09:42:17 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД-7

Дуои профессор Раббонӣ ва феҳристи устод Нурӣ

Устод Нурӣ дар сӯҳбат ба профессор Раббонӣ гуфт, ки ӯ бо ин пешниҳод мувофиқ аст. Вале лозим аст, ки Раёсати ШҶ-ро низ дар ҷараён гузорад ва розигии онҳоро ҳам бигирад. Устод Нурӣ ва устод Раббонӣ дар ин мулоқот ба хулосае омаданд, ки тасмими ниҳоиро дар ин мавзӯъ баъдан дар рӯзҳои наздик хоҳанд гирифт.

/images/stories/2011/08/19_burhoniddin-rabboni_19.8.20.jpgНамози пешинро дар ҳамин қаҳвахонаи кӯчаки Олтинҷилав ҳама якҷо гузоштем. Устод Раббонӣ имоматӣ карданд. Дар хатми намоз устод Раббонӣ даст ба дуо кушода пеши Худованди бузург зора карданд, ки дар Тоҷикистону Афғонистони ҷангзада ҳарчӣ тезтар сулҳу оштӣ барқарор шаваду мардуми овораву саргардони ин мамолик ҳарчӣ тезтар ба лонаву кошонаҳои худ баргарданд. Даври чашмони бархе аз даст ба дуобардоштагонро  ҳалқаи об печонда гирифт.

Рӯзи 18-уми октябр баробари ба Толуқон расидан устод Нурӣ маро ба наздаш даъват намуда аз бобати ба ҳайси муовини Давлати Усмон, раиси як ҳайати баландпояи сиёсиву низомӣ барои музокироти сулҳи Тавилдара ба Тоҷикистон рафтан, розигиамро пурсид.

-Давлат Усмон феълан дар зиндони Дӯстум бандӣ аст. То озод шудананаш шумо корҳои омодагиҳои сафарро ба анҷом бирасонед. Мана ин рӯйхатро бигиреду мушаххасоти афроди дар он бударо пурратар карда тариқи мухобираи намояндагии СММ дар Толуқон ба Намояндагии СММ дар Душанбе ба номи раҳбари ҳайати низомии Намояндагӣ генерал Ҳасан Аббаза номае ирсол намоед ва бигӯед, ки ашхоси зикршуда ҳамон ҳайати баландпояеро ташкил медиҳанд, ки бояд барои музокироти сулҳи Тавилдара ба Тоҷикистон раванд. Ман дар ҳамин ҷо аввалин бор аз забони устод Нурӣ ибораи «сулҳи Тавилдара»-ро шунидам ва дарк кардам, ки устод бисёр мехоҳад, ки сулҳи Ғарм густариш ёфта Тавилдараро низ фаро бигирад.

Вақте, ки ман варақро аз дасти устод Нурӣ гирифта  рӯйхатро хондам, дидам, ки дар он ҷо фамилия ва номи Давлати Усмон, Султони Ҳамад, Неъматуллоҳи Билол, Ҳамдиддини Саъдуддин ва Сафарбеки Бек дарҷ шудаанд.

Рӯзи дигар ман маълумоти тарҷумаиҳолии аъзои ин ҳайати низомиву сиёсии баландпояро пурратар карда номаро аз тариқи мухобираи намояндагии СММ дар Толуқон ба дафтари намояндагии СММ дар Душанбе фиристодам. Дар он тарафи мухобира онро ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи оташбас аз ҷониби мухолифин Ҷалолиддин Маҳмудов гирифт. Аз ман хоҳиш кард, ки акс, мушаххасот ва зиндагиномаи ин афродро таҳия карда ба Намояндагии СММ дар Бандари Шерхон бисупорам то онҳо ин аснодро ба Душанбе фиристода дар асоси он ҳуҷҷатҳо ба аъзои ин ҳайат дар Душанбе шиноснома омода созанд. Хулоса ҳамаи ин корҳо дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонда шуд ва мунтазири ҷавоб аз Душанбе шудем.

Озодии Давлати Усмон ва сафари устод Нурӣ ба Теҳрон

Дар ин байн рӯзи 22-уми октябри соли 1996 устод Нурӣ тавассути як ҳавопаймои Аҳмадшоҳи Масъуд бо ҳамроҳии домулло Муҳаммадрасул ва эшони Сайид Қиёмиддин аз Толуқон ба Мазори Шариф парвоз карданд. Дар майдони ҳавоии Мазори Шариф Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳамраҳонашро  домулло Муҳаммад Қосим, Файзи Эмом ва Давлати Усмон, ки ҳамон субҳ аз зиндони Дӯстум озод шуда буд, пешвоз гирифтанд. Раҳбарони мухолифин он шаб меҳмони генерал Дӯстум, ки дар он замон ҳокими Балх ба ҳисоб мерафт, буданд. Дӯстум дар сӯҳбат ба Нурӣ гуфт, ки то дирӯз ӯ аз маҳбус будани Давлати Усмон дар зиндонаш хабар надоштааст.

Ин хабарро ӯ аз омир соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд фаҳмида, амр додаст, ки фавран ӯро аз зиндон раҳо кунанд. Вале Давлат Усмон баъдҳо, яъне соли 2006, дар дар як мусоҳибааш бо банда изҳор дошт, ки «ҳанӯз соли 1998, ҳангоми дар ҳукумат ба ҳайси вазири иқтисод кор карданам Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ман гуфт, ки генерал Дӯстум ҳамон вақт бо ӯ дар тамос шудааст ва гуфтааст, ки «Давлати Усмонро мехоҳам ба шумо таслим кунам, вале ба ивазаш шумо ба ман кӯмаки низомиву пулӣ кунед». Тақрибан ҳамин чизро ба Давлати Усмон соли 1998 собиқ консули Русия дар Мазори Шариф  Евгений Михайлов низ гуфтааст.

Рӯзи дигар, яъне 23-октябр, устод Нурӣ бо ҳамроҳии Давлати Усмон, эшони Сайид Қиёмиддин ва боз чанд нафари дигар аз Мазори Шариф, ки он замон пойтахти Давлати Исломии Афғонистон ба ҳисоб мерафт, тавассути як ҳавопаймои Ҷумҳурии Исломии Эрон озими Теҳрон шуданд. Ҳадаф аз ин сафар ширкат кардан дар машварате буд, ки миёни тамоми роҳбарони собиқ ИНОТ дар мавзӯи «Ояндаи гуфтушунидҳои сулҳ чӣ гуна бояд бошад?» дар он ҷо  сурат мегирифт.

Ҷангҳо дар Комсомолобод

/images/stories/2011/08/19_ustod-nuri_19.8.2011.jpgДар ҳамин ҳол вазъияти низомӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз вахимтар мешуд. Даргириҳо байни нирӯҳои ҳукумат ва мухолифин акнун на танҳо дар Тавилдараву Сағирдашт ва Теппаи Самарқандӣ шиддат гирифтанд, балки дар минтақаи Қаротегин, ки чанде пеш дар онҷо байни ҳукумат ва фармондеҳони ин минтақа созишномаи сулҳи Ғарм  ба имзо расида буд, боз аз сар гирифта шуданд. 15-уми ноябр бахши тоҷикии радиои Озодӣ бо истинод ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ки «маркази ноҳияи Комсомолобод аз тарафи 200 нафар размандаи таҳти сарварии мулло Абдуллоҳ тасарруф гардид.

Қисмати шоҳроҳи Хоруғ- Душанбе аз Лаби Ҷар то Кофарниҳон ба таҳти контроли размандагони мухолифин гузашт. Постгоҳҳои ҳукуматӣ, ки дар ноҳияи Комсомолобод мавҷуданд, ба вазъият таъсире расонда наметавонанд. Сабаби тавсиъа бахшидани манотиқи таҳти контролашро мулло Абдуллоҳ аз риоя накардани Созишномаи Сулҳи Ғарм аз ҷониби ҳукумат медонад. Мансабдори ҳукуматӣ, ки нахостааст номаш ифшо шавад, гуфтааст, ки мухолифин баъди имзои Созишнома минтақаро бесилоҳ накарданд. Бинобар ин ҳукумат постҳои худро дар ин минтақа нигоҳ дошт».

Шодмон Юсуф талабгори гуфтушунид бо Русия шуд

Ана дар ҳамин вазъият Шодмон Юсуф, раҳбари ҷиноҳи теҳронии Ҳизби Демократи Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳон дар паёме дидгоҳи худро дар ҳалли бӯҳрони Тоҷикистон изҳор кард, ки аз нуқтаи назари чанде пеш иброз намудаи ӯ ба куллӣ фарқ мекард. Дар ин паём гуфта мешуд, ки «рӯйдодҳои ахири Афғонистон, суқути Кобул ва исломикунонии ДИА ба авзои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири шадиди манфӣ дорад. Дар Тоҷикистон амалиёти ҷангӣ аз нав шиддат гирифт. Дар ҳамин замина ҳаст, ки мулоқоти раҳбарони ду ҷониб дар сатҳи олӣ ба таъхир афтодааст.

Артиши Русия дар амалиётҳои ҷангии Тоҷикистон бевосита ширкат дорад ва доираҳои низомии Русия кӯмаки ҳарбиро ба ҳукумати Тоҷикистон идома дода истодаанд. Бо ин сабаб Русия наметавонад нақши бетараф дошта бошад. Дар натиҷа гуфтушунидҳо ба як бозии вақтгузаронӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ танҳо бо тарафи Русия бояд музокира кард. Зеро ҳукумати Душанбе чизеро ҳал карда наметавонад ва бояд мухолифин бо ҳайати Русия паси мизи гуфтугӯ нишинад».

Бо дарназардошти чунин натиҷагирӣ Шодмон Юсуф ба раёсати ҷумҳур, парлумон ва ҳукумати Русия муроҷиат кардааст то ба мақсади  қатъи ҷанг дар Тоҷикистон ва таъсиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо ширкати ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсии Тоҷикистон Русия бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишинад. Музокирот бояд дар яке аз кишварҳои бетарафи аврупоӣ зери сарпарастии СММ барпо шавад. Дар музокирот намояндаи Иттиҳоди Аврупо бояд ҳузур дошта бошад. Русия бояд артиши худро аз хоки Тоҷикистон берун кашад, то девори маснуии низомӣ аз канори Омӯ бардошта шавад ва мардумон сарнавишти худашонро худашон ҳал кунанд».

Номаи устод Нурӣ ба Бутрос  Бутрос Ғолӣ

Шояд тасодуфӣ  бошад ва ё амали тарҳрезӣ шуда, ки ду рӯз баъди интишори ин изҳороти Шодмон Юсуф раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони Дабири Кулли СММ Бутрос Бутрос Ғолӣ номае мефиристад, ки дар он аз нақшаҳои ҳарбиёни Русия ва ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Вай аз ҷумла мегӯяд, ки «Ситоди нирӯҳои Русия дар Тоҷикистон якҷоя бо қувваҳои ҳукуматӣ нақшаи амалиёти густурдаи ҷазодиҳии гурӯҳҳои оппозисиюнро дар атрофи Душанбе ва навоҳии тарафдори оппозисиюн омода мекунанд». Ба гуфти Нурӣ «бо ин мақсад техникаи вазнини ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои нав ба манотиқи амалиёти тарҳрезишуда интиқол меёбанд, ки ин нақзи Созишномаи Теҳрон аст».

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi