00:03:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД

Қисмати дуввум > Қисмати саввум > Қисмати чаҳорум > Қисмати панҷум

Марзбонҳои русу афғон алайҳи размандагони ИНОТ

Ҳукумати Тоҷикистон аз нияти ба дохили кишвар кашида шудани тамоми пойгоҳҳои низомии ҲНИТ бохабар гардид. Ҳамин буд, ки рӯзи якшанбеи 15-уми сентябри соли 1996 дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ байни марзбонҳои Русия ва Давлати Исломии Афғонистон мувофиқатномае ба имзо расид, ки тибқи он марзбонҳои Афғонистон ӯҳдадор шуданд, ки нагузоранд муҷоҳиддини тоҷик ба минтақаи амни 25 километрии назди марзи тоҷику афғон ворид шаванд.

/images/stories/2011/08/03_ustod-rabboni_3.8.2011.jpgМувофиқатнома аз ҷониби муовини сардори отряди марзбонҳои Хоруғ полковник Ҷалилов ва комиссари марзии улусволии Шуғнони ДИА подполковник Баҳромбек ба имзо расид. Дар маросими имзогузории мувофиқатнома намояндагии се давлат: муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифов, намояндаи Русия Генадий Сизов, раҳбари марзбонони рус дар Тоҷикистон Павел Тарасенко, сафири ДИА дар Тоҷикистон Саидиброҳими Ҳикмат, муовини сарвазири Тоҷикистон А.Поносов ва раиси комиҷроияи ВМКБ А.Ниёзмуҳаммадов ҳузур доштанд.

Айнан ҳамин гуна мулоқот рӯзи 18-уми сентябр дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ Тоҷикистон байни роҳбари марзбонҳои Русия дар Тоҷикистон Павел Тарасенко ва фармондеҳи марзбонҳои афғон дар самти Бадахшони Афғонистон Саид Наҷмуддинхон барпо гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳудуди Афғонистон минтақаи амни 25 километрӣ эҷод шавад, то муҷоҳиддини тоҷик натавонанд аз хоки Афғонистон вориди Тоҷикистон гарданд.

Бояд гуфт, ки ин қарордодҳо барои марзбонҳои рус то андоза натоиҷи дилхоҳашонро ба бор овард. Дар  тӯли чор соли дар Афғонистон будани нерӯҳои мусаллаҳи оппозитсиони тоҷик ин бори аввал буд, ки нерӯҳои марзбонии Афғонистон барои аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудани размандагони ИНОТ мамониат эҷод мекарданд. Онҳо ҳатто кӯшиш мекарданд, ки размандагони оппозитсияро халъи силоҳ намуда сипас онҳоро ба дасти марзбонҳои рус диҳанд. 

Маҳз дар ҳамин давра беш аз сӣ нафар қумандон ва размандаи ИНОТ дар ҳамин минтақа беному нишон бедарак гардидаанд ва то ба имрӯз тақдири онҳо чи шуд касе намедонад. Дар он ҷойҳое, ки қудраташон ба халъи силоҳ кардани размандагони оппозитсион намерасид, сарҳадбонони афғонӣ аз марзбонҳои рус дархости кӯмак мекарданд. Ё худ мавқеъҳои буду боши размандаҳои мухолифини тоҷикро ба онҳо иттилоъ медоданд ва марзбонҳои рус дар навбати худ он ҷойҳоро гулӯлаборон мекарданд.

Маҳз дар ҳамин давра дар расонаҳои хабарии ҷаҳон иттилое пахш шуд, ки тибқи он гӯё раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зидди исмоилиёни Афғонистон ҷиҳод эълон карда будааст ва Мирзо Зиёев низ ӯро дастгирӣ намуда дар Тавилдара алайҳи исмоилиёни он ҷо ҷангҳои шадид бурдааст. Ба хотири нақши рӯи об кардани ин нақшаҳои идораҳои ҷосусии баъзе аз мамолики минтақа устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳон суханронӣ намуда ин овозаҳоро дасиса номида аз қумандонҳои номдори бадахшонӣ ном гирифт, ки дар роҳи мубориза ҷонфидоиҳо карданд.

Ӯ аз аввалин сафари хеш ба Аврупо, ки бо даъвати аълоҳазрат Имоми замон Ҳусайн-ал-Карим Оғохони IV пайваста буд, ёдовар шуд. Тақрибан ҳамин гапҳоро, вале бо дигар тарз, ба расонаҳои хабарии ҷаҳон инчунин узви дигари раёсати ИНОТ, раиси созмони «Лаъли Бадахшон» Амирбеки Атобек дар баёнияи хеш изҳор дошт. Дар ин миён маҳз  дар ҳамин шабу рӯз дар  Афғонистон ҳодисае рух дод, ки ҷаҳонро такон дод.

Суқути шаҳри Кобул ба дасти гурӯҳи Толибон

Рӯзи ҷумъаи 27-уми сентябри соли 1996 расонаҳои хабарии ҷаҳон дар бораи суқути шаҳри Кобул ба дасти гурӯҳи Толибон иттилоъ пахш намуданд. Ин хабар раҳбарияти дар Афғонистон будаи ИНОТ-ро хеле ҳам ҳайрону ошуфтахотир намуд. Зеро онҳо касеро аз раҳбарияти баландпояи  ин гурӯҳ шахсан намешинохтанд ва чи гуна дар оянда сурат гирифтани муносибатҳо бо онҳо номаълум буд. Ҳама дар интизори он буданд, ки раҳбарони аз пойтахт фирории Афғонистон  кай ва чӣ гуна аз худ дарак медиҳанд ва чӣ мегӯянд.

Вале ба ҳеҷ ваҷҳ интизор набуданд, ки яку якбора се раҳбари Афғонистон, ки чанде пеш байни худ душманӣ меварзиданд, яъне Раиси Ҷумҳурии ДИА, профессор Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ сарвазири ДИА Гулбиддин Ҳикматёр ва раиси Ҳизби Иттиҳоди Исломии Афғонистон  Абдураб Расули Сайёф, ҳамагӣ як ҳафта баъди суқути шаҳри Кобул, яъне 04.10.96 ба ҳайси паноҳанда дар кишвари худ намози ҷумъаро дар масҷиди ҷомеъи маркази вилояти Тахор шаҳри Толуқон ҳамроҳ бо раҳбарияти муҷоҳиддини тоҷик мехонанд. 

Басо рамзнок аст, ки маҳз ҳамин се нафар, яъне Раббонӣ, Ҳикматёр ва  Сайёф яке аз асосгузорони Наҳзати Исломии Афғонистон дар солҳои 60-уми асри гузашта ба шумор мерафтанд. Дар замони дар сари қудрат будани Муҳаммад Довудхон (1973-1978) онҳо чанд муддат муштаракан алайҳи ӯ мубориза бурданд. Баъдан ихтилоф миёни онҳо рух дод ва ба се ҳизб ҷудо шуданд ва ҳар кадом дар раъси як ҳизб монданд.

Профессор Раббонӣ масъулияти раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр раисии Ҳизби Исломии Афғонистон ва Абдураб Расул Сайёф раиси Ҳизби Иттиҳоди Исломии Афғонистонро ба ӯҳда гирифтанд ва дар замони ҷанги шӯравиҳо алайҳи Артиши Сурх боз ҳамроҳ ҷангиданд. Баъди ба қудрат расидани муҷоҳиддин ихтилофи байни онҳо аз сари нав тавсиъа ёфт ва ин мухолифат то ба он дараҷа шиддат гирифт, ки миёни тарафдорони онҳо хунрезиҳои шадиде ба вуқӯъ мепайваст.

Касе аз аъзои як ҳизб наметавонист озодона ба минтақаи таҳти нуфузи ҳизби дигар биравад. Масалан агар Раббонӣ дар марказ, яъне Кобул ва атрофи он қудратро ба даст дошт, Ҳикматёр дар Чоросиёб, Абдураб Расул Сайёф дар Лағмон ҳукмронӣ мекарданд. Вале хатари гурӯҳи Толибон онҳоро боз ба як муддати муайяне муттаҳид сохт. Ҳеҷ кори Илоҳӣ бе ҳикмат нест.

Шояд  ҳикмати дар Толуқон боз якҷо шудани онҳо ҳамин бошад, ки Худованд барояшон якбори дигар фурсат дод, то андеша кунанду ба хулосае биёянд, муттаҳид шаванд ва барои аз вартаи ҳалокат раҳо додани кишвари ҷангзадаашон Афғонистон ва мардуми он кӯшишҳо ба харҷ бидиҳанд. Ба ҳар ҳол он рӯз дар намози ҷумъа  ҳарсеи ин шахсияти хеле маъруфи Афғонистон дар мавъизаҳои  худ бештар аз хавфи Толибону дастнишондаи Покистон будани онҳо  ҳарф заданд ва мардумро даъват карданд, ки ба мубориза алайҳи Толибон омода бошанд.

Хитобаи профессор Раббонӣ ба устод Нурӣ

Раҳбарияти ИНОТ, ки бо чунин суръати баланд тағйир хӯрдани авзои сиёсиву низомии Афғонистонро ҳеҷ интизор набуданд, моту ҳайратзада суханрониҳои соҳибони саргардони ин кишвари ҷангзадаро гӯш мекарданд ва нахустин лаҳзаҳои ҳиҷрати хешро чун навори синамо пеши рӯ меоварданд. Худи ҳамон рӯз дар Хустдеҳи дараи Фархори Афғонистон мулоқоти раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ин се сиёсатмадори Афғонистон баргузор гардид.

Дар ин сӯҳбат бештар устод Раббонӣ ҳарф мезад. Ҳатто Абдураб Расули Сайёф, ки бисёр шеърхону шеърдӯст буд ва шӯхиву мутоибаро дӯст медошт, имрӯз камтар майл ба сухан гуфтан мекард. Мухотаби устод Раббонӣ низ умдатан устод Нурӣ ба шумор мерафт. Ӯ хитобан ва мукарраран ба устод Нурӣ мегуфт: «Устод Нурӣ, он кореро, ки мо кардем, Шумо накунед.

Мо агар дар ҷанг ғолиб будем, дар сулҳ нокомем. Наҷоти Шумо ва мо ҳам дар сулҳи Шумо ҳаст. Бо ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмонуф Шумо ҳатман ба тавофуқ хоҳед расид, ҷаноби оқои Раҳмонуф ҳадди ақал ватанашро дӯст медорад, миллаташро дӯст медорад. Ҷаноби оқои Раҳмонуф фарҳанги моро дорад. Ватан дар мадди аввал аст, устод Нурӣ. Ақидаву арзишҳои дигари воло дар мадди дуввум.

Бе Ватан ҳадафҳои олиро дар куҷо ҷомаи амал мепӯшонед? Шумо аввал соҳибватан бошед! Ватанатонро аз даст надиҳед! Ман медонам, ки ҷаноби оқои Раҳмонуф ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар душманони зиёд дорад. Истиқлоли Ватани Шуморо бисёриҳо намехоҳанд. Шумо агар якҷо нашавед, эҳтимоли аз даст рафтани Ватани Шумо ҳам дур нест».

(Идома дорад)

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi