01:51:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД – ҚИСМАТИ 12

 

Талошҳои Эрон барои сулҳи тоҷикон ва нақши Меррем

Кишвари дигари зидахл дар қазияи Тоҷикистон Эрон буд. Эрон аз аввал ҳамеша талош мекард, ки оташи ҷанг дар Тоҷикистон ҳарчи тезтар хомӯш шавад. Бо ҳарду ҷониби даргир муносибатҳои ҳасана дошт, ба ҳарду ҷониб кӯмакҳои иқтисодӣ мекард.

/images/stories/2011/11/08_sulh_hadya_12_1.jpgАгар дар дохили Тоҷикистон сафири Эрон оқои Шабистарӣ ҷаҳду талошҳои зиёдеро барои наздик кардани мавқеъҳо ба харҷ медод, дар кишвари Эрон роҳбарони он бо пазируфтани ҳайатҳои ҳарду ҷониб ва ташкили мулоқот ва музокиротҳои дутарафаву сетарафа мекӯшиданд, ки фазои ғуборолуд аз ҷанги Тоҷикистонро ба осмони софу беғубори сулҳ табдил бисозанд.

Бале, ин ҳама аз ҷониби Эрон буд. Вале баъди ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон ҷидду ҷаҳди ин кишвар низ барои истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон дучанд гардид. Зеро оқибати бади давлатдории толибонро барои худи давлати Эрон ва умуман ҷомеаи башарӣ роҳбарони ин кишвар бештару амиқтар дарк карда буданд.

Ба бахти Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дар ҳамин мақтаи замонӣ намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон дипломати варзидаи олмонӣ Ҳерд Дитрих Меррем буд. Меррем ҳамон дипломати ғарбие буд, ки нуқтаи назари раҳбарияти мухолифинро дар бораи фаъолияти дипломатҳои Ғарб дар саҳнаи байналмилалӣ то андозае ба тарафи мусбат тағйир дод. Ин дам мулоқоти нахустини устод Нурӣ бо Меррем дар Толуқон ба ёдам меояд.

Баъди ин мулоқот устод Нурӣ ба он нафарҳое, ки мехостанд бифаҳманд дар мулоқот чи гузашт, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки «агар ҳамаи фикру андешаҳои ҷаноби оқои Меррем дар масъалаи ҷангу сулҳу тоҷикон дар асл ҳамон бошад, ки бо мо гуфтанд, Худо хоҳад мо низ аз Афғонистон ба ватан МЕРЕМ». Устоди сухандону сухансанҷ калимаи «меравем»-ро махсус ба лаҳҷа талаффуз карданд, ки бо номи дипломатӣ олмонӣ ҳамсадову ҳамрадиф шавад.

Ана ҳамин Меррем низ яке аз он ашхосе буд, ки дар қалби муҳоҷирони дар Афғонистон будаи тоҷик шӯълаи умеди «ба Ватан мерем»-ро фурӯзон нигоҳ медошт. Албатта дипломатҳои дигар кишварҳову дигар Созмонҳои байналмилалӣ низ саҳми сазовори худро дар ба ҳам наздик омадани мавқеъҳои ҷонибҳои ба ҳам мухолифи Тоҷикистон гузоштаанд ва аз ин кори онҳо халқи тоҷик як умр сипосгузор аст.

Ҳамин тариқ ҳам Афғонистон, ҳам Русия, ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Эрон дар ҳамин давра ҷонибдори ҳарчи тезтар дар Тоҷикистон барқарор шудани сулҳу субот гардиданд. Раҳбарияти Афғонистону Эрон агар бештар бо лидерони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон масоили сулҳро дар миён мегузоштанд, Русияву Ӯзбекистон аз роҳбарияти кишвар тақозои аз худ гузашт кардану ба сулҳ расиданро мекарданд.

Хулоса дар ҳамин давра роҳбарони Афғонистон ибрози омодагӣ карданд, ки сарварони ҳарду ҷинои даргирро боз як бори дигар дар кишварашон, ин дафъа дар шимоли он, пазируфта гуфтушунидҳоро ба як натиҷаи дилхоҳ оварда асноди омодашударо роҳбарони ҷонибҳо баъдан дар Маскав ба имзо бирасонанд. Русия низ ибрози омодагӣ кард, ки дар нимаи дуввуми декабри соли 1996 мизбони мулоқоти навбатии мухолифин дар сатҳи олӣ шавад.

Боғи Ширкат Рӯзи ҳиҷратро ҷашн мегирад

7-уми декабри соли 1996. Минтақаи Боғи Ширкати вилояти Қундуз. Урдугоҳи муҳоҷирини тоҷик. Имрӯз муҳоҷирини тоҷик аз ҳаррӯза дида сертарадудтаранд. Ин бе сабаб нест. Аввало онҳо чун сесоли қабл, ки ҳамасола дар ин рӯз солгарди нахустин рӯзи муҳоҷирати худро ба Афғонистон ёд мекарданд, саъй доранд то аз ин рӯз таҷлил намоянд.

Маҳз дар ҳамин рӯзи 7-уми декабри соли 1992 як гурӯҳи калони аҳолии навоҳии Шаҳритӯсу Қабодиён, ки аз тарси қатли ом шудан ва ба умеди пуштибонӣ ёфтан аз марзбонҳои рус (он замон марзи Тоҷикистону Афғонистонро марзбонҳои Русия ҳифз мекарданд) қариб як моҳ буд, ки ба дохили минтақаи сарҳадӣ паноҳ бурда буданд, баъди ба болои онҳо бе мамониат ҳамла кардани як гурӯҳи силоҳбадастони маҳаллии аз сӯйи нирӯҳои вижаи мақомоти интизомии кишвари Ӯзбекистон тақвиятёфта барои халосии ҷони худ ва пайвандонашон дар зери борони тири тӯпу туфанг бори аввал маҷбур ба убури дарёи Омӯ шуданд.

Барои чӣ бори аввал? Барои он бори аввал, ки баъдан дар имтидоди хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангиру Панҷ низ ин ҳамлаҳо то охири моҳи декабри ҳамон сол болои мардуми бесилоҳи дар сарҳад ҷамъомада яке паси дигаре идома ёфтанд ва мардуми бехонумон (манзилҳои аксарияташон аллакай оташ зада шуда буданд) маҷбур шуданд аз дарёи Омӯ гузашта ба хоки Афғонистон паноҳанда шаванд.

/images/stories/2011/11/08_sulh_hadya_12_2.jpgИмрӯз маротибаи чаҳорум буд, ки дар Афғонистон Рӯзи ҳиҷрат миёни муҳоҷирони тоҷик қайд карда мешуд. Маъракаи имсола аз чорабиниҳои се сол пеш бо он фарқ мекард, ки он дар арафаи мулоқоти таърихии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, ки дар назар буд рӯзи 9-уми декабр дар Бандари Шерхон баргузор гардад, сурат мегирифт. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳанӯз дар Эрон буд.

Тибқи хабарҳои расида устод Нурӣ бо ҳамроҳии дигар иштирокчиёни ин мулоқоти дар сатҳи олӣ, азҷумла Давлати Усмон, муовини раҳбари ИНОТ, устод Отахон Латифӣ, Раиси Маркази ҳамоҳангсози нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ, Ҷумъабой Ниёзов, Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназаров, муовини раиси ҲДТ, Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, узви раёсати олии Ҳаракати НИТ ва боз чанд нафар дигар мебоист субҳи ҳамин рӯзи 7-уми декабр аз шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути ҳавопаймои СММ рост ба Қундуз парвоз мекарданд.

Муовини Сайид Абдуллоҳи Нурӣ домулло Муҳаммад Қосими Раҳимзод, ки ҳамзамон дар сохтори маъмурии ҲНИТ вазифаи раиси Кумитаи молиро ба ҷо меовард, ин дафъа дар ғайби устод Нурӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода буд, ки маъракаи Рӯзи ҳиҷрат, ки имсол бо ширкати меҳмонони олиқадр баргузор мегардид, дар сатҳи хеле хуб таҷлил шавад. Тамоми масоили иқтисодии маърака ҳалли худро пайдо карда буд. Дар ин кор Кумитаи муҳоҷирин бо роҳбарии мавлавӣ Ҳақназари Ғоийбназар саҳми худро гузошта буд.

Муҳоҷирин дар орзуи дидор бо ҳамватанон

Ин кумита барои меҳмононе, ки ҳамроҳи устод Нурӣ меомаданд, дар шаҳри Қундуз бо дарназардошти чораҳои амниятӣ қароргоҳи хуберо бо тамоми шароити имконпазир муҳайё карда буд. Кумитаи фарҳанг ва Кумитаи Иршод ва таълим низ бахшида ба ин рӯз ва ташрифи меҳмонон барномаҳои рангинеро омода карда буданд, ки намоиши бархе аз онҳо бо ширкати толибилмони мадрасаҳои ҲНИТ дар Майдони ҳавоии шаҳри Қундуз ҳангоми расидани ҳавопаймои ҳомили устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш бояд оғоз мегардид.

Хабари дар Машҳад ба мақсади Қундуз ба ҳаво хестани тайёраи СММ-и ҳомили устод Нурӣ ва ҳамраҳонаш соатҳои 11-12-и пеш аз зӯҳр дар урдугоҳи Боғи Ширкат паҳн шуд. Домулло Абдулҳай, масъули таълиму тарбияи бачаҳои муҳоҷир ва Эшони Давлатхӯҷаи қумсангирӣ, раҳбари Кумитаи Иршоди ҲНИТ толибилмонеро, ки ба хотири омадани устод Нурӣ ва меҳмонон барномаи вижаеро таҳия карда буданд, ба мошинҳо савор карда роҳи Майдони ҳавоии Қундузро пеш гирифтанд.

Ба ғайр аз онҳо боз аз ҷумлаи муҳоҷирини тоҷик нафарҳои зиёде барои хайра мақдам гуфтани меҳмонон ба фурӯдгоҳи Қундуз рафтанд. Бояд гуфт, ки агарчанде хатти парвози Майдони ҳавоии Қундуз дар ҳолати бад набуд, вале хадамоти фурӯдгоҳ дар он ҷо фаъолият намекард. Чунин хадамот аслан вуҷуд надошт. Ҳаминаш хуб буд, ки гирду атрофии онро симхор печонда буданд ва ҳайвонҳо наметавонистанд вориди хатти парвоз шаванд.

Як тарафи майдони ҳавоӣ майнкорӣ шуда буд, ки ҳатто паррандаҳо аз нишастан ба гиёҳҳои ин мавзеъ худдорӣ мекарданд. Тайёраҳое, ки мақсади дар ин фурӯдгоҳ поин шуданро медоштанд, гуфтан мумкин аст, ки таваккал бар Худо карда поин мешуданд. Аз ҳамин сабаб ба ин фурӯдгоҳ ҳавопаймоҳо кам парвоз мекарданд. Хулоса соат аз чори баъди зӯҳр ҳам гузашт, вале аз ҳавопаймоӣ устод Нурӣ дарак набуд.

Дар байни пешвозгирандагон намояндаи дафтари СММ дар Қундуз шаҳрванди Тоҷикистон Шодавлат Шонусайриев ном як ҷавони бадахшӣ, буд ки ӯро аксарият мешинохтанд. Чун сабаби таъхири ҳавопайморо масъулини ҲНИТ аз ӯ пурсон шуданд, посух дод, ки ҳавопаймо ба иллати халали фаннӣ дар Майдони ҳавоии Шинданд, 180-километрии шаҳри Ҳирот ба замин фаромадааст. Баъди бартараф кардани ин нуқсон ҳавопаймо ба роҳи худ идома хоҳад дод. Чун зимистон буд ҳаво тез торик мешуд, мардум ҳама ба манзилҳои худ, ба урдугоҳи муҳоҷирин баргаштанд.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi