Акбари Саттор ба хок супурда шуд
Имрӯз, соати 10-и субҳ, дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор маросими ҷаноза ва бахоксупории Акбари Саттор, Раиси Иттиҳодияи Журналистони Тоҷикистон, ки дирӯз бар асари сактаи қалб ҷаҳони фониро падруд гуфта буд, баргузор гардид.
Намози ҷаноза дар масҷиди панҷвақтаи деҳаи Мортеппа бо ҳузури хешу таборҳо, ҳамдеҳагон, ҳамкасбон, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, нависандагону олимон, аҳли зиё ва ёру дӯстони марҳум гузорида шуд. Пеш аз он ки намоз хонда шавад, имом хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода дар амри маъруфи худ корҳои хубу шоистаи марҳум Акбари Сатторро тавсиф намуда ӯро азҷумлаи инсонҳои дорои ахлоқи ҳамида ва ҷавонмарди футувватпеша номид.
Раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор муҳтарам Сабзов низ дар суханронии худ Акбари Сатторро ҳамчун журналисте ном гирифт, ки дар ҳифзи манофеи моддиву маънавии на танҳо мардуми ҷумҳурӣ, балки мардуми ноҳия низ саҳми босазое дошт. Марги ӯро талафоти бузурге барои журналистикаи Тоҷикистон ва мардуми ноҳия хонд. Ӯ Акбари Сатторро як қаноти ҳукумати ноҳияи Ҳисор номид.
Ҳамзамон аз журналистон хоҳиш кард, ки дар инъикоси хабару воқеъаҳо аз адлу инсоф кор бигиранд. Дар саҳни масҷид ба ҳозирин шумораи махсуси рӯзномаи «Имрӯз Нюс»-ро, ки кормандони он пурра ба Акбари Саттор бахшидаанд, тавзеҳ доданд. Баъди гузоштани намози ҷаноза, ки бо имоматии Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода сурат гирифт, ҷасади марҳум Акбари Саттор дар оромгоҳи деҳаи мазкур, дар паҳлӯи қабри падараш ҲоҷӣҚурбоналӣ ба хок супорида шуд.
Парвардигоро, гуноҳҳояшро мағфират намову ғарқи раҳмату шоистаи ҷаннаташ кун! Ба бозмондагону пайвандонаш сабри ҷамил бидеҳ. Омин ё Раббалъоламин!
«Рӯзгор»