03:00:57 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

Оилаи Худодод, туҳфаву номгузории Эмомалӣ Раҳмон ва қадаме то Наврӯз

Гулшан Маҷнунова бо шукрона аз неъмати барояш Худодода, ки пас аз фарзанди нахустинаш Худойдод чоргоник таваллуд намуду бо меҳр президент Эмомалӣ Раҳмон онҳоро номгузорӣ карда, барояшон хона тӯҳфа кард, фикри ояндаи тифлонаш дар сар умедвориҳои зиёд дорад. Ӯву ҳамсараш Комил Шералиев тасмим доранд, ки фарзандонашонро солиму тавонманд ба воя расонида, барои фардои некашон замина гузоранду аз ин ҷиҳат ба ҳукумати кишвар ва шахсиятҳои алоҳида миннатдорӣ баён медоранд.

1_chorgonikho_541212.jpg

Вақте ба хонадони ин оилаи хушрӯз ташриф овардем, се фарзанди дӯстрӯйи навтавлид рӯйи рахти ҳадяшуда масти хоб буданду Фотимабонуи моҳрӯ дар бағали момокалонаш машғули бозӣ буд ва модаркалони апаи Гулшан - холаи Анор мамнуни неъматҳои Худодод.

Ба гуфтаи Гулшан Маҷнунова, акнун, ки давлату ҳукумат ва хоса Президенти кишвару баъдан шахсиятҳои алоҳида ба тарзи ҳаёти хуши онҳо мароқ зоҳир намуданд, қариб ҳеҷ камбудие дар рӯзгорашон намонд.

- Фақат аз як ҷиҳат мо кӯмакро интизорем. Чун ғизое, ки барояшон медиҳам, яъне шири модарии худам, барои чор нафар басандагӣ намекунаду шири магазин медиҳемашон. Ин ширро фақат худамон мехарем, то ҳол кӯмак нашудааст. Фақат се-чор бор ариза кардем ба ҳукумати ноҳияи Сино ва як бор 1000 сомониямон доданду ду қуттӣ шир вақти дар зоишгоҳ буданамон. Ин ду қуттӣ шир аз Кумитаи занҳои ноҳияи Сино кӯмак буд. Ширашон «Серенетрилон» аст, ки ҳаминро духтурҳо тавсия доданд. Аз ҷиҳате, ки надорем, зӯрамон намерсад, чун 105 сомонӣ аст шираш ва аз худи фирмааш 95 сомонгӣ мегирему он ҳам ҳамагӣ 1-рӯзӣ мебарад. Аз ҳамин ҳисоб, мегӯем ҷудояшон кунем, вақте як-думоҳа шаванд. Думоҳа зиёдтар шаванд, шояд ягон навъ шири дигар истифода кунем,- мегӯяд Г. Маҷнунова.

Чун гуфтам, ки «масалан ду ширкати ватании ширӣ дорем, яке корхонаи шири «Саодат», дигаре ширкати муштараки Эрону Тоҷикистон «Полуд». Дар оянда умед доред, ки ин ду корхона метавонанд ба шумо барои ғизои кӯдаконатон кӯмак намоянд?», Гулшан Маҷнунова афзуд:

- Кӯмак бикунанд, боз хуб. Ин ҳам ёрдам аст, аз ҷиҳате, ки шароитамон нест, шавҳарам кор намекунад ва зӯрамон намерасад. Шукр, ки Ҷаноби Олӣ хона доду мушкили асосиямон бартараф шуд.

Маҷнунова дар идома илова кард, ки як ширкати ватании «Нинӣ» ҳаст, ки нав ташкил шудааст. Уребчаҳояшон аз ҳамонҷо кӯмак аст: «То ҳозир нахаридем, ҳамон вақти дар зоишгоҳ будан наздики зиёда аз сад дона оварданд, то ҳозира пӯшонидем. Боз дар ин миён хешу табору наздикон ҳам даҳ-понздаҳтогӣ меоварданд».

Воқеан ҳам Аминҷон Бобокалонов, роҳбари корхонаи ватании истеҳсоли уребчаҳои «Нинӣ» воқеъ дар нишонии Назаршоева-7 тасмим гирифтааст ба волидони чоргоникҳое, ки 30-юми январи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба дунё омада буданд, кӯмаки доимӣ намояд. Ӯ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон иброз намуд, ки чунин тасмимро ба хотири дастгирии ин оилаи серфарзанд гирифтаанд.

- Мо як маротиба ба падари чоргоникҳо Комил Шералиев ҳангоме, ки зан ва фарзандонаш дар таваллудхона буданд, ба миқдори 192 дона уребча кӯмак карда будем. Мо кӯмакамонро ба ин оилаи ниёзманд ҳеҷ гоҳ дареғ намедорем ва ҳар гоҳ, ки муроҷиат кунанд, тайёрем дар ҳар вақту соат дасти мадад дароз кунем,- иброз намуда буд Бобокалонов.

Маҷнунова мегӯяд, ки уребчаҳоро то имрӯз истифода бурдаанд, вале агар имконият даст медоду дар масъалаи шир ҳам кӯмак мекарданд, беҳтар мешуд.

Ин дар ҳолест, ки ин оилаи ҷавон айни замон дар ягон ҷой кор намекунанд ва роҳи даромаде ҳам надоранд. Ба қавли Комил Шералиев, падари чоргоникҳо, танҳо барои таъмини навзодон бо шири хушк айни замон дар як ҳафта 630 сомонӣ сарф мекунад.

- Инқадар сохторҳо, ки таваҷҷуҳ намуданд ба шумо, оё мусоидат нашуд, то шавҳаратон кори муносиб пайдо кунад?,- пурсидам аз Гулшан Маҷнунова.

Апаи Гулшан дар ҷавоб гуфт: «Убайдуллоев гуфтанд, ки ягонҷо шофёрӣ кунад. Ба Руқия Атоевна супориш доданд, ки ягонҷо ҷойи кор мемонедаш. Ҳозир намедонам, як бор телефон кардааст барои кор дар хатсайри автобусҳо, вале шавҳарам категория надорад. Хайр, мо мегӯем, ки агар ягон ҷо посбонӣ ё кори сохтмон бошаду маошаш нағз, ақаллан ҳамин ширу уребчаҳои кӯдаконро худамон гирифта тавонем. Ягон ҷо ҷойи кор дарояд, маоши хуб бигирад, мо ягон касро дигар ғам намедиҳем. Худаш маош мегираду рӯзгорамон пеш меравад. Аз ҳама муҳимаш ҳамин хона буд. Хона ки надоштем, сад бор шукронаи Оллоҳ, ки ана дар ҳамин ҷойи хуб Ҷаноби Олӣ хонаамон дод. Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки ба мои камбизоат ғамхорӣ кард. Рӯзи 7-уми март мо омадем хона, 8-уми март, дар «Соли оила» барои ман як тӯҳфаи хубе шуд ва дар ҳамин хонаи нав бо фарзандонам Иди модарону Наврӯзро ҷашн гирифтем».

Чанде қабл падари хонум Гулшан - Аҳлиддин Маҷнунов изҳори назар карда, гуфта буд, ки баъди таваллуди тифлон, дақиқан санаи 5-уми феврал роҳбарон дар шахси муовини сарвазири кишвар ва раиси Кумитаи зан ва оила омадаву онҳоро шодбошӣ гуфта, барояшон хабари тақдим шудани хонаи сеҳуҷрагиро ба тифлон аз ҷониби Президенти кишвар расонидаанд. Ӯ ҳамон замон ба Сарвари давлат изҳори сипос карда буд. Ният буд, ки хона дар арафаи 20-уми март барояшон дода шавад.

Бояд гуфт, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чоргоникҳо, ки 30-юми январи соли равон дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт ба дунё омада буданд, худ ном мондааст. Дар ин бора Гулшан Маҷнунова, модари чоргоникҳо ба расонаҳо хабар дода буд.

- Субҳи рӯзи душанбе, 16-уми феврал сардухтури таваллудхона Гулмаҳмадова Светлана Абдуллоевна ба ҳуҷраи ман даромада, ба дастам лифофа ва шаҳодатномаи кӯдаконро дода, табрик карда гуфт, ки «Президент фарзандонатонро ном гузошт». Ҷаноби Олӣ ба духтарчаи калониам Фотимабону, ба дуюмӣ Зуҳробону, ба сеюмӣ Хатичабону ва ба писаракам Фирдавсҷон ном мондаанд. Ман хеле хурсанд шудам, ки тавассути сайти хабарӣ хоҳиши ман то ба президент расид. Вазъи кӯдаконам хуб аст. Кам-кам вазн гирифта истодаанд. Аз реаниматсия ба ҳуҷра гузарониданд. Сардухтур ҳар саҳарӣ аз ҳолу аҳволи мо хабар мегирад. Ягон камбудӣ надорем. Бояд рӯзи 28-уми феврал ба хона ҷавобам диҳанд,- бо хушнудӣ иброз дошта буд Гулшан Маҷнунова.

Бино ба иттилои сардухтури таваллудхона Светлана Гулаҳмадова, навзодон ҳангоми таваллуд аз 1520 гр то 2100 гр вазн доштаанд ва дар давоми 16 рӯзи аввал 200-граммӣ вазн гирифтаанд.

- Агар то рӯзи 28-уми феврал вазни ҳар чорашон 2000 грамм зиёд шавад, онҳоро ба хонаашон ҷавоб медиҳем ва ҳамчунин таҳти назорати доимӣ қарор медиҳем,- изҳор дошта буд сардухтур.

Мавриди зикр аст, ки Гулшан Маҷнунова, сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе, 30-юми январи соли 2015 дар таваллудхонаи рақами 3-юми шаҳри Душанбе чор тифли солим - се духтару 1 писар ба дунё овард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ аз хабари таваллуди чоргоникҳо ба мақомот дастур дод, ки барояшон як хонаи сеҳуҷрадор тақдим кунанд.

Бо вуҷуди хуб будани ҳолати тифлакон, ба гуфтаи Гулшан Маҷнунова, духтурон тасмим гирифтанд онҳоро рӯзҳои чоршанбе, яъне 4-уми март ба хона ҷавоб диҳанд. Ҳамон вақт модари чоргоникҳо умедворӣ кард, ки санаи 20-уми март, яъне оғози Наврӯзро дар хонаи тӯҳфагии Президенти кишвар бо ҷамъи дӯстон пешвоз гирад. Ин буд, ки каме баъдтар онҳоро санаи 7-уми март, пешорӯи Иди модарон аз беморхона ба хонаи тақдимшуда рухсат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин оилаи ҷавон дар арафаи Иди модарон - 8-уми март аз ҷониби шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бинои навсохти замонавии баландошёна воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ 17/4, ҳуҷраи 19 хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии ҳаётӣ тӯҳфа карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи мақомот бо додани маоши муайян барои тарбияи кӯдакон то ин ки модари ҷавон душворӣ накашад, мураббияи махсус таъин шудааст.

2_chorgonikho_541212.jpg

Мураббияи чоргоникҳо Нозигул Ҷӯраева мегӯяд, ки «ҳамаи мо модарем, ин касби модарии мост. Ҳар як зан, ҳар модар бояд ин касбро аз кӯдакияш омӯхта бошад, бахусус халқи тоҷики мо. Як нафар як нафару чор нафарро нигоҳубин кардан албатта ба модар душворӣ дорад. Барои он, ки як нафар хоб мекунаду мехезад, маҳс мекуниву шикамашро сер мекунӣ. Инҳо чор нафаранд. Шумо фикр кунед, ки яктояш мехезад, яктояшро хоб мебарад, ки дуюмаш мехезад. Дуюмашро хоб мебарад, ки сеюмаш мехезад. Душворӣ ҳаст, лек аз вазъият баромадан мумкин».

3_chorgonikho_541212.jpg

Дар мавриди касбияташ ӯ мегӯяд: «Ман ҳамшираи шафқат шуда кор мекунам. Таҷрибаи кории зиёда аз 25-сола дорам. 15 сол дар кишвар ва қариб 15 соли дигар берун аз кишвар. Пеш аз ин дар утоқи эмгузаронӣ кор кардаам. Баъди он дар боғчаҳо, сипас дар таваллудхонаи кӯдакон фаъолият намудаам. Баъд аз ин дар шуъбаи ҷарроҳии урологии Қарияи Боло бо Аслиддин Сайфиддинович Осимӣ ба ҳайси ҳамшираи ҷарроҳ кор кардааам. Бо профессор Қодирӣ дар «Медгородок» ҳамчун ҳамшираи ҷарроҳ фаъолият доштам. Дар госпитали ҳарбӣ низ. Яъне, таҷрибаам калон аст. Се фарзанд, як келину як домоду се набера дорам. Набераамро, ки дар шаҳри Екатеринбург таваллуд шуд, худ нигоҳубин кардаам. Яъне, таҷрибаи модарӣ доштаму боз таҷрибаи момогӣ дорам. Барои ҳамин, нигоҳубини ин кӯдакчаҳои хурсол барои ман душворӣ надорад, балки шавқангез аст».

Чун чоргоникҳо хеле ба ҳам шабеҳ ҳастанд, барои мо аҷиб он буд, ки онҳоро чи сон аз ҳам фарқ мекунанд. Модари чоргоникҳо - апаи Гулшан мегӯяд, бо ҳама он зоҳири монанд ва умумияте, ки доранд, фарзандонашро бо ҷинсу вазну баъзе ҳаракатҳову ҳатто имову овоз мешиносад, ки кадомӣ кадом аст. Ин ҳам дарҳоле, ки ба изҳораш дар тавалудхона барои онҳоро аз ҳам фарқ карда шинохтан дар пешонаи ҳар кадомашон аз як то чор холии сабз гузошта будаанд, вале бовучуд ба гуфтааш меҳри модарӣ намегузорад ки нашносӣ. Аз суйи дигар, холгузориро як русуми нарасидани суқи чашм ҳам меҳисобанд. 

4_chorgonikho_541212.jpg

Момокалони тифлакон Анор Одинаеваи 81-сола бо дасти дуо мегӯяд: «Худои таъолло сабаб шуд, ки ҳаминҳоро хонаву дар доданд. Боз умед дорем, ки то замоне ҳастему ҳастанд, кӯмаки ҳамин ҳукумат барояшон бирасад. Мо одамони камбағалро, ки нек назар карданд, раҳмат ба ҳама журналистону ҳукуматдорон, ки суроғамон меоянду кӯмак мерасонанд».

Мо ҳам ба ин гуфтаҳои модарбузурги тифлон шарикему умед мебандем: «Чӣ ҷойи хуб, ки рӯ ба рӯйи Донишгоҳи миллӣ. Худо кунад, ки калонак шуда, дар ҳамин донишгоҳ, ки хеле наздикашон аст, дохил шуда, хонанд. Умед дорем, то оне, ки ҳастанд, аз назари ҳукумату хоса Президенти кишвар дур намемонанд ва ёрдами Ҷаноби Олӣ барояшон мерасаду чун фарзандони фидоии кишварамон тарбия меёбанд».

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi