Ҷасади муҳоҷири тоҷик ба Душанбе интиқол дода мешавад
12.05.2015 23:27
1282
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиққатли ваҳшиёнаи муҳоҷири 39-солаи тоҷикро дар ҳоле идома медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин пажӯҳишро таҳти назорат гирифтааст.
Парванда алайҳи зане дар Суғд, ки $1 млн.-ро аз худ кардааст
12.05.2015 23:23
1290
Дар вилояти Суғд алайҳи як зан, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, парванда боз шудааст.
Р. Раҳимзода: Қариб 390 тоҷик ба ҷиҳодиҳо пайвастаанд
11.05.2015 23:58
1108
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мушаххас кардааст, ки 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.
Поёни "даъвои пайғамбарӣ". Парвандаи Шайх Темур дар роҳ ба додгоҳ
11.05.2015 23:52
1110
Мақомот таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ба анҷом расонда, мунтазири хулосаи досдитони кулл будаанд.
Душанбе дар меҳвари муборизаи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир
11.05.2015 23:51
1236
Душанбе то ду ҳафтаи дигар мизбони чаҳор нишасти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.
ДОИШ дар ивази бозгашти Гулрӯ ба Тоҷикистон 3 тифлашро хостааст
11.05.2015 23:48
1118
"Давлати исломӣ" ба Гулрӯ Олимова, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, баъди марги ҳамсараш дар Ҳалаб шарт гузоштааст, танҳо дар сурати ба онҳо додани се кӯдакаш метавонад он ҷоро тарк намояд.
Садои тирпаррониҳои Афғонистон дар Тоҷикистон шунида мешавад
06.05.2015 21:49
1222
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даргириҳои шимоли Афғонистон ба вазъи марз таъсире нагузоштаанд, вале коршиносон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Кундуз набояд нодида гирифта шавад.
Смартфонҳои ҷавонони тоҷик: Дастёр, манбаи дониш ё фаҳшо?
06.05.2015 21:48
1469
Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.
Ҷазои шаш сарбози ВКД барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон
06.05.2015 21:19
1234
Додгоҳиҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.
Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ
06.05.2015 21:17
1172
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Писари яке аз сарони Фронти Халқӣ дар Сурия кушта шуд
06.05.2015 21:10
1298
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Хатлон, ахиран боз як ҷавони тоҷик - Сафар Рустамов, писари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст.
ВКД ва КДАМ номанависони зидди омӯзгорони Раштро ёфтанд
06.05.2015 21:07
1155
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.
Видеои латту кӯби бародарон Собировҳо аз сӯи пулиси Русия
03.05.2015 23:41
1182
Маъмурони пулис баъди он ки фаҳмидаанд, лаҳзаҳои латту кӯб дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аввал бародарон Собировҳо дарафтоданд.
Дар Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 марди ҳамҷинсгаро будаанд
02.05.2015 23:13
1668
Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа дар як гузорише мегӯяд, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 14 ҳазор танфурӯш ва 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро будаанд.
Даъваткунандаи "ҷиҳод" дар Сурия 13,5 сол гирифт
30.04.2015 09:30
1502
Додгоҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон сокини 31-солаи деҳаи Зархоки ин ноҳия Турсунов Абдуваққосро, ки мехост барои "ҷиҳод" ба Сурия равад ба муҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
















