09:43:43 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

«Нирӯҳои низомии Русия бояд ихроҷ шаванд!»

Исёнгарон дар баробари талаби истеъфои муовини аввали сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев, ки яке аз ҳамсафони содиқи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор мерафт, ихроҷи нерӯҳои низомии Русияро аз хоки Тоҷикистон талаб мекарданд. Ин талаб аз забони Ибод Бойматов, собиқ мири шаҳри Турсунзода, ки ба сабаби аз болояш боз шудани парвандаи ҷиноӣ соли 1995 ба ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон паноҳанда шуда буд ва ҳамон шабу рӯзҳои исён бо 70 нафар мусаллаҳ аз хоки Ӯзбекистон ҳамла карда ба шаҳри Турсунзода ворид гардида буд, садо доданд.

ustod-nuri-sozishnoma-45656.jpgИн тарзи масъалагузории собиқ қумандонҳои Фронти халқӣ на танҳо ҳукумати Тоҷикистон, балки ҳукумати Русияро низ сахт ба ташвиш оварда буд. Ҳамин буд, ки рӯзҳои 27-29 январи соли 1996 вазири дифоъ Павел Грачёв, вазири корҳои хориҷа Евгений Примаков, сарвари хадамоти федералии бехатарӣ Н.Барсуков, директори хадамоти кашфи хориҷӣ В.Трубников ва дигар масъулони расмии Русия ба Тоҷикистон омада дар сӯҳбат ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов вазъияти баамаломадаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар ин мулоқот Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сабаби ташаннуҷи авзо дар кишварро дахолат аз хориҷи давлат донист. Вазири умури хориҷаи Русия Е.Примаков дар сӯҳбат ба Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки «вазъият дар Тоҷикистон дар ҳоле ором хоҳад шуд, ки ҳукумат бо мухолифини худӣ роҳи гуфтушунидҳои пурсамарро пеш бигирад. Зеро мухолифин низ як ҷузъи ҷудонашавандаи халқи тоҷиканд ва ба ҷуз аз зиндагонӣ дар ин сарзамин илоҷи дигаре надоранд».

Барои ба эътидол овардани авзои сиёсиву низомӣ дар кишвар ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар якҷоягӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Азҷумла, ҳайати баландпояи ҳукумати Русия, ки ба Тоҷикистон омада буд, баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов ба Тошканд сафар кард ва дар онҷо  бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов масъалаи  вазъияти Тоҷикистонро ба баҳс кашид. Зоҳиран ташрифи вузарои калидии ҳукумати Русия ба Тошканд нокофӣ ба назар расид, ки президенти Русия Борис Елтсин дар як тамоси телефонӣ аз Ислом Каримов хоҳиш намуд, ки барои ба эътидол омадани вазъияти кунунии Тоҷикистон мусоидат кунад. Роҳбарияти Тоҷикистон низ барои посух додан ба дархостҳои шӯришчиёни Ибод Бойматов ва Маҳмуд Худойбердиев ҷаласаи сеюми Маҷлиси Олиро даъват намуданд.

«М. Худойбердиев: Бо оппозитсия тезтар забон хоҳам ёфт»

Рӯзи дуюми феврали соли 1996 аз тариқи шабакаи аввали радиои Тоҷикистон гузорише дар бораи ин сессия пахш гардид. Азҷумла Раиси комиссияи депутатӣ оиди омӯхтани масъалаи исёни низомиён дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва шӯришгарон дар шаҳри Турсунзода Абдумаҷид Достиев суханронӣ намуда, талабҳои шӯришгаронро қироат намуд:

-Ҷудо шудани вилояти Қӯрғонтеппа.

-Истеъфои Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев.

-Авфи тамоми қумандонҳо ва сарбозони Фронти Халқии Тоҷикистон, ки баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати кунунӣ ба ҷурми содир кардани ҷиноят ба маҳбасҳо кашида шуданд.

-Ба ҳайати вакилони дар Ашқобод музокиракунандаи ҳукумат ворид кардани нафарҳои М.Худойбердиев барои забон ёфтан бо оппозитсия.

Дар идомаи суханонаш Абдумаҷид Достиев мегӯяд, ки тибқи суханони Маҳмуд Худойбердиев яке аз лидерони оппозитсия, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода чанд бор ба Қӯрғонтеппа занг зада хоҳиши бо  ӯ гап заданро кардааст. Билохира ӯ розӣ шуда бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сухан гуфтааст. Ба гуфтаи Абдумаҷид Достиев Маҳмуд Худойбердиев фикр мекунад, ки бо оппозитсия ӯ тезтар забон хоҳад ёфт.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода низ дар як мусоҳибаи худ бо бахши форсии радиои БиБиСи ҳамон рӯзҳо сӯҳбати телефонӣ доштанашро бо Маҳмуд Худойбердиев тасдиқ намуда гуфт, ки «албатта сӯҳбат дар бораи ҳамоҳангии мавқеъҳо намеравад. Фақат Маҳмуд Худойбердиев эълом дошт, ки аз пешниҳодоти мо ҷонибдорӣ мекунад. Онҳо ҳам хостори чунин як Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ҳастанд, ки инро бо овози Маҳмуд Худойбердиев ба Талбак Назаров-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати гуфтушунид шунавонидем».

Роҳбарияти Тоҷикистон мушкили хешро бо шӯришгарон дар натиҷаи гузаштҳои хеле ҷиддӣ, аз ҷумла истеъфои муовини аввали сарвазир Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси дастгоҳи иҷроияи  раиси ҷумҳур Иззатулло Ҳаёев, раиси комиҷроияи вилояти Хатлон А.Салимов ва афви он иддае аз ҷонибдорони Фронти халқӣ, ки ҷиноят содир карда буданд, то андозае ҳал намуданд. Маҳмуд Худойбердиев изҳор дошт ҳатто омодааст бо воҳиди низомии хеш озими минтақаи ҷангҳои Тавилдара шавад. Вале дар он ҷо кӯшиш хоҳад кард, ки масоил ба тариқи мусолиматомез ҳаллу фасл шаванд, гуфтааст ба хабарнигорон.

Марҳилаи дуввуми музокироти Ашқобод бенатиҷа буд

Ва аммо дар музокироти Сулҳ дар марҳилаи дуввуми гуфтушунидҳои Ашқобод ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ гуна гузашт розӣ нашуд. Сабаби инро сарвари ҳайати ҳукумат дар музокироти сулҳ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба хабарнигори ИТАР-ТАСС рӯзи  15.02.96 дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳини бозгашт аз Ашқобод чунин шарҳ дод: «Вақте ҳайати ҳукумат ба моҳияти талаботи оппозитсион сарфаҳм рафт, маълум гашт оппозитсион амалан пароканда шудани парлумон ва дар асоси он таъсис ёфтани як органи қонунгузорро тақозо мекунад ва гузашта аз ин мехоҳад дар сари ин созмон намояндаи оппозитсион қарор гирад, ки ин хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон, хилофи интихоботи парлумонист, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст».

turajonzoda_444555.jpgСарвари ҳайати мухолифин дар гуфтушунидҳои Сулҳ, муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар дифоъ аз мавқеи мухолифин дар музокироти Ашқобод ба ҳамон хабарнигори ИТАР-ТАСС чунин гуфтааст: «Сулҳи воқеӣ пас аз халъи силоҳи ҷонибҳо ва барчидани силоҳ аз дасти аҳолӣ ва бозгашти паноҳандагони тоҷик ба Ватан имконпазир мегардад. То замоне, ки силоҳи зиёд дар дасти афрод аст, дар қаламрави Тоҷикистон хунрезӣ давом хоҳад кард. Ин вазифаҳоро на ҳукумати феълӣ, на оппозитсион дар танҳоӣ иҷро карда наметавонад. Фақат органҳои муштараки қонунгузору назоратӣ ва иҷроия, яъне Шӯрои Оштии Миллӣ ва Ҳукумати Эътилофии давраи гузариш хоҳад тавонист сулҳи ҳақиқиро дар кишвар ба вуҷуд оварад».

Ҳамин тариқ, марҳилаи дуввуми музокироти сулҳи Ашқобод, ки аз 26 январи соли 1996 то 18 феврали соли 1996 идома дошт, бенатиҷа анҷом пазируфт. Ҳатто созишномаи оташбас, ки аз моҳи сентябри соли 1994 амал мекард ва сари ҳарчанд вақт тамдид мешуд, ин дафъа ба вуҷуди он, ки мӯҳлаташ 26 феврал поён меёфт, тамдид нагардид.

Мухолифин чаро дар сессияи махсус ширкат накарданд?

Вале дар ҳамин ҳол ҷониби мухолифин бо пешниҳоди ҳукумат дар бораи он, ки дар сессияи махсуси Маҷлиси Олии Тоҷикистон роҳбарони онҳо ширкат варзида мавқеи худро ба вакилони Парламент бифаҳмонанд, розӣ шуданд. Дар эъломияи муштараки музокиракунандагони марҳилаи дуюми Ашқобод, ҳатто шароити ширкати роҳбарияти оппозитсион дар ин иҷлосияи махсус баррасӣ шуда буд. Яке аз талаботи оппозитсия ҳамин буд, ки ҳукумат кафолати таъмин кардани амнияти роҳбарияти оппозитсияро ҳини дар Тоҷикистон буданашон, бидиҳад. Ҷониби ҳукумат ба хоҳиши оппозитсия ҷавоби мусбат дод.  Сессияи махсуси Маҷлиси Олӣ  бояд 11-уми март ба кори худ шурӯъ мекард.

Дар ин байн рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ашхоси мусаллаҳи низомипӯши мансубияташон номаълум ҳамраиси Комиссияи назорат бар Созишномаи Оташбас аз ҷониби мухолифин шодравон Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов рабуда шуд. Воқеан, то ба имрӯз пардаро аз болои  асрори ин ҳодиса касе набардоштааст ва касе то ба ҳол намедонад, ки қисмати ин фарде, ки барои бозгашти сулҳу субот ба Тоҷикистони азиз ҷонбозиҳо карда буд, чи шудааст. Ҳамин тариқ ҳодисаи рабуда шудани  Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов боис гардид, ки роҳбарияти мухолифин аз иштирок дар кори сессияи махсуси Маҷлиси Олии Тоҷикистон иҷтиноб варзанд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари ИНОТ дар номаи худ ба Дабири Кулли СММ Бутрос Ғолӣ барои чи дар иҷлосияи махсуси МОТ иштирок накардани роҳбарияти оппозитсионро ин тавр шарҳ додааст: «Ба сабаби дар арафаи ин иҷлосия дар Душанбе рабуда шудани ҳамраиси комиссияи муштараки оиди назорат бар Созишномаи Оташбас Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов ва кӯшиши рабудани узви дигари ин комиссия оқои Ҷалолиддин Маҳмудов мо тасмими қатъӣ гирифтем, ки дар сессия иштирок наварзем».

Ҳамзамон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омодагии ҷониби мухолифинро бо идома додани музокироти сулҳ изҳор дошта гуфтааст, ки ҳамчун ҳусни нияти нек  ҷониби оппозитсион созишномаи оташбасро ба мӯҳлати 3 моҳи оянда тамдид мекунад.

Агарчи иҷлосияи махсуси МОТ хеле тезу тунд гузашта дар он қариб ҳама вакилон оппозитсияро барои ба кундӣ пеш рафтани музокироти сулҳ гунаҳкор карда бошанд ҳам, вале қарори ниҳоӣ ҳамин буд, ки гуфтушунид бо мухолифин идома дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар номаи худ ба Дабири Кулли СММ Бутрос Ғолӣ аз натоиҷи кори сессияи вижа иттилоъ дода, омодагии ҳукуматашро барои идомаи музокироти сулҳ бо мухолифин баён доштааст.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi