13:40:08 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Дастрасии бонувон ба захираҳои иқтисодӣ: натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ

«30 фоизи соҳибкорони кишварро бонувон ташкил медиҳанд». Ин матлабро Махфират Хидирзода- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни муаррифӣ ва натиҷагирӣ аз тадқиқоти сотсиологӣ оид ба арзёбии сиёсат дар самти амалисозии ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодии занон дар лоиҳаи «Гендер, соҳибкорӣ ва бозор» имрӯз дар Душанбе, дар суҳбати мизи мудаввар иброз дошт.

khidirova-985485787.jpgМавсуф зикр кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии иқтисодӣ ва иҷтимоии занони кишвар, хусусан дар минтақаҳои дурдаст маҳсуб меёбад. Дар ин самт, афзуд Махфират Хидирзода, Ҳукумати мамлакат якчанд барномаи давлатиро дар самти дастгирии занони соҳибкор, дастрасии онҳо ба захираҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳия намуда, амалӣ гардонида истодааст.

 Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Oxfam  дар Тоҷикистон аз оғози соли равон дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон- Вахш, Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод ва Фархор тадқиқоти сотсиологӣ дар мавриди арзёбии сиёсат доир ба амалисозии ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодии занон гузаронида шуд. Ҳадаф аз гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ дар панҷ навоҳии вилояти Хатлон, омӯзиши паҳлуҳои гуногуни дастрасии бештари занони маҳаллӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ, бозор, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ муайян намудани дурнамои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии занони ин минтақа маҳсуб меёбад.

Ба андешаи Фарида Муъминова-муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, ки тадқиқоти мазкурро дар мизи мудаввар муаррифӣ намуд, тадқиқот дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар он 521 нафар мусоҳибон ҳам мардҳо ва ҳам занон иштирок карданд. Аз рӯи меъёри синну сол 33%-ро шахсони 40-49 сола  ва 26%-ро 50-59 сола ташкил доданд. Аз шумори пурсидашудагон 19 фоиз аз 30 то 39 сола, 12 фоиз ҷавонони то 30 сола, ва 10 фоиз ашхоси солманди аз 60 боло буданд.

45% пурсидашудагон дорои маълумоти махсус ва 41% мусоҳибон  аз рӯи шуғл аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Зикр шуд, ки  11,9% пурсидашудагон аз қонунгузории амалкунандаи марбут ба бахши аграрии кишвар огоҳӣ надоранд. Ба 60 фоизи пурсидашудагон захираҳои обӣ дастрас буда, аксари пурсидашудагон то ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будан ба навъҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ сару кор доштанд. Ба ақидаи мусоҳибон барои пешбурди соҳибкорӣ дар деҳот дастёбӣ ба маблағгузорӣ, андозистонӣ, таъмини нерӯи барқ, мушкили нақлиётӣ ва ҷо доштани коррупсия, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, монеа эҷод менамоянд. Аксари  пурсидашудагон аз гирифтани қарз барои рушди соҳибкорӣҳарос доштаанд.

Таъкид гардид, ки барои дастрасии ҳар чӣ бештари занон ба захираҳои иқтисодӣ, дар минтақаҳо бояд марказҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, марказҳои бӯҳронӣ, таъмини бонувони соҳибкор бо қарзҳои фоизашон паст, ифтитоҳи ташкилотҳои  хурди қарзӣ, беҳтар намудани сатҳи дониш ва такмили касбияти онҳо зарур аст. Дар иртибот ба ҳалли мушкилот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон дар минтақаҳо гузаронидани  семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи дастурамалҳои ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии бонувон мусоидат менамояд, ба манфиати кор аст.

 Таъкид шуд, ки бо назардошти ҷой доштани мушкилот бонувон дар минтақаҳои дурдасти кишвар ба зироаткорӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, хизматрасонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва савдо машғуланд, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.

Дар фарҷом иштирокдорони мизи мудаввар доир ба дастарсии ҳар чӣ бештари бонувон дар минтақаҳо ба захираҳои иқтисодӣ ибрози назар намуда, дар ин самт тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.   

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi