04:07:54 16-уми Июни 2025 сол

Баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи нави умумиаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ

Cанаи 11 июни соли 2025, дар Ҷумҳурии Исландия нахустин ҷаласаи Комиссияи Панаврупоии СҶТ оид ба иқлим ва тандурустӣ баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви расмии ин ниҳоди бонуфуз дар он иштирок намуд.

4 barguzorii jalasa 653212458745Дар ҷаласаи ифтитоҳии Комиссия, ки таҳти раёсати Катрин Якобсдоутир — собиқ Сарвазири Исландия баргузор шуд, Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода намояндагӣ кард.

Комиссияи мазкур зери роҳбарии Бюрои аврупоии СҶТ таъсис ёфта, аз 11 нафар — 10 аъзо ва 1 мушовири илмӣ аз 9 кишвари аврупоӣ ва осиёӣ иборат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ягона кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳайати он шомил аст — ки ин нишондиҳандаи эътирофи нақши кишвар дар ҳалли масоили глобалӣ ба шумор меравад.

Мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар ҷаласаи аввал — пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ, зарурати таҳкими сиёсати солимии ҷамъиятӣ дар шароити ноустувори иқлим, нақши илм дар ташаккули сиёсат, адолати иқлимӣ ва тандурустии баробар — масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари кори Комиссия қарор доранд.

Раиси Комиссия дар мақолаи худ таҳти унвони “Ба ҳимояти илм: биёед ҳақиқатро дар бораи иқлим ва тандурустӣ бигӯем” изҳор намуд, ки ҳифзи солимии ҷамъиятӣ дар шароити тағйирёбии иқлим бояд бар асоси маълумоти илмӣ ва сиёсатгузории далелӣ (evidence-based policy) роҳандозӣ гардад.

Шомилшавии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссия на танҳо эътирофи саҳми кишвар дар сатҳи байналмилалист, балки имконияти воқеӣ барои таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар масоили мубрами рӯз — аз тағйирёбии иқлим то таҳкими низоми тандурустӣ мебошад.

Комиссияи Панаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ минбаъд ҳамчун минбари муҳими сиёсӣ ва илмӣ барои таҳияи тавсияҳои амалии кишварҳо, инчунин ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи сиҳатии омма хизмат хоҳад кард.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854