09:43:09 12-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Қисмати аввал > Қисмати дуввум > Қисмати саввум > Қисмати чаҳорум

 
«Сиёсати НИТ дар қиболи Русия чӣ гуна бошад?»

Ба мавқеъ аст бигӯем, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ҳалли қазияи Тоҷикистон ба нақши Русия аҳамияти хеле калонро қоил буд. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки бе дарназардошти манофеи Русия дар минтақа ба ҳадаф расидани мо хеле мушкил хоҳад буд, аниқтараш номумкин хоҳад буд.

/images/stories/2011/07/19_sulh-hadyai-khudo_111.jpgВале бо вуҷуди ин ба хотири гирифтани як тасмими дурусти ниҳоӣ ҳамагӣ як рӯз қабл аз мулоқот бо намояндаи вижаи Раиси Ҷумҳури Русия бо ибтикори Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар дафтари марказии ИНОТ, дар шаҳри Толуқони вилояти Тахори Афғонистон машварати таҳлилгарони масоили сиёсии НИТ дар мавзӯи «Сиёсати НИТ дар қиболи Русия чӣ гуна бошад?» баргузор гардид.

Дар ин машварат, ки таҳти раҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гузашт, соҳибназарон дар масоили сиёсӣ Давлат Усмон, Холиди Абдусалом, Бобоҷони Шафеъ, Муҳаммадалии Ҳайит, Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода ва муаллифи ин сатрҳо андешаву нуқта назарҳои худро пиромуни ин масъала иброз намуданд. Хулосаи устод Нурӣ аз ин машварат низ ҳамин буд, ки раванди сулҳи тоҷикон бе дар назардошти манофеи Русия дар минтақа наметавонад натиҷаи дилхоҳро ба дунбол дошта бошад. Акнун бармегардем бар мулоқоти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Евгений Михайлов.

Дар ин мулоқот аз ҷониби оппозитсион Давлати Усмон, ки ҳамагӣ панҷ рӯз пеш аз сӯи Фармондеҳи Олии Артиши НИТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раиси Ситоди Марказии АНИТ таъин шуда буд, ширкат кард. Дар ҷараёни ин мулоқот намояндагони ҳукумати Тоҷикистон Зафар Икромов ва Ҳамрохон Зарифов ба раҳбарияти ИНОТ пешниҳод карданд, ки барои ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ кардан дар масъалаи таъмини риояи созишномаи оташбас ва ҳаллу фасл кардани баъзе масъалаҳои мубрам, ки ногаҳонӣ буруз мекунанд, хуб мешуд, ки ба дохили Тоҷикистон як ҳайати баландпояи сиёсиву низомӣ фиристода шавад.

Ва ин ҳайат дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҳамтоёни худ аз ҳукумат метавонист корҳои муфидеро дар роҳи қатъи ҷанг ва барқарории Сулҳу субот анҷом бидиҳад. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамон вақт изҳор карда буд, ки ин пешниҳоди ҳукуматро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод ва натиҷаашро тавассути каналҳои созмонҳои байналмилалии миёнҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон маълум хоҳад кард.

Қумандонҳо ҳам эъзоми чунин як ҳайатро мехоҳанд

Бори дигар Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пешниҳоди ба дохили кишвар фиристодани як ҳайати баландпояи сиёсиву низомиро дар сӯҳбат бо ҳамраиси комиссиони муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас Ҷалолиддин Маҳмудов ва фармондеҳи кулли минтақаи Қаротегин Мирзохӯҷа Низомов шунид. Бояд гуфт, ки расо ду рӯз баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳи Ғарм, яъне 18-уми сентябри соли 1996 бо мусоидати ҷониби ҳукумат Мирзохӯҷа Низомов, Ҷалолиддин Маҳмудов ва ҳамчунин ҷонишини Мирзохӯҷа Низомов, шодравон Сироҷиддин Давлатов ба шаҳри Толуқони Афғонистон омада аз натоиҷи гуфтушуниди хеш бо ҳайати ҳукуматӣ ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ахборот доданд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ворид кардани баъзе иловаҳо, аз ҷумла риоя шудани созишномаи оташбас дар Тавилдара ва дар муддати 20 рӯз аз сар гирифта шудани гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон аз сӯи ҳайатҳои музокиракунанда созишномаи Ғармро таъйид намуд. Маҳз дар ҳамин мулоқот Мирзохӯҷа Низомов ва Ҷалолиддин Маҳмудов бори дигар ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пешниҳод карданд, ки ҳайати баландпояи сиёсиву низомиеро бо мақсади ҳамкорӣ кардан бо мақомоти марбутаи ҳукумат дар масъалаи риояи созишномаи оташбас ба дохили кишвар ба минтақаи таҳти нуфузи размандагони оппозитсион бифиристад. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин пешниҳодро қобили қабул донист ва ба Ҷалолиддин Маҳмудов супориш дод, ки ин масъаларо бо намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва ҷониби ҳукумат ҳал намоянд.

Толибон вазъро ба куллӣ тағйир медиҳанд

Вазъияти Афғонистон торафт муташанниҷ мегардид. Гурӯҳи Толибон ба дарвозаи Кобул наздик шуда буданд ва ба ҳар баҳона аз гуфтушунидҳои Сулҳ бо ҳукумати Раббонӣ сарпечӣ мекарданд. Онҳо худро омодаи суқут додани ҳукумати профессор Раббонӣ карда буданд. Ҳукумати Раббонӣ бошад эҳтиёҷ ба таҳкими нерӯҳои низомиаш дошт. Ниёзманди кӯмакҳои низомиву сиёсии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон буд. Давлатҳои номбурда дар назди ҳукумати Раббонӣ шарт гузошта буданд, ки агар мехоҳад кӯмакҳои онҳоро дарёфт кунад, бояд муносибати хешро бо мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хоки Афғонистон ҳастанд, тағйир бидиҳад. Аниқтараш пойгоҳҳои низомии онҳоро барҳам дода, нагузорад, ки онҳо аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла кунанд.

Рӯзи 10-уми августи соли 1996 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба Кобул сафар кард ва дар мулоқоташ бо президенти Афғонистон ин ҳама суханонро оиди вазъи Афғонистон аз забони худи Раббонӣ шунид. Ҳангоми мулоқот Раббонӣ хоҳиш намуд, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳарчи тезтар нерӯҳояшро аз Афғонистон берун бикашад, ё барҳам бидиҳад ва бо ҳукумати Тоҷикистон қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл намояд. Президенти Афғонистон тӯли солҳои мавҷудияти муҳоҷирин ва муҷоҳиддини Тоҷикистон дар хоки Афғонистон бори аввал буд, ки бо ин оҳанг бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ сухан мегуфт. Раиси Ҷумҳури Афғонистон аз таҳдиди Толибон ҳарф зад ва гуфт, ки ин гурӯҳ на танҳо аъзои кабинаи ӯ, балки ҳукуматҳои давлатҳои тамоми минтақаро ба ташвиш овардааст.

Шӯрои Ҷиҳодии ҲНИТ

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз Кобул ба Толуқон рӯзи панҷшанбеи 15-уми август баргашт ва худи ҳамон рӯз эълон кард, ки Шӯрои Ҷиҳодии Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба рӯзи шанбеи 17-уми августи соли 1996 даъват карда мешавад ва барои ширкат кардан дар кори он ҳамаи роҳбарони ҲНИТ, ки дар хориҷ аз Афғонистон зиндагӣ мекарданд, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода хабардор шуданд.

/images/stories/2011/07/19_sulh-hadyai-khudo_222.jpg

Шӯрои Ҷиҳодии ҲНИТ дар рӯзи таъиншуда ба кори худ шурӯъ кард. Муовини аввали раҳбари ҲНИТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар номаи худ ба роҳбари ҲНИТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сабабҳои ширкат накарданашро дар ин ҷаласа шарҳ дода буд, ки онҳоро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ узрнок номид. Муовини дигари раҳбари ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода рӯзи панҷуми кори Шӯрои Ҷиҳодӣ ба он ҳамроҳ шуд. Ин ҷаласаҳои Шӯрои Ҷиҳодии ҲНИТ аз ҷаласаҳои қаблии ин танзими низомӣ –сиёсӣ ба куллӣ фарқ мекарданд.

Дар суханрониҳои худ ҳамаи аъзои ШҶ онро сарнавиштсоз номиданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар маърӯзаи худ вазъияти дохиливу берунии Тоҷикистону Афғонистонро амиқан ба риштаи таҳлил кашида хулоса намуд, ки то расидани фасли сармо тамоми пойгоҳҳои боқимондаи низомии мухолифин, ки дар Афғонистон ҳастанд, ба дохили Тоҷикистон, ба минтақаҳое, ки таҳти нуфузи нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсион қарор доранд, интиқол дода шаванд. Инро ҳам вазъият ва ҳам ҳукумати Афғонистон талаб намуда истодааст.

Дар Тоҷикистон низ барои анҷом гирифтани чунин кор тадриҷан шароит мусоид шуда истодааст, зеро баъзе аз манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ба назорати размандагони оппозитсион даромадааст. Масалан, як рӯз пеш аз оғози кори ҷаласаи нахустини Шӯрои Ҷиҳодӣ хабар расид, ки ноҳияи Тавилдара боз ба контроли нерӯҳои Мирзо Зиёев даромад. Дар дигар ноҳияҳои кӯҳистони Шарқи Тоҷикистон низ ба ҷуз марказҳои ноҳияҳо дигар манотиқи навоҳӣ амалан дар таҳти назорати муҷоҳиддин қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Шӯрои Ҷиҳодӣ, ки қариб як ҳафта давом карданд, бо гирифтани чораҳои шадиди амниятӣ доир мешуданд. Бори аввал буд, ки биноҳои ҷои гузаронидани ҷаласаҳо ҳар рӯз иваз мешуданд. Вале бо вуҷуди гирифтани чунин чораҳои амниятие, ки мақсади асосӣ аз он роҳ надодан ба ифшои роз буд, рӯзи чорум ё панҷуми ҷаласа хабари баргузории он аз шабакаи аввали радиои Тоҷикистон пахш гардид.

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.07.2011 11:45
БИСМИЛЛОХИР РАХМОНИР РАХИМ
БА ХАМАГОН , ЧОНБОЗИХОИ ДАВЛАТИ УСМОН, МУХАММАДАЛИИ ХАИТ, ЧАЛОЛИДДИН МАХМУДОВ НЕЪМАТУЛЛОИ БИЛОЛ, СУЛТОНИ ХАМАД, НАВИД ВА ГАЙРА маълум АСТ. ИНЧУНИ ДАР ШУМОРАХОИ НАЧОТ РОЧЕЪ БА СУЛХ СУЛТОНИ ХАМАД ШАХСИ БУЗУРГ НАВИШТА ИСТОДААСТ.

ХУБ МЕШУД ШУМО РУЙХАТИ ИН АФРОД ВА ДИГАР АЪЗОИ КОМ ДАР СОМОНААТОН ЧОП НАМУДА АЗ ХУКУМАТ БАХРИ ОНХО МУКОФОТ ТАЛАБ НАМОЕД. ИН МУКОФОТ БА ОБРУВУ ЭЪТИМОДИ ОНХО ЯГОН ЗАРРА МАНФИАТ НАМЕОРАД, ЛЕКИН ХИЗМАТИ ИН АШХОСИ БУЗУРГРО ХАЛК ХОХАНД ФАХМИД..

БО ЭХТИРОМ СУХРОБ ОЛИМОВ,
ШАХРИ КУРГОНТЕППА
ДОНИШЧУ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi