09:42:33 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 9

Аҳмадшоҳи Масъуд ва қазияи Ризвон

Дар мавзеи Баҳораки Бадахшон, дар он мавқее, ки роҳи размандагони мухолифин барои ба дохили Тоҷикистон рафтан аз он ҷо мегузашт, Ризвон барои худу сарбозонаш як қалъаи сохта буд, ки бо ҷанг фатҳ кардани онро ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуд ғайриимкон медонист. Ӯ аз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ ба муқобили мухолифин мубориза мебурд. Бо хоҳиши устод Нурӣ  Аҳмадшоҳи Масъуд моҳи майи соли 1995 ӯро аз ин мавқеъ ба Кобул мекашад. Талошҳои нирӯҳои вижаи мухолифин дар Кобул  ба хотири дастгир кардани Ризвон баръабас рафтанд.

/images/stories/2011/10/07_ahmadshohi-masud_2321.jpgАҳмадшоҳи Масъуд бо далел ва андешаи он ки ҷиноятҳои Ризвон ба таври бояду шояд ҳанӯз исбот нашудаанд ва ӯ низ дар умум як тоҷики муҳоҷир аст ва ба замми он қумандони шинохта, бо боздошт ва ба дасти роҳбарияти мухолифин супурдани ӯ метарсад, ки муртакиби гуноҳе шавад ва ба номи некаш иснод оварад, аз дастгир кардану ба роҳбарони Ҳаракати НИТ додани Ризвон худдорӣ мекард.  Ин нуктаро ӯ дар як сӯҳбате, ки нависандаи ин сатрҳо моҳи июли соли 1995 бо ӯ дар Кобул  дошт, баён карда буд. Нуқтаи назари дигаре низ дар ин маврид ҷо дошт. Баъзе соҳибназарон бар ин андеша буданд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд Ризвонро дар муқобили ҳам мухолифини тоҷик ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун як аҳроми фишор истифода мебарад.

 Ҳар чи ки набошад Аҳмадшоҳи Масъуд барои Ризвон ва 100 нафар размандааш як қароргоҳи барҳавоеро дар маркази Кобул ҷудо карда буд ва хӯрду хӯрокашонро низ саривақт медод. Умуман Ризвон ва гурӯҳаш дар паноҳи Аҳмадшоҳи Масъуд аз ягон чиз танқисӣ намекашиданд. Дар ҳамин даврае, ки гурӯҳи Ризвон таҳти назорати Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул қарор дошт, аз сӯи онҳо нисбати роҳбарони Ҳаракати НИТ ва тарафдорони онҳо ягон амали баде сурат нагирифт.

Баръакс масъулини Ҳаракати НИТ дар ҳамин давра талош карданд, ки як иддаъ аз сарбозони Ризвонро бо роҳҳои гуногун ба тарафи худ ҷалб кунанд ё худ ақаллан аз ӯ ҷудо созанд. Шояд маҳз дар ҳамин давра намояндагони мақомоти дахлдори ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд Ризвонро барои ба ҳукумат пайвастан мутақоид бисозанд. Зеро дар ҳамин давра кормандони мақомоти интизомии  Тоҷикистон дар Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон зери пӯшишҳои мухталиф кору фаъолият мекарданд.

Вақте гурӯҳи Толибон Кобулро гирифтанд, Аҳмадшоҳи Масъуд гурӯҳи Ризвонро дар баробари сарбозони худ ба дараи Панҷшер интиқол дод. Маълумотҳое ҳастанд, ки гурӯҳи Ризвон дар ҷангҳои зидди толибон ширкат карда мавриди ташвиқи Аҳмадшоҳи Масъуд қарор гирифтаст. То  ҳамон рӯзи 27-уми ноябри соли 1996, яъне то рӯзи ба Тоҷикистон рафтан, Ризвон бо гурӯҳаш дар дараи Панҷшер буд.

Ризвон мулло Абдуғаффорро бурданӣ буд

Тибқи маълумотҳои дақиқ Ризвонро ҳамроҳӣ 25 нафар сарбозаш аз ҳамин дараи Панҷшер ба Тоҷикистон дар чархболи фармондеҳи Горди Президентӣ Ғаффор Мирзоев интиқол дода буданд. Ду рӯз баъди ба Тоҷикистон омадан, яъне 29-уми ноябр, боз ба Афғонистон баргаштани Ризвон ба он хотир буд, ки ба ҷуз аз ба Тоҷикистон интиқол додани бархе аз тарафдоронаш боз ӯ бояд марҳум мулло Абдуғаффори машҳур ба лақабҳои «Танка» ва «Южный»-ро, ки муддатҳо буд, ки дар Афғонистон бо роҳбарони Ҳаракати НИТ дар мухолифат қарор дошт ва боре ҳам барои чанд муддат ба хотири таҳқиру дашноми роҳбарияти ИНОТ ва дигар амалҳои зидди сиёсати НИТ намудааш зиндонӣ вале баъдан аз сӯи раҳбари ИНОТ афв шуда буд, ҳамчун роҳбари рӯҳонии гурӯҳаш аз Толуқон бо худ ба Тоҷикистон мебурд.

Мулло Абдуғаффор дар як деҳаи канори Толуқон бо ҳамроҳи хонаводааш мезист ва зоҳиран бо НИТ дигар коре надошт. Ҳамон рӯзи ба Тахор омадани Ризвон ӯ низ ба Толуқон омада буд. Сабаби дар Толуқон шиштани чархболи ҳомили Ризвон ва ҳамраҳонаш шояд ҳамин мулло Абдуғаффор будааст. Хулоса роҳбарони Ҳаракати НИТ, ки  моҳҳо дар орзуи боздошти Ризвон буданд, ин воқеаро барои худ як фоли нек ҳисобида дар пайи амалӣ кардани мақсади худ шуданд.  Ба ақидаи онҳо акнун пурра  исбот шуд, ки Ризвон одами ҳукумати Тоҷикистон аст. Фурсати қулай расид, ки ӯ боздошт шаваду ба саволҳои зиёде посух бигӯяд. Дар як лаҳзаи кӯтоҳ атрофи бинои идораи амнияти вилояти Тахор, яъне «Қумандонӣ»-ро размандагони мусаллаҳи опозитсион печонда гирифтанд ва аз  роҳбарияти он талаб карданд, ки Ризвонро ба онҳо  таслим кунад. Мудир Эътибор, яке аз калоншавандагони вилояти Тахор, ба назди размандагони мухолифини тоҷик баромада, ҳузур доштани Ризвонро дар «Қумандонӣ» рад кард ва гуфт:

-Агар бовар надоред як  ё ду нафар метавонед даромада дохили «Қумандонӣ»-ро бубинед.

Ду нафар аз фармондеҳони муҷоҳиддин бо силоҳ дохили идораи амнияти Тахор шуданд. Ҳарчанд кофтанд, вале нишонеро аз Ризвон пайдо накарданд. Он гоҳ хостанд, ки ҳамраҳони Ризвонро аз ҷумлаи сарбозонаш, ки дар ҷиноятҳои содир кардаи ӯ саҳим буданд, ба берун бикашанд. Вале ходимони амниятии вилояти Тахор ба ин кор  ҳам иҷозат ва ҳам имконият надоданд. Гуфтанд, ки «аввал ин ки инҳо фармонбардор буданд. Агар коре карда бошанд ҳам, онҳо фармонро иҷро кардаанд. Дуввум инҳо аз Тоҷикистон ба хотири бурдани чизу чораи худ омадаанд ва имрӯз меҳмони мо ҳастанд. Мо роҳ намедиҳем, ки шумо ба меҳмонони мо осебе бирасонед».

Ризвонро мегурезонанд

/images/stories/2011/10/07_rizvon-sadirov-2011.jpgПас аз ин суханҳо  дар байни роҳбарони мухолифин дар масъалаи омадан ва ё наомадани Ризвон ба Тахор як дудилагиву тардид ба вуҷуд омад. Баъди машварати кӯтоҳе роҳбарони мухолифин ба хулосае омаданд, ки размандагони Ҳаракати НИТ ба қароргоҳи худ баргарданд. Ва аммо Ризвон  дар ҳақиқат омада буд ё на?  Ризвон омада буд. Вале ӯро дар дохили «Қумандонӣ» пинҳон карда буданд. Дар ҷое пинҳон карданд, ки роҳбарони мухолифин дар он ҷо пинҳон шудани ӯро ба гӯшаи хаёлашон ҳам оварда наметавонистанд… Дар даруни як танӯри нонпазӣ.

Чархболи фармондеҳи Горди президентӣ  ҳамон шаб дар Толуқон монд. Роҳбарони мухолифин дар назди чархбол ва дар пеши идораи «Қумандонӣ» одамони худро ноайён посбон монда буданд. Вале ходимони амниятии Тахор ҳушёртар баромаданд. Онҳо шабона Ризвонро худашро танҳо махфиёна ба яке аз деҳаҳои мавзеи Оиндараи наздики Толуқон интиқол доданд. Мулло Абдуғаффорро низ ба ҳамон деҳа бурданд. Субҳидам бо гирифтани чораҳои эҳтиётӣ ҳамсафарони Ризвонро бо баҳонае, ки ба Тоҷикистон мефиристанд, ба чархбол савор карданд. Чархбол ба ҳаво хест. Вале баъди чанд лаҳзае дар ҳамон қаряе, ки Ризвон ва мулло Абдуғаффор шаб ба он ҷо бурда шуда буданд, нишаст ва Ризвону мулло Абдуғаффорро савор карда роҳи дараи Панҷшерро пеш гирифт.

Баъди як муддати муайян сарнишинони чархбол Ризвон ва ҳамраҳонашро дар яке аз қаряҳои дараи Панҷшер поин карда бо ваъдае, ки ду-се рӯз пас омада онҳоро мебаранд, бо онҳо Худоҳофизӣ намуда роҳи Душанберо пеш гирифтанд. Аммо дар ин байн 1-уми декабри соли 1996 дар минтақаи Қаротегини Тоҷикистон воқеае ба вуқӯъ пайваст, ки ҳукумати кишварро маҷбур сохт, ки аз дуввумбора овардани Ризвон ба Тоҷикистон на танҳо худдорӣ бикунад, балки умуман даст бикашад. Вале ин ҳам то он даме, ки боз маҷбур ба овардани ӯ нашавад. Дар ин бора дар мавридаш сӯҳбат хоҳем кард. Аммо ҳоло дар бораи он ки рӯзи якуми декабри соли 1996 дар Тоҷикистон чӣ воқеае рух дод, ҳарф мезанем.

Ҳамлаи ғофилгиронаи размандагони мухолифин

Ин воқеа ҳам то андозае бо бозгашти Ризвон ба Тоҷикистон ва пайвастани ӯ ба ҳукумат дар иртибот аст. Гап сари он аст, ки хабари ба ҳукумат пайвастану ба Тоҷикистон омадани Ризвон ва гурӯҳаш фармондеҳони минтақаи Ғармро, ки чанде пештар бо мақомоти марбутаи ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи Сулҳи Ғармро ба имзо расонда буданд, шадидан нороҳат кардаву ба изтироб оварда буд. Ин фармондеҳон ва умуман мардуми минтақаи Ғарм Ризвонро ҳанӯз аз солҳои 1992-93 хуб мешинохтанд.

Маҳз дар ҳамин давра бо ибтикор ва ширкати бевоситаи ӯ дар минтақаи Қаротегин ҳукумати ба ном исломии Қаротегин созмон ёфт, ки таъсиси онро на роҳбарияти оппозитсион талабгор буд ва на мардуми маҳал мехостанд. Тибқи маълумотҳои дақиқ, ки ҳарду ҷониби баҳамдаргир онҳоро таъйид мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд, маҳз дар ҳамин давра зери фармондеҳии Ризвон сарбозони ӯ даст ба куштори на танҳо аскарони ҳукуматии халъи силоҳшуда, балки мардуми бесилоҳи  маҳал ва фармондеҳону размандагони мухолифин заданд.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi