04:35:38 02-уми Июли 2025 сол
ВКД истирдоди "дасти рост"-и У.Қувватовро рад мекунад 22.01.2015 11:07 868
Мақомоти Тоҷикистон истирдоди Мақсуд Иброҳимов, яке аз ёрони раҳбари “Гурӯҳи 24” УмаралӣҚувватов аз Маскав ба Душанберо рад мекунанд. Аммо наздикони Иброҳимов иддао доранд, ки ӯро шаби 20 ба 21 январ ба Душанбе бурдаанд.
Бераҳмӣ... Мӯи сари Шабнамро кӣ тарошид? 22.01.2015 11:04 1034
Мижгона Латипова, як сокини 25-солаи Ёвон ба рабудан, латтукӯби бераҳмона ва ҳатто тарошидани мӯи сар ва абрӯвони дугонааш "аз рӯи хусумати шахсӣ" айбдор мешавад.Вақте овоза шуд, ки Шабнам гум шудааст, касе гумон намекард, ӯро шиноси худаш латту кӯб кардаву ...
Парвандаи нави зидди Зайд Саидов ба Додгоҳи олӣ супурда шуд 19.01.2015 20:56 885
Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз анҷоми парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов хабар дод. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии зиддифасод рӯзи 19 январ...
Б.Файзуллоев: "Вавилон"-ро пачақ карданианд 19.01.2015 20:54 1284
Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон-М” рӯзи 19 январ дар суҳбат бо мо гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳи иқтисодӣ, ки баҳси онҳо бо Кумитаи андозро ба фоидаи ин идораи давлатӣҳал кардааст, розӣ нест ва дар сурати бетағйир мондани ҳукм...
Ҷузъиёти латтукӯби ду ятим дар бозори "Назари нек" 19.01.2015 20:51 938
Ҷанозаи Зиёдбек, як ятими 17-соларо, ки дар пайи латтукӯб дар бозори “Назари нек”-и шаҳри Чкалов даргузашт, дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурдаанд. Эраҷи 16-сола, ки мағзи сараш осеб дидааст, то ҳол дар бемористон аст.
Нигина бо тасмими вазорат розист. Орзуву Мино - не 17.01.2015 11:46 1005
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орунбекзода рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо таассуф гуфт, фаъолияти овозхонҳои мустақил, онҳое, ки берун аз чатри гурӯҳҳои мавҷуд дар кишвар фаъолият мекунанд, аз назари вазорат дур мондааст ...
Ҳушдори Хайрулло Назаров ба "Абӯхолиди Кӯлобӣ" 17.01.2015 11:45 1215
Дар як навор бародари Нусрат Назаров, мулаққаб ба “Абӯхолиди Кӯлобӣ” аз ӯ хостааст, ҳамсару фарзандонашро соҳибӣ кунад. Ӯ мегӯяд, вагарна оилааш ҳамсари нав мегираду Холид - падари нав.
“Фароз”: Умаралӣ Қувватов ҳеч вақт бо мо набуд 17.01.2015 11:36 1102
Ширкати “Фароз” бо пахши изҳороте аз тамоми расонаҳо хостааст, УмаралӣҚувватовро дигар ба ҳайси масъули собиқи ин ширкат муаррифӣ накунанд. Онҳо мегӯянд, Қувватов ҳеч вақт ҳамроҳи онҳо набуд.
Нархи бензин дар Душанбе каме арзон шудааст 15.01.2015 21:55 1101
Дар ҳоле ки нархи нафт дар ҷаҳон дар ним соли охир 57 дарсад коҳиш ёфтааст, нархи бензину солярка дар Душанбе билохира ва он ҳам ҳудуди 15 дарсад пойин рафт. Коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, билохира дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Посухи ҳукумати Душанбе ба Асадулло Раҳмон 15.01.2015 21:50 984
Шаҳрдории Душанбе бо пахши изҳороте ҳарфҳои Асадулло Раҳмонро "хандаовар" номид. Раиси Кумитаи телевизион ва радио 5 рӯз пеш гуфта буд, беғаразии онҳоро додгоҳ собит намудааст.Шаҳрдории Душанбе бо нашри изҳороте ба муқобили ҳарфҳои Асадулло Раҳмон ...
10 фатвои зиддунақиз: Гӯшти малах - "ҳалол", Бобои барфӣ - "ҳаром" 15.01.2015 21:44 1223
Фатвои як рӯҳонӣ аз Арабистони Саудӣ, ки сохтани “одами барфӣ”-ро ҳаром ҳукм кардааст, мавҷи баҳсҳоро дар атрофи ин масъала барангехт.
Ҳимояти парлумон аз маркази барқу гармидиҳии нав 15.01.2015 21:41 1109
​Маркази барқу гармидиҳии нав, ки то ду соли оянда дар Душанбе сохта мешавад, талаби мардумро ба гармӣ ва нерӯи барқ 10 баробар бештар аз маркази феълӣ таъмин хоҳад кард.
Хадамот: "Кори Рустами Эмомалӣ дар соли 2014 олӣ буд" 14.01.2015 14:57 1014
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз кори раҳбари ин ниҳод - Рустами Эмомалӣ дар соли гузашта ситоиш карда ва онро хеле олӣ гуфтанд. Аммо худи Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст иштирок надошт.
Ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса 14.01.2015 14:55 976
Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи ҳакерҳое қарор гирифтааст, ки бо аз байн бурдани тамоми маълумоти нашршуда дар саҳифаи асосии сомона ...
“Салафия” ҷараёни экстремистӣ эълон шуд 13.01.2015 07:14 996
Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буд, ахиран бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст.Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар ...