09:45:47 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 13

Чаро бозгашти устод Нурӣ ба таъвиқ афтод?

Шоми 7-уми декабр Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали роҳбари ИНОТ дар мусоҳибаҳои худ ҳам ба радиои «Садои Хуросон» ва ҳам бо бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» бо истинод ба як сӯҳбати ҳамонрӯзаи телефонии худ бо Ҳерд Дитрих Меррем, намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон ба сабаби эҷод шудани халали техникӣ ба майдони ҳавоии Шинданд фуруд омадани ҳавопаймои СММ ҳомили устод Нурӣ ва ҳамраҳонашро тасдиқ намуд.

/images/stories/2011/11/21_tayorai-smm_21112011.jpgВа илова намуд, ки аз рӯи маълумотҳое, ки ӯ дар даст дорад, ин нуқсонҳои техникӣ бартараф гардиданд ва субҳи рӯзи 8-уми декабр ҳавопаймо ба тарафи Қундуз парвоз хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол дигар расонаҳо, махсусан ВАО-и Русия хабар доданд, ки «ҳавопаймои СММ-ро, ки дар он устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш барои анҷом додани як мулоқот ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли Афғонистон равона буданд, ҷангандаҳои толибон маҷбуран ба фурӯдгоҳи Шинданд шинонданд. Сабаби ин иқдоми худро толибон ҳанӯз шарҳ надодаанд».

Субҳи рӯзи 8-ум, ки рӯзи якшанбе буд, мардуми муҳоҷир боз роҳи фурӯдгоҳро пеш гирифтанд. Ҳама ба умеде, ки дар масъалаи таъхири ҳавопаймо гапи устод Тӯраҷонзода дуруст аст ва инак баъди чанде ҳавопаймо дар фазои Қундуз намоён мешавад, лаҳза ба лаҳза чашм ба осмони софи Қундуз медӯхтанд. Имрӯз Майдони ҳавоӣ аз дирӯза дида серодамтар ба назар мерасид.

Ба ғайр аз роҳбарони ҲНИТ ба ин ҷо кормандони СММ ва мансабдорони шаҳру вилояти Қундуз низ омада буданд. Тахминан соат 9-у чил дақиқаи вақти маҳаллӣ буд, ки дар фазо ҳавопаймои СММ пайдо шуд. Муҳоҷирини тоҷик ҳама наъраи такбир заданд. Ҳавопаймо нармак ба Майдони ҳавоӣ нишаст. Ҳама интизоранд, ки аз дохили он лаҳзае пас устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ берун мешаваду ба тарафи пешвозгирандагонаш дастафшонӣ мекунад.

Дари ҳавопаймо кушода мешавад. Нафарҳо яке паси дигаре аз зинапоя мефароянд, аммо дар байни онҳо ҳатто як чеҳраи шинос нест. Чӣ гап шуда бошад? Наход, ки хабарҳои расонаҳои Русия дуруст бошанд? Наход ки Толибон яксар ҳама роҳбарони муҳоҷирини тоҷикро ба гарав гирифтаанд? Инҳо киҳоянд, ки назди муҳоҷирин омадаанд? Ба кадом хотир омадаанд? Тақдири гуфтушунидҳои байни тоҷикон чӣ мешуда бошад?

Хулоса дар як лаҳза садҳо савол аз гиребони тафаккури масъулин ва умуман муҳоҷирини дур аз Ватани тоҷик маҳкам доштанд ва посух талаб мекарданд. Ҳама масъулини ҲНИТ боз ба роҳбарони дафтари намояндагии СММ дар Қундуз, ки дар Майдони ҳавоии Қундуз нафарҳои навакак аз ҳавопаймо поин шударо истиқбол мегирифтанд, рӯ оварданд.

Дидор бо Аҳмадшоҳи Масъуд

Маълум шуд, ки нафаре, ки аз ҳавопаймои СММ аввалин шуда поён фаромад, Норберт Ҳол, намояндаи вижаи ДК СММ дар умури Афғонистон будааст ва ба ин ҷо бо мақсади мулоқот кардан бо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ омадааст.

Дар масъалаи ҳавопаймои устод Нурӣ бошад ҳаминро гуфтанд, ки ҳамон хабари иҷборан аз сӯйи ҷангандаҳои Толибон ба фурӯдгоҳи Шинданд шинондани ҳавопаймо дуруст будааст. Вале ин корро Толибон аз рӯйи душманӣ накардаанд. Ба гуфтаи Толибон онҳо ин корро иштибоҳан анҷом додаанд ва барои ин корашон имрӯз Мулло Умар устод Нуриро  ба Қандаҳор барои узрхоҳӣ даъват кардааст.

Толибон ваъда додаанд, ки баъди узрхоҳӣ ва иззати меҳмонро ба ҷо овардан бо устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш худоҳофизӣ хоҳанд кард. Худо хоҳад имрӯз ё фардо онҳо ба Қундуз хоҳанд омад. Кормандони дафтари намояндагии СММ дар Қундуз меҳмонони худро ба мошинҳо савор карда ба тарафи Қундуз ҳаракат карданд. Ҳамин вақт дар фазои Майдони ҳавоӣ ду чархбол ё ба қавли мадуми таҳҷоӣ ҳеликоптар пайдо шуд. Шӯълаи умед боз дар дилҳои муҳоҷирин забона зад.

Қариб ҳама гумон карданд, ки шояд устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш ба иллати харобии ҳавопаймои СММ инак тавассути чархболҳо интиқол дода шуданд. Вале чун чархболҳо ба замин нишастанд аввалин шуда аз даруни яке аз онҳо Аҳмадшоҳи Масъуд, бале, ҳамон сипаҳсолори бемисли Хуросон берун шуд. Касеро, ки қаблан дида буд ва мешинохт ба оғӯш мекашид. Бо кӯдакон низ як-як даст дода салом кард. Аввалин сухане, ки аз забони ин абармард гуфта шуд ин буд, ки «ташвиш надошта бошед, иншоаллоҳ бародарони мову шумо ба зудӣ хоҳанд омад.

Мо бо толибон дар тамос шудем, гуфтем, ки бародарони тоҷикӣ меҳмон ҳастанд. Қадри меҳмонро бояд донист. Фикр намекунам, ки онҳо нияти бад дошта бошанд. Шояд ин ҷо масъалаи музокироти байни шумо ва ҳукумат матраҳ аст. Нирӯе ин музокиротро намехоҳад. Ба ҳар ҳол ман ба ояндаи нек боварӣ дорам. Моро низ имрӯз Норберт Ҳол –намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ оид ба Афғонистон ба мулоқот даъват кардааст.

Ин ҳавопаймойи ӯст». Сипас Масъуд баъди худоҳофизӣ ба мошини волии вилояти Қундуз савор шуд. Қатори мошинҳо ба тарафи Қундуз ҳаракат кард. Баъдтар бароямон маълум гардид, ки Масъуд дар баробари бо Норберт Ҳол мулоқот кардан, инчунин масъалаи гузаронидани мулоқоти қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар дафтари волӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Сабаби фурӯди изтирорӣ ба Шинданд билохира чӣ буд?

Рӯзи ҳаштуми декабр ҳам муҳоҷирони истиқболгирандаи тоҷик то қарибиҳои намози шом дар Майдони ҳавоии Қундуз интизори омадани ҳавопаймои устод Нурӣ буданд. Танҳо пеш аз фаромадани пардаи торикӣ худро ба манзилҳои ғарибонаи хеш ба умеде расонданд, ки аз радиоҳои мухталифи хориҷӣ аз тақдири устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш бохабар мешаванд. Радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон «Садои Хуросон» дар барномаи соати 18-и худ бо такя ба як манбаи муассиқ хабар дод, ки «тамоми сарнишинони тайёраи СММ, ки рӯзи гузашта тавассути ҷангандаҳои толибон маҷбур ба фурӯд ба Шинданд шуд, субҳи имрӯз ба Қандаҳор мунтақил гардиданд».

Бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар барномаи ҳамонрӯзаи таҳлилии худ бо такя ба як манбаи толибон хабар дод, ки тайёраи СММ ба он хотир маҷбур ба фурӯд шудааст, ки иҷозати парвозро дар ҳарими ҳавои мазкур надоштааст. Алфредо Чессари, ҳамоҳангсози Дафтари СММ дар масъалаи кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки ҳавопаймо барои он ба Қандаҳор парвоз кард, ки мушкилоти техникӣ дорад.

Номбурда ба хабарнигори Рейтер гуфт, ки лётчикҳои даниягии ҳавопаймо натавонистанд ин мушкилотро дар Шинданд, майдони ҳавоии ҳарбие, ки ба ин ҷо иҷозати фурӯд гирифта буданд, ҳал кунанд. Акнун барои тармими ҳавопаймо аз Исломобод ба Қандаҳор кормандони техникӣ фиристода мешаванд. Вале як намояндаи дигари расмии СММ дар Покистон, ки номашро ба хабарнигорон зикр накардааст, гуфт ин ҷо масъалаи иштибоҳоти маъмурӣ матраҳ аст. Яъне пеш аз хуруҷи ҳавопаймо аз Эрон ба Қундуз Дафтари СММ дар Машҳад бояд бо Толибон дар тамос шуда иҷозати парвозро аз ҳарими ҳавоии Толибон дарёфт мекард. Вале ҳамчунин коре сурат нагирифтааст.

Иллати ҳаракат аз Шинданд ба Қандаҳор

/images/stories/2011/11/21_turajonzoda_21112011.jpgМуовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар сӯҳбати худ бо Аббоси Ҷавводӣ, корманди радиои «Озодӣ», бо такя ба гуфтугӯҳои телефонии худ бо Ҳерд Дитрих Меррем, намояндаи вижаи ДК СММ дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳавопаймои СММ феълан дар Қандаҳор аст ва фардо соати 11 ҳавопаймои ҷадиде аз Исломобод ба Қандаҳор парвоз карда устод Нурӣ ва ҳамраҳонашро ба Қундуз интиқол медиҳад. Ин хабарро масъули умури хориҷии вилояти Қандаҳор мулло Абдуҷалил дар сӯҳбат бо раиси Дафтари дар Пешовар будаи ҲНИТ низ тасдиқ кардааст. Ҳам ҷаноби оқои Меррем ва ҳам мулло Абдуҷалил бо зӯрӣ поин кардани ҳавопаймои СММ-ро дар Шинданд рӯзи 7-уми декабр рад карданд.

Дар посух ба суоли хабарнигор «иллати ҳаракат аз Шинданд ба Қандаҳор чӣ буд? Чаро мустақиман ба Қундуз нарафтанд?» Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, ки «вАллоҳ барои ман ҳам ин то ҳоло номаълум аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки гӯё раҳбарияти Толибон худашон мехостанд бо устод мулоқот кунанд ва аз ин ҳодисае, ки шудаст узру маъзарат гӯянд. Лекин ҳақиқат чӣ ҳаст, барои ман низ маълум нест».

 Хабарнигор аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар бораи тақдири мулоқоти қарибалвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар шимоли Афғонистон пурсон шуд. Муовини аввали раҳбари ИНОТ гуфт, ки «агар фардо соати 11 ҳавопаймо ба Қундуз парвоз кунад он тахминан соатҳои 3-и баъд аз зӯҳр ба Қундуз хоҳад расид. Шояд мулоқот як рӯз баъд сурат бигирад».

(Идома дорад)

Султони Ҳамад

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8 > Қисмати 9 > Қисмати 10> Қисмати 11 Қисмати 12> Қисмати 13>



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi