21:32:43 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қарори 146. Муборизаи Душанбе бо "бегонапарастӣ"-и занон

Раиси шаҳри Душанбе қарореро имзо гузоштааст, ки ҳадафаш "пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ ва ташаннуҷи мазҳабӣ миёни занону духтарон" гуфта мешавад.

reyd-4512145445.jpgМуҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарори навро имзо гузоштааст, ки бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд. Ба ин ниҳодҳо раёсати умури дохилӣ, амният, маориф, тандурустӣ, шӯъбаи дин ва маркази худшиносии бонувони Душанбе шомиланд.

Агарчӣ замони имзои ин қарор 5 март нишон дода шудааст, аммо он баъд аз нӯҳ рӯзаш дар торнамои расмии шаҳрдорӣ чоп шуд. Дар шарҳи қарор гуфта шудааст, ин тасмим "бо ҳадафи пешгирии омилҳои ифротгароёна, хурофотпарастию бегонапарастӣ, ташаннуҷи мазҳабӣ" рӯи даст гирифта шуд.

Дар замимаи қарорҷадвали 36 вохӯрии намояндагони мақомот бо сокинон дар мактабу маҳаллаҳо низ чоп шудааст, ки аз онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ном бурда мешавад. Ин корҳои фаҳмондадиҳӣ аз 4 марти соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 25 декабр идома хоҳанд кард.

Қарори раиси шаҳри Душанбе дар ҳоле рӯи чоп омада, ки Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 март дар дидор бо бонувони кишвар аз майли занҳои тоҷик ба пӯшидани "либосҳои ғайр" нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, "халқи мо... ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ агарчӣ аз пӯшишҳое ба мисли ҳиҷобу рӯсарӣ ном набурд, аммо гуфт, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд".

"Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад,"-таъкид дошта буд ӯ.

Баъд аз ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон, якбора вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд бештар аз даҳ зани танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт намудаанд. Онҳо гуфтанд, ин гурӯҳи танфурӯшон либоси исломиро ҳамчун "униформа" ва ё либоси "корӣ" истифода мекардаанд.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, худи занони боздоштшуда гуфтанд, бо доштани ҳиҷобу рӯсарӣ имкони ба даст овардани пули бештар вуҷуд дорад ва "муштариён" ҳам бо онҳо муносибати хуб мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон, ки ба пӯшишҳои мазҳабӣ ва умуман мазҳабӣ шудани ҷомеа ҳассосият доранд, сӯистифода аз ислом ва тарғиби либосҳои исломиро бар зарари ҷомеаи дунявӣ мешуморанд. Боздошти беш аз 10 фоҳиша бо либоси мазҳабӣ эҳтимол бахши барномаи дур кардани мардум аз либосҳои "арабӣ" аст.

То ин дам низ мақомоти расмии Тоҷикистон бо ҳиҷобу рӯсарӣ дар “ҷанг” буданд ва пӯшидани ин навъи либосҳо барои хонандагони мактаб, донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ манъ аст. Ин мавзӯъ замоне ки Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи Тоҷикистон буд, ба таври густурда баҳс шуда, бо хориҷ гардидани чанде аз духтарони ҳиҷобдор аз донишгоҳҳо хотима ёфт.

Аммо бархе аз сокинони мусулмони кишвар чунин бархӯрд бо пӯшишҳои мазҳабиро як навъ маҳдудияти ҳаққи худ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ҳадаф аз чунин барномаҳо сиёҳ кардани пайравони дини мубини ислом аст, вагарна ба қавли онҳо, бояд дар баробари ҳиҷобу рӯсарӣ “миниюбка” ҳам матраҳ ва ба ҳайси либоси бегона ном бурда мешуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi