор ба мезанад.
Миёни довталабони ҷоизаи «Шери тилоӣ» коргардонҳои машҳуре ба мисли София Каппола («Дар ким-куҷо»), Том Тыквер («Се», Ҷулиан Шнабел («Мирал») ва ғайраро дидан мумкин аст. Имсол ҳайти жюриро коргардони машҳури Голливуд Кветин Таррантино роҳбарӣ мекунад. Ба ин ҳайат сенариянависи мексикоӣ Гилермо Арриага, коргардони фаронсавӣ Арно Деплешен, оҳансози америкоӣ Денни Элфман ва ду синамогар аз Итолиё-Лука Гваданино ва Габриэлле Салваторес ва ягона зан Ингеборга Дапкунайте дохил шудаанд.
Дар тӯли 10 рӯзе, ки кинофестивал давом мекунад, дар чаҳорчӯбаи он 79 нахустнамоиш баргузор мегардад. Миёни коргардонҳои машҳури дунё беш аз дигарон филмҳои бузургтарин коргардон Лукино Висконтӣ (Итолиё) панҷ маротиба сазовори ҷоизаҳои ин кинофестивал гардидаанд. Филмҳои русӣ низ аз қабили «Баҳор»-и коргардон Г. Александров, «Қасам»-и М. Чиаурелӣ, «Адмирал Нахимов»-и В. Пудовкин, «Гамлет»-и Г. Козинсев, «Бачагии Иван»-и А. Тарковский, «Урга»-и Н. Михалков дар солҳои мухталиф сазовори ҷоизаҳои кинофестивали Венетсия шуда буданд.
Оё коргардонҳои синемои тоҷик дар ин кинофестивали бонуфузи байнулмилалии ҷаҳон ширкат кардаанд? Сафар Ҳақдодов, коргардон ва сенариянависи тоҷик, дар посух ба ин суоли хабарнигори «ИмрӯзNews» иброз дошт, ки бори нахуст аз эҷоди синемогарони кишвар барои ширкат кардан дар кинофестивали Венетсия соли 1946 филми мустанади Борис Кимёгаров «Тоҷикистон» ирсол гардида буд. Филм дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли солҳои Ҳокимияти шӯравӣ ҳикоят мекард. Филм медали биринҷӣ ва ифтихорномаи кинофестивалро соҳиб шуда буд.
Коргардони тоҷик Мунаввар Мансурхӯҷаев гуфт, ки баъди тақрибан ним аср, яъне дар соли 1994, дар кинофестивали Венетсия киноматографияи тоҷик комёбии бесобиқаеро ноил мегардад. Мелодрамаи ҳунарии коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Қош ба қош» сазовори ҷоизаи дувум – «Шери нуқрагин» – шуд. Филмномаи онро худи коргардони ҳамин филм Бахтиёр Худоназаров дар якҷоягӣ бо Леонид Маҳкамови хурдӣ навиштааст.
Нақшҳоро ҳунармандон Далер Маҷидов, Раҷаб Ҳусейнов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Баҳодур Ҷӯраев ва ситораи испониёи синемо Паолина Галвес бозидаанд. Оё киноматографияи тоҷик қодир аст, ки дар ояндаи наздик «Шери нуқрагин»-ро ба ба «Шери тилоӣ» иваз бикунад?
«Имрӯз имкониятҳои синемои тоҷик ниҳоят маҳдуданд, – мегӯяд М. Мансурхӯҷаев. – Мо имрӯз дар фикри он ҳастем, ки аз куҷо маблағ ёбем, то 12 – 16-уми октябр кинофестивали байнулмилалии «Дидор»-ро дар Душанбе доир кунем». Рушди синемо – ин соҳаи муҳимми фарҳанг – иқдомҳои ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба худро талаб мекунад. Агар мо мехоҳем, ки ҷоизаҳои баланди ҷашнвораҳои филми ҷаҳонро, ба вижа «Шери тилоӣ»-ро, сазовор гардем.
Султони Ҳамад
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3021--l-r----.html
-
09.06.2025 13:12
188
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
189
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
244
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
420
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
526
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
399
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
09.06.2025 13:07
141
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
01.06.2025 19:16
218
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
180
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
14.10.2024 18:41
902
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1615
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3300
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
16.06.2025 22:49
103
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
15.06.2025 19:04
118
Баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи нави умумиаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ
-
15.06.2025 19:00
118
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
442
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
698
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
819
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
385
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
420
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
398
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
672
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
953
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1798
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
561
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
532
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1731
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2044
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2258
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2938
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
438
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
397
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
881
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2993
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3441
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3423
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
591
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
617
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
559
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?