Дар як сол 5 000 сокини Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд
14.02.2015 22:18
1056
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар соли гузашта 5 000 шаҳрванди Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ ба ин кишвар рафтаанд. Русия ба рӯи ин афрод дари 55 минтақаашро боз кардааст.
Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО
13.02.2015 20:18
1129
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад
13.02.2015 20:14
1139
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Оҷонсии нафақа: "Нафақаи Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000"
11.02.2015 20:47
1188
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон эътироф кард, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 13 нафар нафақаи баланди маюъбӣ мегиранд.
Кашфи 64 "фурӯшгоҳ"-и бангу афюн ва ҳероин дар Кӯлоб
11.02.2015 20:41
1153
Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.
Тарошидани мӯйсари як ҷавони гумонбар ба ҳамҷинсгароӣ
11.02.2015 20:36
1157
Дар Интернет видеои наве пайдо шудааст, ки дар он чанд ҷавони ғолибан тоҷик як ҷавони дигарро ба ҳамҷинсгароӣ айбдор карда, мӯи сарашро, ба қавли худи онҳо, "бузтарош" мекунанд.
Салафиҳои Хуҷанд. Кистанду аз куҷо омадаанд?
10.02.2015 07:43
1169
Додситонии вилояти Суғд дар шарҳи боздошти гуруҳи 11-нафарии пайравони ҷараёни мамнӯи “Салафия” гуфт, танҳо алайҳи ҳафт тани онҳо парванда боз шуда, чор нафарашон ба ҳайси шоҳид баромад хоҳанд кард.
Назари мардум ба қазияи "Шайх Темур"
10.02.2015 07:41
1531
Моҷарои Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур”, рӯҳоние аз водии Ҳисор, ки бино ба иддаои муаллифони филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур”, худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғомбари охируззамон” эълон кардааст ...
Боздошти 11 салафӣ дар Хуҷанд
09.02.2015 12:25
1155
Дар чанд рӯзи охир дар вилояти Суғди Тоҷикистон 11 нафар бо гумони пайравӣ ба ҳаракати мамнӯъи мазҳабии Салафия дастгир шудаанд.Манобеи мо дар мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар рӯзҳои охир 11 сокини шаҳрҳои Хуҷанду ...
Метадон - ба ҷои ҳероин
09.02.2015 12:22
1056
Роҳи нави табобат - истеъмоли метадон ба ҷои ҳероин - ҳудуди 25 нашъаманд дар вилояти Суғдро аз вобастагӣ ба ҳероин раҳо карда, дар қалби даҳҳо дигар умеди баргаштан ба зиндагии одиро бедор кардааст. Аммо роҳи табобати онҳо роҳе тӯлонӣ ва пурмашаққат будааст.
"Баҳси ғоибона" байни Донишгоҳи тиббӣ ва Сафват Бурҳонов
09.02.2015 12:20
1185
Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон иддаои хабарнигор Сафват Бурҳонов дар бораи ба макони харидуфурӯши дипломҳо табдил ёфтани ин мактаби олиро рад мекунад. Сафват Бурҳонов аммо мегӯяд, ки даъвояш ҳақиқат дорад.
Филми даъвои "пайғомбарӣ"-и "Шайх Темур"
07.02.2015 21:32
1341
Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанади нимсоатӣ дар бораи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” ном як рӯҳонӣ аз водии Ҳисорро, ки худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва бино ба иддаои муаллифони филм ...
Сӯзонда шудани боз се манзили тоҷикон дар Сариоғоч
07.02.2015 21:30
1030
Тоҷикони муқими Сариоғоч мегӯянд, шаби гузашта боз се манзили онҳо оташ зада шуд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот нерӯи бештареро вориди Сариоғоч кардаанд, то вазъро таҳти назорат дошта бошанд. Бо вуҷуди он ки мақомоти Қазоқистони Ҷанубӣ мегӯянд ...
Худкушии ду хонандаи мактаб дар Исфара бо заҳру... гарданбанд
07.02.2015 21:29
1457
Масъулони Идораи маорифи Исфара мегӯянд, то кунун далели худкушии ду толибаи мактбаи миёна ва литсейи рақами яки ин шаҳр маълум нест. Онҳо мегӯянд, базудӣ ин қазияро таҳқиқ хоҳанд кард. Тайи даҳ рӯзи охир ду хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Исфара ...
Боздошти Салим Бобохонов ба ҷурми заминфурӯшӣ
07.02.2015 21:27
1159
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб"-ро ба иттиҳоми "ришваситонӣ" ва "ваъдаи додани замин ба сокинон" боздошт кардааст. Боздошти Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб" ...
















