09:45:40 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Қисмати дуввум > Қисмати саввум > Қисмати чаҳорум > Қисмати панҷум > Қисмати шашум

Номаи устод  Раббонӣ ба фармондеҳони марзии афғон

/images/stories/2011/08/15_ustod_rahmon_15.8.2011.jpgУстод Нурӣ ҳам дар сӯҳбат омодагии хешро ба барқарории сулҳу субот дар кишвар изҳор дошт ва таъкид намуд, ки мехоҳад ин сулҳ одилона ва бозгашти онҳо ба Ватан сарбаландона бошад. Сипас аз мушкилоте, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ба амал омада буд, ҳарф зад. Устод Раббонӣ ба устод Нурӣ мактубе навишта дод, ки дар он аз қумандонҳои сарҳадии Афғонистон хоҳиш карда мешуд, ки мушкилоти хешро бо размандаҳои ИНОТ бо роҳи мусолиматомез ҳал намоянд. Рӯзи дигари ин мулоқот раҳбари ИНОТ ба минтақаи марзии Бадахшони Афғонистон  сафар кард.      

Ҳини дар он ҷо будан лидери оппозитсияи тоҷик бо фармондеҳони нерӯҳои марзии Афғонистон, бо уламои дар маҳал будаи дини мубини Ислом, мансабдорони давлатии маҳал мулоқотҳо ороста ба онҳо сабабҳои кӯшиши ба дохили Тоҷикистон рафтани размандагони ИНОТ-ро хеле соддаву возеҳ фаҳмонда медод. Ӯ ба онҳо мефаҳмонд, ки масдуд кардани роҳи мухолифин пеш аз ҳама бар зарари худи соҳибони мулк ҳаст. Онҳо бо ин амали хеш метавонанд дар оянда садҳо мушкили дигарро дар баробари худ эҷод кунанд. Беҳтар он аст, ки ба бозгашти  размандагони тоҷик ба Ватан мамониат накунанд. Ва албатта номаи устод Раббониро, ки дар ин ҷо аз обрӯву манзалати вижа бархурдор буд,  ба ин афрод нишон медод то худашон баъди хондани он ба як хулосае биёянд.

Баъди ин мулоқотҳову дидорбиниҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо фармондеҳони нирӯҳои марзии Афғонистон ва мансабдорони дар маҳал будаи ин кишвар вазъи размандагони тоҷик дар сарҳад беҳтар шуд ва онҳо акнун озодона, вале хеле махфиёна имконият доштанд марзро убур намуда ба дохили Тоҷикистон биёянд. Ҳамин тариқ қисмати асосии нирӯҳои дар марз будаи оппозитсияи тоҷик  маҳз он замон ба дохили Тоҷикистон эъзом шуданд.

Давлат Усмон ба Амирқул Азимов мактуб менависад

Дар Тоҷикистон бошад вазъ он замон танҳо дар водии Қаротегин нисбатан ором буду халос. Дар нуқоти дигари таҳти нуфузи мухолифин буда созишномаи оташбас риоя намегардид. Махсусан дар минтақаи Тавилдара ва ҳошияи пойтахти кишвар даргириҳои шадид ҳанӯз ҳам идома доштанд. Ҳукумат бисёр мехост аз фурсат истифода бурда ин нирӯҳоро аз байн бубарад ва ё аз манотиқи таҳти нуфузашон онҳоро берун созад, то дар музокироти сулҳ султа дошта бошад. Раҳбарияти мухолифин ҳеҷ намехостанд, ки мавқеъҳои  ишғолнамудаашонро аз даст бидиҳанд. Бинобар ин талаби риояи Созишномаи оташбасро мекарданд.  Дар як вазъияти ором интиқол додани пойгоҳҳои низомии дар Афғонистон доштаи худро ба ин манотиқ онҳо ҳадафи аслии худ дар ояндаи наздик медонистанд.

Аввалҳои моҳи октябри соли 1996 раиси Ситоди марказии АНИТ Давлати Усмон унвонии котиби Шӯрои амнияти ҶТ Амирқул Азимов мактубе фиристод, ки дар он ба ҷониби ҳукумат пешниҳод карда мешуд, ки сатҳи музокиракунандагони сулҳи Ғармро болотар бардоранд, то дар онҳо шахсиятҳои бонуфузи оппозитсион ширкат намуда, ба раванди сулҳ рӯҳи тоза ворид намоянд ва сулҳ ба дигар манотиқи даргири кишвар густариш ёбад. Ҷониби ҳукумат ин пешниҳоди оппозитсионро хеле зуд ва гарм пазируфт.

Дар ёдам ҳаст, ки рӯзи 8-уми октябри соли 1996 буд ва аксари роҳбарони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон бо шумули устод Нурӣ дар шаҳри Файзободи маркази вилояти Бадахшони Афғонистон буданд. Ҳама дар талоши ҳарчӣ тезтар ба дохили Тоҷикистон интиқол додани пойгоҳҳои низомӣ буданд. Давлат Усмон дар сӯҳбат бо  нависандаи ин сатрҳо, ки он вақт масъулияти мушовири сиёсии устод Нуриро ба ӯҳда дошт, розигиашро барои ба дохили кишвар рафтан дар ҳайати баландпояи сиёсиву низомие бо мақсади гуфтушунид кардан бо чунин ҳайати ҳукуматӣ  дар мавриди сулҳ аз ӯ пурсид.

Банда гуфтам, ки агар устод Нурӣ розӣ бошанд, ман розӣ ҳастам. Давлат Усмон гуфт, ки «дар интихоби аъзои ин ҳайат, ки аз панҷ нафар бояд иборат бошанд,  устод ба ман салоҳияти васеъ додаанд. Касеро, ки интихоб кунам, он кас розӣ хоҳанд шуд». Сипас Давлат Усмон гуфт, ки қаблан ӯ мехоҳад ба Пешовари Покистон рафта фарзандонашро, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд, бубинад ва баъд ба Афғонистон баргашта якҷо бо ҳайат озими Душанбе шаванд. Ба гуфтаи Давлат Усмон сафар ба Тоҷикистон бояд аввалҳои моҳи ноябр сурат мегирифт. Дар ин бора ҳам бо ҷониби ҳукумат ва ҳам бо  намояндагии СММ дар Тоҷикистон  аллакай маслиҳат шуда будааст. Рӯзи дигар Давлат Усмон озими Покистон шуд. Вале дар ин байн рӯзи ҷумъаи 11-уми октябр аз тариқи бахши тоҷикии радиои Озодӣ хабаре пахш шуд, ки ҳама раҳбарияти оппозитсионро дар ҳайрат сохт.

 Радиои Озодӣ ба истинод ба шумораи ахири ҳафтаномаи «Вечерние вести»- чопи Душанбе гуфт, ки «Давлат Усмон дар Кобул бо роҳбарони Толибон вохӯрда мактуби табрикии Саид Абдуллоҳи Нуриро ба роҳбарони Толибон супурда доир ба масъалаи муборизаи якҷоя  бурдан  бо давлати Тоҷикистон сӯҳбат кардаанд». Ин хабар роҳбарияти мухолифинро ба ташвиш овард ва дар ҷустуҷӯи Давлат Усмон шуданд. Яке аз ҳамраҳони Давлати Усмон бо номи қорӣ Шамсиддин ба раҳбарияти мухолифин хабар расонд, ки Давлат Усмон дар шаҳраки Хинҷон аз сӯи ҷонибдорони  генерал Дӯстум боздошт шуда ба Мазори Шариф интиқол дода шуд.

Аммо ҷониби Дӯстум ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф кардан намехост, ки Давлат Усмон дар дасти онҳост. Шарҳу тафсили моҷарои ин боздошт ва чи гуна аз ин асорат раҳо шудани Давлат Усмонро, ки каме аз мавзӯъ берун аст, шумо хонандаи азиз, агар мехоҳед муфассалтар дониста бошед, ба китоби Султони Ҳамад «Дар сӯҳбати соҳибдилон», ки дар нашриёти «Диваштич» соли 2007 ба нашр расидааст (саҳ.43-78), руҷӯъ бикунед.

Ва аммо хулосаи гап ҳамин аст, ки Давлат Усмон баъди қариб ду ҳафта дар зиндони Дӯстум будан тавассути як зиндонбон ба муҳоҷирини дар Кампи Сахӣ будаи тоҷик  пинҳонӣ як мактуб мефиристад, ки дар он аз  маҳбус будани худ дар зиндони Дӯстум дарак медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки ин хабарро ба раҳбарияти мухолифин дар Тахор бирасонанд. Муҳоҷирин ин корро анҷом медиҳанд ва роҳбарияти оппозисиюн Аҳмадшоҳи Масъудро дар ҷараёни қазия мемонад. Аҳмадшоҳи Масъуд дар як дархости худ аз Дӯстум талаби озодии фаврии Давлати Усмонро кард.

Вохӯрии устод Нурӣ бо профессор Раббонӣ дар Олтинҷилав

Ва аммо мову шумо, хонандаи гиромӣ,  барои аз мавзӯъ дур нашудан бармегардем ба Файзободи Афғонистон ва аз онҷо 17-уми октябр якҷо бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ озими Толуқон мешавем. Наздикиҳои намози пешин дар Олтинҷилав ном деҳае, ки  дар байни шаҳрҳои Файзобод  ва Кишми Афғонистон ҷойгир шудааст, манзараи аҷибе устод Нурӣ ва ҳамраҳони ӯро ба ҳайрат гузошт. Дар як роҳи пурпечу тобу хатарноки кӯҳӣ дидани корвони дарози мошинҳои сабукрави тозатамғаи ҷопониро Худованд на ба ҳама муяссар месозад.

Ин корвони мошинҳои дастгоҳи ҳукумати устод Раббонӣ буд, ки онро ба Файзобод интиқол медод. Вохӯрии бисёр ҷолибу таърихии Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо Раиси Ҷумҳури Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар ҳамин деҳа баргузор гардид. Мулоқоти устод Раббонӣ бо устод Нурӣ дар ягона  қаҳвахонаи ин қария (агар онро қаҳвахона ном гирифтан мумкин бошад) дар сари дастурхоне, ки ба ҷуз як термоси чой ва ду лаъличаи қанфит дигар чизе надошт, сурат гирифт. Мусоҳибон мехостанд, ки дар ҳамин қаҳвахона таоми нисфирӯзиро низ бихӯранд, вале хӯроки  тайёрнамудаи соҳибони ин қаҳвахона аллакай тамом шуда буд.

Ошпазҳо ба хотири меҳмонони олиқадр хостанд чорво бикушанд ва  аз нав хӯрок бипазанд. Вале ҳам устод Раббонӣ ва ҳам устод Нурӣ ба ин кор иҷозат надоданд. Дар сари як пиёла чой устод Нурӣ аз вазъияти сарҳад ва муҷоҳиддини тоҷик ба устод Раббонӣ иттилоъ дод ва изҳори хурсандӣ кард, ки  бо истифода аз номаи он кас баъзе мушкилоти мавҷуда бо роҳи мусолиматомез ҳалли худро ёфтанд.

Дар навбати худ устод Раббонӣ аз ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон сухан ронда онро ташвишовар арзёбӣ кард ва гуфт, ки агар кӯмакҳои кишварҳои ҳамсоя бештар ва муассир нашаванд, мубориза алайҳи толибон чандон бо муваффақият нахоҳад буд. Ва дар ин робита аз устод Нурӣ аз раванди гуфтушунидҳои сулҳ пурсон шуд. Устод Нурӣ бо як оҳанги ноумедона гуфт, ки дар ин самт низ чандон пешравиҳое ба назар намерасанд. Ба гуфти устод Нурӣ «ҳукумати Тоҷикистон дар як минтақа сулҳ эълон мекунад ва дар минтақаи дигар ба даргириҳо шиддат мебахшад. Аз музокироти сулҳ сарпечӣ мекунад».

Устод Раббонӣ дар ин робита гуфт:

- Шумо боз як бори дигар бо ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунед. Биёед, ман миёнҷӣ мешаваму мулоқотро дар ҳамин шимоли Афғонистон бигузаронед. Боварӣ дорам, ки ба натиҷаи дилхоҳ хоҳед расид. Ман бо ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон дар тамос мешавам ва ба ӯ ин пешниҳодро мекунам. Шумо дар Афғонистон танҳо як мулоқоти қаблӣ пеш аз мулоқоти Маскав дошта бошед. Дар ин ҷо ба як тавофуқ биёед ва асноди асосиро дар Маскав ба имзо бирасонед.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi