05:37:52 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷамъбасти фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палов”

Рӯзи шанбеи гузашта дар Боғи Дӯстии Халқҳои пойтахти кишвар ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палов” баргузор гардид. Дар он намояндагон аз 32 шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар даври аввали озмун дар маҳалҳо  ғолиб дониста шуда буданд, иштирок карданд.

oshi-palov-5445

Субҳи барвақт дар атрофи пайкараи  муаллифи “Шоҳнома”-и ҷовидон Абулқосим Фирдавасӣ беҳтарин ошпазҳои ҷумҳурӣ ба мусобиқаи кӣ беҳтарин оши паловро хоҳад пухт пардохтанд. Дар пеши назари мардуми сершумор, ки бо як табъи болида ва чеҳраи кушод ба ин ҷашни дар ҳакикат миллӣ омада буданд, ошпазҳои беҳтарини кишвар ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.

Фестивал-озмун як мактаби бузургеро низ мемонд. Зеро иштирокчиёни он ба ин озмун бо тайёриҳои хуб омада буданд. Махсусан намояндагони вилояти Суғд ҳар кадом дар назди ҳуҷраҳои худ плакатҳоеро овезон карда буданд, ки дар онҳо тарзи тайёр кардани оши палови навъҳои гуногун навишта шуда буданд. Намояндагони шаҳри Душанбе бошанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варақаҳои хушрӯй таърихчаи оши палавро навишта ба ҳозирин тақсим мекарданд. 

Аксарияти иштирокчиёни озмун ҳозир буданд, ки ба дилхоҳ саволи меҳмонон посухҳои қаноатбахш бидиҳанд. Дар ҳақиқат, он рӯз дар Боғи Дӯстии Халқҳои Душанбе як фазои идона ҳукмфармо буд. Баъд аз он ки ҳакамон маззаи ҳамаи оши палови пухтаи ширкаткунандагон дар озмунро чашида  ғолибонро дар бахшҳои гуногун муаяйн карданд, боқимонда оши палов ба мардуме, ки тамошобин буданд ва хоҳиши хӯрдани таъом доштанд, ройгон дода шуд.

Ҳамин тариқ дар бахши “Ошпази беҳтарин” намояндаи шаҳри Хуҷанд Баҳодур Додобоев ғолиб дониста шуд. Шоҳҷоиза “Кафгири тилоӣ”, ки барои “Оши палови беҳтарин” дода мешуд, ба намояндаи шаҳри Қӯрғонтеппа Карим Ҳалимов, насиб гардид.

Дар чаҳорчӯбаи фестивал-озмун  дар як чанд бахши дигар низ сабқати ҳунармандон ва эҷодкорон баргузор гардид. Азҷумла дар бахши "Дастони моҳир" -Алишер Файзиев ва дар бахши "Ороиши дастархони беҳтарин" Отабек Бобоқулов аз ноҳияи Шоҳмансур ғолиб эълон шуданд.

Дар бахши "Сурудҳои ҳаҷвӣ" шаҳри Роғун, дар бахши "Ҳаҷвнигорӣ" ноҳияи Файзобод ва дар бахши "Рақси ошпаз" шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои ававал шуданд.

Хабарнигори “Рӯзгор” аз фестивал-озмун гузориши мусавваре омода сохтааст, ки онро ҳамакнун пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ мекунем.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi