"Изи" ветнамӣ дар парвандаи Зайд Саидов
Оҷонсии зиддифасод бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов айби нав эълон кардааст. Хиеп иддао дорад, "Тоҷикатлас"-ро аз ӯ ғайриқонунӣ гирифтаанд.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии созмони "Тоҷикистони нав" айби навбатӣ эълон кардааст. Ин шаҳрванди Ветнам, ки аз ӯ Хоанг Ван Хиеп ном бурда мешавад, иддао дорад, Зайд Саидов бо роҳи ғайриқонунӣ корхонаи "Тоҷикатлас"-ро аз ӯ гирифтааст.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи 10 март ба мо гуфт, ҳоло алайҳи нафари таҳти ҳимояташ бар асоси моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "тамаъҷӯӣ" айб эълон шудааст. Ӯ гуфт, "айбро нав эълон карданд ва мо аз пайи таҳқиқаш ҳастем. Вале бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин айб низ, мисли парванда ва иттиҳомоти қаблӣ, бофта ва сохта аст."
Вакили мудофеъ афзуд, ин айб тобистони соли 2013 алайҳи нафари таҳти ҳимояташ эълон шуда, аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рад гардида буд. Исҳоқ Табаров гуфт, "Шавкат Абдулхайров - додрасе, ки ҳукми 26 сол зиндони Зайд Саидовро элон кард, худаш ин айбро ғайриқаноатбахш гуфта буд. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, қазия ба Зайд Саидов иртибот надорад ва ба тафтишот фиристод."
Вай илова кард, дар ҳоле ки "Тоҷикатлас" ҳеч вақт дар ихтиёри Зайд Саидов набудааст, чигуна метавонист аз шаҳрванди Ветнам тамаъҷӯӣ кунад? "Корхонаи “Тоҷикатлас” ба Зайд Саидов ҳеч иртибот надошт ва ин корхона ба номи Дилшод Раҳимов расман сабти ном шуда буд. Онро Раҳимов аз Абдусамад Саидов, ронандаи Низомхон Ҷӯраев ва он ҳам баъди аз мақоми вазири саноати Тоҷикистон рафтани Зайд Саидов харидааст. Сипас Окушев -- шаҳрванди Қазоқистон соли 2007 ин корхонаро ба номи худаш сабти ном мекунад,"-таъкид дошт Табаров.
Аммо шаҳрванди Ветнам Хоанг Ван Хиеп ба оҷонсӣ шикоят бурдааст, ки гӯиё корхонаи “Тоҷикатлас” дар тобеияти корхонаи “Абрешим” буд ва онро Зайд Саидов бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтааст. Иддаои Хоанг Ван Хиеп ҳанӯз тобистони соли 2013 пайдо шуда, аммо ба далели дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов исботи худро наёфтанаш, аз байн рафта буд. Он вақт оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, ин шаҳрванди Ветнам иддао дорад, афроди Саидов таҷҳизоти корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо таҳдид ғасб кардаанд.
Вале Дилшод Раҳимов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо гуфта буд, танҳо нақши амакаш дар муомилоти атрофи “Тоҷикатлас” ин буда, ки Зайд Саидов дар харидан ва баъдан дар фурӯхтани ин корхона ба ӯ кумак кардааст. Худи Зайд Саидов иттиҳоми даст доштанаш дар ғасби “Тоҷикатлас”-ро радд карда гуфта буд, ин ҳама таъқибу боздошти ӯ ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли 2013 аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби марказгаро хабар дод, вале дар моҳи майи ҳамон сол, вақте аз сафари Аврупо бармегашт, дар фурудгоҳ боздошт шуд. Додгоҳи олӣӯро моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
«Озодӣ»