04:52:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шумори тоҷикҳои ҳалокшуда дар Қазон ба 6 нафар расид

Шумораи Бино ба маълумоти пешакӣ, дар сӯхтори бузурги шаби гузашта дар фурӯшгоҳи "Адмирал"-и шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шудаанд.

sukhtor-qazon_456665.jpgНамояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шоми 12 март ба мо хабар дод, ки шумори муҳоҷирони тоҷики ҳалокшуда дар сӯхтори шаби гузашта дар маркази тиҷоратии “Адмирал” дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, ба дастикам 6 нафар расидааст.  шаҳрванди Тоҷикистон ҳам қурбон шудаанд.

Иброҳим Аҳмад, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат дар Маскав дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар нимаи дуюми рӯз ҷасади боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Ӯ ин ду қурбонии охирро Ҳомидов Шокир Ҳомидович ва Асадулло ном фурӯшандаи атриёт дар бозори "Адмирал", ки исми хонаводагиаш ҳанӯз дақиқ нашудааст, ном бурд.

Иброҳим Аҳмад қаблан  рӯйхати 4 тоҷики ҳалокшуда дар сӯхтори бозори Қазонродар ихтиёри мо гузошта буд, ки аз 18 то 44 сол доштаанд:

Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраев, соли таваллудаш 15.06.1971, аз шаҳри Душанбе,

Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, соли таваллудаш 26.02.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ,

Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёев, с.Т. 04.11.1984, аз ноҳияи Рӯдакӣ,

Алишер Азизович Давронов, соли таваллудаш 08.11.1996.

Аммо наздикони Эмомалӣ Риёев ба мо гуфтанд, ки ӯҳанӯз дар байни онҳоест, ки баъди сӯхтори бозор нопадидшуда ҳисоб мешаванд ва ҷасадашро ҳанӯз пайдо ва шиносоӣ накардаанд.

6 ФОҶИА: Қосимҷон 6 фарзанд дошт, Алишер кор мекофт...

Қосимҷон Тӯраев, яке аз 5 тоҷики ҳалокшуда дар бозори "Адмирал" дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия 44 сол ва 6 фарзанд доштааст. Ин сокини маҳаллаи 102-юми Душанбе дар бозори "Адмирал" либос мефурӯхт ва замоне ҳалок  шуд, ки сақфи ин бозор дар аввалин дақиқаҳои сӯхтори шаби 11 март фурӯ рафт ва даҳҳо нафарро дар зери овораш гӯр кард.

Абдулҳамид Асоев, додарарӯси Қосимҷон рӯзи 12 март ба мо гуфт, Қосимҷон беш аз 10 сол боз дар Қазон кору зиндагӣ мекард ва зану 6 фарзандаш ҳам ҳамроҳи ӯ буданд: "Иттифоқан Қосимҷон чанд рӯз пеш модариашро ҳам барои муолиҷа ба инҷо оварда буд. Бехабар аз онки худаш гӯё модарашро ба дафни худ хабар карда бошад. хабари марги Қосимҷон модарашро сахт мотамзада кардааст ва ӯ мегӯяд, бояд ба ҳар василае ҷанозаи писарашро ба Тоҷикистон барад."

Вале мушкил, ба гуфтаи Абдулҳамид, дар муқаррароти ширкатҳои ҳавопаймоист, ки дар як парвоз аз ду тобут бештар намегиранд.  Ин дар ҳолест ки ҳалокати аллакай дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтори бозори "Адмирал" тасдиқ шудааст.

Алишер кор ҷустуҷӯ мекард...

Ҷавонтаринқурбонии тоҷики сӯхтори бозори Қазон Алишер Давронов ҳамагӣ 18 сол дошт. Абдулҳамид Асоев мегӯяд, Алишер дар ин бозор ҳатто кор намекард, балки ҳамон рӯз барои бори аввал ба ҷустуҷӯи ягон ҷои кор ба ин бозор омада буд. Низ бехабар аз онки бо пои худ ба истиқболи маргаш ба инҷо шитофтааст.

Ҷамъияти тоҷикони Тотористон мегӯяд, қарор кардаанд, ки ҷанозаи Алишер Давроновро дар қабристони мусалмонии Қазон бигӯронанд ва хешовандонаш барои ширкат дар дафни ҷанозаи вай аллакай дар роҳ ба сӯи Тотористон будаанд. Аммо ҷанозаи Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, яке дигар аз 5 қурбонии тоҷики сӯхтори бозхори "Адмирал"-ро, ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Гадоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Тотористон, бо нахустин парвоз ба Душанбе мефиристанд.

Изҳори ҳамдардии сафорат ба қурбониёни тоҷики сӯхтори Қазон

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони дастикам 5 қурбонии тоҷики сӯхтори шаби 11 март дар фурӯшгоҳи "Адмирал", яке аз бозорҳои бузургтарини Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёриҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорат рӯзи 12 март ба мо гуфт, хабари ҳалокати муҳоҷирони тоҷик ва он ҳам 5 нафар дар сӯхтори Қазон ҳамаи аҳли сафорати Тоҷикистонро сахт андӯҳгин кардааст: "Сафир Имомуддин Сатторов ба ҳамаи онҳое, ки азизони худро дар ин фоҷиа аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва ба консули Тоҷикистон дар Уфа амр дод, ки тамоми ёрии мумкинро ба наздикони қурбониён бирасонанд. Аз ҷумла мувофиқа шудааст, ки ҷанозаҳои ҳалокшудагонро тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бидуни ягон пардохт ба Ватан бирасонанд."

Оқои Эгамзод афзуд, "Қазон ва дар мамҷӯъ Тотористони аксаран мусалмоннишин яке аз маконҳои нисбатан хеле орому амн барои муҳоҷирони тоҷик ба шумор мерафт ва ба ин далел як ҷамъияти бузурге аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ дар ҳаминҷоро ихтиёр карда буданд."

"Таҳдид зиёд буд." Эътирофи раиси бозор

Молики бозори сӯхтаи "Адмирал" дар шаҳри Қазони Русия мегӯяд, ӯ чанд бор таҳдид гирифта буд, ки бозорашро хоҳанд сӯзонд. Ҳусейн Қаҳрамонов, мудири ширкати "Заря", ки саҳмияҳои бозори "Адмирал"-ро дар даст дорад, рӯзи 12 март ба шабакаи телевизионии Lifenews гуфт, ин таҳдидҳоро воқеъӣ гирифта буд ва ҳатто шумори муҳофизони бозорро зиёд кард: "Таҳдид мекарданд. Аммо намедонам, киҳо. Маҷбур будем, ба ғайри муҳофизон хешу табор ва нафарони наздикамро ҳам ба ҳифозати бозор ҷалб кунам. Шаби рӯз навбатдорӣ мекардем."

Фурӯшгоҳи "Адмирал", ки яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия буд, шаби 11 март ба коми оташ рафт. Бино ба гузоришҳо, сӯхтор 4 000 метри мураббаъ замини бозори "Адмирал"-ро фаро гирифта, мунҷар ба ҳалокати чандин нафар шудааст. 25 тани дигар, бовар меравад, ки зери овори бинои бозор монда, расман нопадидшуда ба шумор мераванд.

5 қурбонии тоҷик

Ҳикматуллоҳ Гадоев, раҳбари созмони тоҷикони ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия рӯзи 12 март ба мо гуфт, шумори танҳо тоҷикони қурбоншуда дар сӯхтори бозори "Адмирал"-и шаҳри Қазон ба 5 нафар расидааст. Ҳикматулоҳ Гадоев мегӯяд, "ин нафари панҷум Асадуллоҳ ном дошта, аз шаҳри Душанбест ва 22 сол дорад. Ҳамаи тоҷикони ҳалокшуда дар ин бозор дӯкон доштанд." Ӯ афзуд, 2 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон қарор доранд.

Бозори "Адмирал" яке аз бузургтарин бозорҳо дар Қазон ба шумор мерафт ва аз чанд қисмат - шӯъбаҳои фурӯши меваву сабзавот, маҳсулоти хӯрокворӣ ва либосу пойафзол - иборат буд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ин бозор  аз 200 то 300 нафар аз муҳоҷирони тоҷик машғули кор буданд. Онҳо асосан дар "Адмирал" дӯкон доштанд ваё ҳаммолӣ мекарданд.

Ҳикматуллоҳ Гадоев мегӯяд, аксари қурбониҳои тоҷик дар "Адмирал" дӯкондор буданд, чунки вақте баъди сар задани сӯхтор боми бозор фурӯ раафт ва даҳҳо нафар, асосан дӯкондорон ва муштариён дар дохилаш банд монданд ва қурбон шуданд.

Расонаҳои Русия мегӯянд, то кунун дар сӯхтори фурӯшгоҳи "Адмирал"-и Қазон, ки масоҳати 4 000 метри мураббаъро фаро гирифт,  5 нафар ҳалок ва 55 нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти изтирории минтақаи Приволже мегӯянд, то 25 нафари дигар зери овори бино боқӣ мемонанд.

Аммо Ҳикматуллоҳ Гадоев шумораи эълоншудаи қурбониёни сӯхтори "Адмирал"-ро дур аз ҳақиқат медонад: "Аз куҷо 5 нафар, вақте танҳо тоҷикҳо 5 қурбонӣ додаанд? Дар онҷо гурҷиҳову озариҳо ва ҳамин тавр, чандин нафар аз муштариҳо низ қурбон шудаанд."

Аммо Кумитаи тафтишоти Русия хабари ҳалокати танҳо 5 тоҷик дар Қазонро рад мекунад ва мегӯяд, дар рӯйхати онҳо танҳо 2 нафар аз қурбониҳо - Алишер Давронов ва Ҳикматуллои Ҳайтуллохон - ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi