Сафорат хабари боздошти "подполковники тоҷик"-ро таҳқиқ мекунад
15.06.2015 10:39
809
Расонаҳои Русия навиштанд, гӯё як подполковники тоҷик ба иттиҳоми "педофилия" боздошт шудааст. Аммо сафорат гуфт, қазоват дар бораи ин ки нафари боздоштшуда тоҷик мебошад, ҳанӯз барвақт аст.
Тиҷорати Тоҷикистон ва Покистон ба 500 миллион доллар хоҳад расид
10.06.2015 23:28
681
Дар дидори раҳбарони Тоҷикистону Покистон масъалаҳои густариши тиҷорат, муборизаи муштарак бо терроризм ва тундгароӣ ва имзои қарордоди сеҷонибаи транзити амвол баррасӣ шуданд.
Ҳалокати муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар садама
08.06.2015 23:29
817
Муовини пешини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-майор Маҳмадсаид Ҷӯрақулов, дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Марк Зукерберг: "Ҳама бояд “Муқаддима”-ро хонанд"
03.06.2015 23:43
960
Мудири кулли Facebook Марк Зукерберг дар қатори китобҳои муҳим ба ҷомеаи фейсбукиён тавсия дод, рисолаи “Муққадима”-и таърихнигор ва мутафаккири араб Ибни Халдунро бихонанд.
Хуршед Муҳаммадзода фармондеҳи нави ОМОН шуд
02.06.2015 15:52
975
Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло фармондеҳи нави ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа полковник Гулмурод Ҳалимовро иваз кардааст.
60 000 сомонӣ ҷаримаи мушовири раиси ҲНИТ барои бисёрзанӣ
27.05.2015 21:28
987
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушовири раисиҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Саидиброҳими Назарро бо ҷурми бисёрзанӣ 60 000 сомонӣҷарима баст. Ин хабар шоми 27 май тавассути барномаи “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд.
38 корманди Оҷонсии зиддифасодро ба нафақа гусел карданд
27.05.2015 21:25
1078
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 26 май дар сомонааш хабар дод, ки 38 корманди ба синни бознишастагӣ расидаашро бо баргузории як ҷаласаи тантанавӣ ба нафақа гусел кардааст.
Сулаймонӣ: Ҷуз Эрон касе тавони муқобила бо "Давлати исломӣ"-ро надорад
27.05.2015 21:23
1073
Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ки ҷуз Эрон ҳеҷқудрат тавони муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро надорад.
Ҷевони 1500-доллара барои бӯстонсарои раиси идораи андоз
25.05.2015 01:17
1042
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти раиси идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ёқуб Салимов гуфтааст, боқии умрашро ба фарзандон мебахшад
20.05.2015 22:46
1050
Ёқуб Салимов, ки рӯзи 20 май ба синни 59 расид, дар дидори худ бо писараш Абӯбакр Салимов гуфтааст, баъди озодӣ аз зиндон қасди дигаре ба ҷуз мондан дар канори фарзандонро надорад.
"Ишқат чу Ватан дар дили ёрон бошад..."
20.05.2015 22:45
942
Инак 15 сол мешавад, ки ҳар 20 май ихлосмандону ҳаводорони шеъри Лоиқ Шералӣ, зодрӯзи ин шоири маъруфи тоҷикро бо дастагули шеъру таронаҳояш дар сари мазори ӯ таҷлил мекунанд. Агар умр вафо мекард, имрӯз шоир ба синни 74-солагӣ мерасид.
ВКД аз сокинон туфангча мехарад
20.05.2015 22:43
954
Тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ки имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, туфангчаву револверҳои травматикӣ аз дасти мардум ҷамъоварӣ шуда ва маблағи он аз суратҳисоби вижаи ВКД пардохт мешавад.
Даргузашти Аҳмад Алескеров - сармураббии собиқи "Помир"
20.05.2015 22:42
870
Сармураббии собиқи тими футболи “Помир”-и Душанбе дар синни 80 дар шаҳри Одессаи Украина аз олам чашм пӯшид.
22 сол ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли корфармо
18.05.2015 21:31
972
Иззатулло Неъматов, ки барои куштори Владимир Фукалов ва ёвараш - Димтрий Болшаков 22 сол зиндонӣ шуд, гуфтааст, дар ин ҷиноят даст надорад ва фақат таҳти фишор айбро ба гардан гирифтааст.
Ҳалокати чор сокини Бадахшон дар роҳ ба ҷанозаи модарашон
18.05.2015 21:28
843
Се узви як хонавода ҳамроҳ бо ронандаи "Ниссан", ки барои азогирӣ дар марги модарашон аз Душанбе ба Рӯшон мерафтанд, дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошин ҳалок шудаанд.