09:41:11 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 8

Қисмати 1 > Қисмати 2 > Қисмати 3 > Қисмати 4 > Қисмати 5 > Қисмати 6 > Қисмати 7 > Қисмати 8

Вокуниши низомиёни Русия ба номаи устод Нурӣ

Паёми раҳбари ИНОТ унвонии ДК СММ Бутрос Бутрос Ғолӣ вокуниши шадиди ҷониби Русияро ба бор овард. Фармондеҳи нирӯҳои муштараки Ҳомии сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Тоҷикистон Виктор Заварзин дар номаи худ ба унвони Намояндаи Вижаи ДК СММ дар Тоҷикистон Ҳерд Дитрих Меррем ҷониби оппозисиюнро дар нақзи созишномаи оташбас гунаҳкор донист.

/images/stories/2011/09/23_mullojonov_23.9.2011.jpgӮ азҷумла навиштааст, ки «оппозитсияи мусаллаҳи тоҷик дидаву дониста фаромӯш мекунад, ки маҳз вай вайронкунандаи асосии созишномаҳои дар Теҳрон, Ашқобод ва Ғарм имзошуда мебошад. Аз ҷониби нозирони низомии СММ сабт шудааст, ки танҳо дар соли 1996 дастаҳои ИНОТ барои ишғоли манотиқи Тавилдара, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Қалъаи Ҳусайн, Сағирдашт ва Комсомолобод амалиёти ҷангӣ бурдаанд. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки оппозитсияи мусаллаҳ саъйу кӯшишашро барои истиқрори сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ бо изҳоротҳо пӯшонда дар асл вазъи сиёсии дохили Тоҷикистонро ноором мекунад ва барои бо нирӯ ба даст овардани ҳукумат кӯшиш мекунад. Дар ин ҷода вай ҳамаи айбро ба гардани Русия ва ҳукумати Тоҷикистон бор мекунад. Ҳамчунин кӯшиши дағалонаи шантажи ҷониби Русия, ки дар гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон мушоҳид аст, ба назар мерасад».

Дар ин давра ягона хабаре, ки шӯълаи умедро дар дилҳо нисбати музокироти сулҳи тоҷикон равшан нигоҳ медошт, ин хабари баргузории мулоқоти қарибалвуқӯъи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо лидери ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд. 26-ми ноябр тамоми расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ иттилоъ доданд, ки дар назар аст дар даҳаи аввали моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон мулоқоти рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардад. Дар ин мулоқот асосан тарҳи асноде таҳия хоҳад шуд, ки баъдан дар мулоқоти Маскав 19-уми декабри соли 1996 аз сӯи ин ду сиёсатмадор ба имзо хоҳанд расид.

Паймони Эҳёи Миллӣ фаъол мешавад

 Дар вазъи сиёсии кишвар низ таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваст. «Паймони Эҳёи Миллӣ» созмони сиёсии тозаэҷоди собиқ сарвазири кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов маҳз дар ҳамин шабу рӯз дар номаҳои худ ба унвони Намояндаи Вижаи ДК СММ дар Тоҷикистон Ҳерд Дитрих Меррем, раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муовини вазири умури хориҷаи Русия Борис Пастухов хостааст, ки дар музокироти сулҳи байни тоҷикон ӯ ва ҷонибдоронашро ба ҳайси қувваи сеюм эътироф кунанд.

Дар ин робита байни роҳбарони ИНОТ ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар Туркия як мулоқоте ба вуқӯъ пайваст, ки аз натоиҷи он баёнияе низ дар расонаҳои хабарии ҷаҳон мунташир шуд. Дар ин баёния азҷумла омадааст: «Аз 26 то 28-уми ноябр дар шаҳри Стамбули Туркия мулоқоти машваратии ҳайатҳо аз ИНОТ таҳти сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Паймони Эҳёи Миллӣ бо сардории Абдумалик Абдуллоҷонов баргузор шуд. Пас аз баррасии авзои ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ тарафҳо дар мавриди роҳҳои ҳал ва механизмҳои сулҳи Тоҷикистон табодули назар карданд. Онҳо таъкид карданд, ки бояд мусаввадаи ҳалли сиёсӣ таҳия шавад. Дар ин маврид ИНОТ аз тарафи худ ба таври қатъӣ зарурати ширкати ПЭМ-ро дар гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон эълом дошт. Таъкид шуд, ки бе иштироки ПЭМ дастёфт ба сулҳу оштии воқеъӣ дар кишвар имконнопазир аст». Тарафҳо дар баёнияи муштараки худ зарурати мусолиҳаи сиёсиеро қайд карданд, ки «тавонад ихтилофоти минтақавиро аз байн барад ва ба ваҳдати ҷомеъа, таҳкими Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат кунад. Онҳо гуфтаанд, ки ягона механизми дастёфт ба мусолиҳаи сиёсӣ дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон ин таъсиси Комиссиюни Мусолиҳаи Миллӣ ва Ҳукумати Эътилофӣ, ҳамчунин тавсиъаи ҳаққи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ мебошад».

Ихтилофи роҳбарони мухолифин дар масъалаи ПЭМ

Чи навъе, ки аз баёнияи муштарак бармеояд, дар он агарчи аз зарурати ширкати ПЭМ дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон сухан рафта бошад ҳам, вале дар ҳеҷ ҷои баёния гуфта нашудааст, ки ин ширкат ба ҳайси қувваи сеюм бояд бошад. Гап дар ин ҷост, ки дар дохили раҳбарияти ИНОТ дар мавзӯъи ширкат кардани ПЭМ дар музокироти сулҳи тоҷикон ду нуқтаи назар вуҷуд дошт. Якум, бархе аз роҳбарон, ба хусус муовини аввали Саид Абдуллоҳи Нурӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бар он назар буд, ки ПЭМ дар ин музокирот ба ҳайси қувваи сеюм ширкат варзад ва ин агар аз нуқтаи назари тактикӣ ба манфиати мухолифин бошад, вале дар стротегия ба манфиати сулҳи Тоҷикистон хоҳад буд. Нуқтаи назари дуввум ба муовини дигари Саид Абдуллоҳи Нурӣ Давлати Усмон ва ҷонибдорони ӯ тааллуқ дошт. Тибқи он ПЭМ бояд аз як тарафи музокироти сулҳи тоҷикон ҷонибдорӣ мекард: ё аз ҷониби ҳукумат ва ё аз ҷониби оппозисиюн. Ба гуфтаи Давлат Усмон Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, ки аз тамоми мардуми шимоли Тоҷикистон намояндагӣ кунад. Ӯ мегуфт, ки «шинохти ПЭМ ба ҳайси қувваи сеюм дар музокироти сулҳ ин доман задан ба таассуби маҳалгароӣ хоҳад буд. Мардуми шарифи шимоли Тоҷикистон намояндагони худро дар ҳар ду ҷониби музокироти сулҳ дорад ва мӯҳтоҷи сарпарасти вижае ҳамчун лидери ПЭМ нест».

Ризвон Садиров ба тарафи ҳукумат мегузарад

/images/stories/2011/09/23_rizvon_sadirov_23.9.2011.jpgДар ҳамин рӯзҳое, ки дар сарзамини Туркия мулоқоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо Абдумалик Абдуллоҷонов сурат мегирифт, телевизиони тоҷик хабареро мунташир сохт, ки ҳамаи онҳоеро, ки қазияи Тоҷикистонро пайгирӣ мекарданд, моту мабҳут кард. Шоми чоршанбеи 27-ноябри соли 1996 дар барномаи «Ахбор» иттилоъ доданд, ки яке аз фармондеҳони шинохтаи оппозитсион Ризвон Садиров бо ҷамъе аз размандагонаш ба ҷониби ҳукумат гузашт.

Худи Ризвон Содиров ҳадафи ба тарафи ҳукумат гузаштанашро ҳарчи тезтар мусоидат кардан ба раванди сулҳи Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Ҳангоме, ки ин суханҳоро мегуфт дар паҳлӯи ӯ бародараш Баҳром Садиров, ки чанде пештар дар Тавилдара дар дасти Мирзо Зиёев дар асорат буд, намоён мешуд. Рӯзи 28-уми ноябр хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон «Ховар» низ вобаста ба ин рӯйдод хабаре пахш кард. Дар ин хабар бо такя ба иттилои дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон гуфта мешуд, ки «собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои низомии опозитсияи тоҷик Ризвон Садиров ва беш аз 100 нафар ҷонибдорони ӯ ба тарафи ҳукумати Тоҷикистон гузаштанд».

Шаби 28-уми ноябр бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» мусоҳибаи хабарнигораш Обиди Шакурзодаро бо сухангӯи Президенти Тоҷикистон Зафар Саидов дар ин бора пахш намуд. Дар ин мусоҳиба Зафар Саидов дар посух ба суоли хабарнигор таъйид кард, ки «Ризвони Алимардон бо 100 нафар размандааш ба тарафи ҳукумат гузаштааст ва ҳамчун фармондеҳи як ҷузъу томи алоҳидаи ҳарбӣ дар хизмати давлат хоҳад буд». Бархе аз рӯзномаҳои чопи Маскав, аз ҷумла «Независимая газета», хабар доданд, ки Ризвонро дар ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қабул намуда бо ӯ мулоқот карданд.

Хабари ба тарафи ҳукумат гузаштани Ризвон ҳанӯз ҳам аз забонҳо нарафта буд, ки хабари ба Афғонистон баргаштани ӯ ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Вале танҳо дар миёни муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик. Зеро хабари баъди ду рӯз ба Афғонистон баргаштани Ризвон дар ҳеҷ як расонаи ҷаҳонӣ ба нашр нарасидааст. Ин хабаре, ки ҳоло баён мешавад, бори аввал дар матбуот пахш мегардад. Дар ҳақиқат, рӯзи ҷумъаи 29-уми ноябр Ризвон ва чанде аз ҳамраҳонаш дар як чархболи ҳукумати Тоҷикистон ба Афғонистон парвоз карда наздикиҳои намози аср дар чамани шаҳри Толуқон ба замин нишастанд. Ҳамроҳашон як шахси муллонамое, ки дар сар тоқии чустӣ ва риши дароз дошт, низ буд.

Онҳоро ходимони амниятии вилояти Тахори Афғонистон пешвоз гирифта ба идораи худ, ки онҷоро мардуми маҳал «Командуӣ» мегуфтанд, бурданд. Дар як лаҳза ин хабар ба раҳбарияти дар Тахор будаи мухолифин расид. Устод Нурӣ, чӣ тавре ки акнун медонем, он замон дар Туркия буданд. Вале муовинонаш барқосо тасмим гирифтанд, ки Ризвон ва ҳамраҳонашро боздошт намуда ба ҷазои аъмолашон бирасонанд. Тибқи маълумоти дақиқ Ризвон ҳангоми ба ҳайси фармондеҳи кулли нирӯҳои низомии ҳаракати НИТ фаъолият кардан чандин нафар аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангиву низомии оппозитсионро пинҳону ошкоро аз байн бурда буд. Ӯ тақрибан аз ду сол пеш дар Афғонистон дигар на танҳо ошкоро сар аз итоати роҳбарияти мухолифин кашида буд, балки ба муқобили онҳо амалҳои душманонаи худро тарҳезӣ ва пиёда мекард.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi