02:02:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҷоизаи Рудакӣ дар 5 сол як бор супурда мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ на дар 2 сол, балки дар 5 сол як бор тақдим шавад.

joizai-rudaki_454451221.jpgҲукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ на дар 2 сол, балки дар 5 сол як бор тақдим шавад. Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ мегӯяд, масъалаи тамдиди мӯҳлати пешбарии асарҳо барои бурдани ин ҷоиза ҳоло баррасӣ мешавад. Вале аз ҳоло баъзе адибон аз ин таҳаввулоти эҳтимолӣ нороҳат шудаанд.  

Шоири халқии Тоҷикистон – Гулназар Келдӣ, муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ рӯзи 17 август ба мо гуфт, пешниҳоди ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди аз ду то панҷ сол расонидани мӯҳлати ҷамъбасти ин ҷоизаи давлатӣҳоло баррасӣ мешавад ва ҳанӯз қароре дар ин замина қабул нашудааст.

Ин ҷоизаи мӯътабари давлатӣ дар ду сол як бор ба муаллифони беҳтарин намунаҳои насру назми тоҷик ва ҳам меъморон тақдим мешуд. Вале солҳои охир дар сатҳи матбуот ва ҳам худи нависандаву шоирони тоҷик аз шакли интихоби асарҳои беҳтарин, шахсияти барандаҳо ва ҳам арзишмандии баъзеи онҳо ба ин ҷоизаи бонуфуз мавриди интиқод қарор дошт. Раиси нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим баъди интихоб шуданаш ба ин мақом 30 июни соли ҷорӣ дар як сӯҳбат бо мо гуфт, «мутаассиффона, дар ин 5 сол ман назму насри назаррасро надидам».

Гулназар Келдӣ мегӯяд, дар Русия ва баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсояи дигар ҳар сол ҷоизаҳои давлатӣ ба эҷодкорон тақдим мешавад ва ҳоло пешниҳод шудааст, ки таҷрубаи Русия, Ӯзбакистон ва Қазоқистону кишварҳои дигар дар ин масъала омӯхта шавад. Вай бо ишора ба мушкили чопу бозоргир шудани осори адабии нависандагони тоҷик мегӯяд: «Агар панҷ сол асар нависӣ ва баъди панҷ сол ба нашр ва барои панҷ сол ба ҷоиза пешниҳод кунӣ, як кори сангин хоҳад буд».  Нависандаи тоҷик Маҷид Салим, як узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, агар дар қоидаи кори кумитаи ҷоизаҳо тағйирот ворид шавад ва аз ҷамъбасти дусола ба панҷсола гузаранд, аҳли адаби тоҷик аз пуштибониву эҳтиром ба корашон бебаҳра мемонанд. 

Вай мегӯяд, беҳтар аст анъанаи ҳоло амалкунанд ҳифз шавад. Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1964 таъсис ёфтааст, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ тақдим мешавад. Маблағи ҷои аввали ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст. Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аз пуррақобаттарин мукофоти давлатӣ ба шумор меравад, ки бисёр адибонро барои пешниҳоди асар ба озмун ташвиқ мекунад. Ин ҷоизаро  маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мекунанд. Дар солҳои Шӯравӣ Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi