06:21:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муаррифии имконоти иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар Олмон

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар радифи беш аз 50 сафоратхона ва 60 созмони ғайридавлатӣ дар чорабинии анъанавии рӯзи дарҳои кушоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, гӯшаи иттилоотию маърифатӣ созмон дода, имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии кишварро ба маърази тамошо гузошт.

Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон шарики боэътимоди кишвари мо дар пиёдасозии cиёсати рушди Олмон дар Тоҷикистон аст. Аз намоишгоҳи Тоҷикистон котибони давлатии парлумонии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳаннс Фухтел ва Томас Зилберҳорн боздид ба амал оварданд. Дар ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Таъмини босуботи маводҳои бофандагӣ» доир шуд, намояндагони кишварҳои гуногун иқтидори истеҳсолии худро муаррифӣ намуда, ҳавасмандиашонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Олмон изҳор доштанд.

Сафорати  Тоҷикистон дар ин чорабинӣ бо истифода аз захираҳои дохилӣ ба иштирокчиён ва меҳмонон маводҳои таблиғотӣ, сабтҳои аудиовизуалиро пешниҳод намуд. Инчунин ҳунари сарояндагии овозхони тоҷик Фахридини Малик ва муаррифии фарҳанги таомҳои миллии тоҷикӣ аз ҷониби ҳозирин бо самимият пазируфта шуд.

Мавриди зикр аст, ки Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шудааст, ки 7 фоизи буҷаи худро барои ҳамкориҳо бо мақсади рушд равона намояд. Дар буҷаи давлатии ин кишвар, ки чанде қабл Ҳукумати Олмон онро қабул намуд, барои ҳамкориҳои минбаъда дар бахши рушд бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ 7,5 миллиард евро пешбинӣ гардидааст. 

Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон барои тавсеаи ҳамкориҳо, бахусус таъмини босуботи Олмон бо интиқоли матоъ ва либосворӣҳанӯз моҳи июни соли гузашта консепсияи нави «Сиёсати нав нисбат ба Осиё»-ро муаррифӣ намуда буд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Олмон аз соли 2003 инҷониб дар самти сиёсати рушд ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Олмон дар ин муддат дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 254 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ расонидааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi