19:08:39 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
27 28 29 30 31  

Як тоҷик дар Маскав ба қатли 7 нафар айбдор мешавад

 

Пулиси Русия як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро ба қатли дастикам 7 нафар дар шаҳри Маскав айбдор кард ва гуфт, ки ӯ гуноҳашро ба гардан гирифтааст.

manyak-8956124578.jpgПулиси Русия мегӯяд, билохира “маняк”-еро, ки худро устои “Мосгаз” – идораи гази шаҳри Маскав – муаррифӣ карда, соҳибони хонаҳоро бо ҳадафи ғорату пулу молашон мекушт, дастгир кардааст. Мақомоти пулис мегӯянд, нафари дастгиршуда як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон буда, аллакай даст доштани худ дар дастикам 7 куштор, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар минтақаи Нагатинои пойтахти Русияро ба гардан гирифтааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 март ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ва он ҳам бо иттиҳоми баланде, чун қатлҳои силсилаӣ аз мақомоти Русия то ҳол расман иттилое нагирифтааст, вале ин қазияро ҳатман пайгирӣ хоҳад кард:

“Чунин хабарҳо, албатта, ба обрӯи тоҷикон дар Русия латмаи ҷиддӣ мезананд. Ва барои мо муҳим аст, ки шахсияти ин гумонбарро ибтидо дақиқ кунем, ки оё дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон аст? Дувуман, бяод дақиқ шавад, ки агар шаҳрванди Тоҷикистон аст, дар лаҳзаҳои даст ба ҷиноят заданаш дар кадом ҳолати рӯҳию равонӣқарор дошт? Оё, чун дар чанд мавриди дигар, маризи рӯҳӣ нест? Ва аз ҳама муҳим, бояд бидонем, ки то куҷо даст доштани як тоҷик дар чунин ҷиноят таҳқиқ ва дақиқ карда шавад, чунки чунин қатлҳои бераҳмона хоси мардуми тоҷик нест.”

Шабакаи телевизионии “Lifenews”-и Русия дар ҳамин ҳол, рӯзи 15 март хабар дод, ки нафари боздоштшуда Анӯшервон Раҳмонов ном дошта, ба яке аз нахустин манякҳои дастгиршуда дар Шӯравии собиқ, ки бо лақаби “Мосгаз” маъруф буд, пайравӣ мекард.

"Маняк" аз "Мосгаз". Серияи 2?

Бино ба гузориши “Lifenews”, “ҳусни хат”-и Анӯшервон Раҳмонов дар ҳамаи ҷиноятҳо монанд будааст: “Ӯ худро корманди хадамоти коммуналӣ вонамуд карда, вориди хона мешуд ва дар бораи зарурати иваз кардани лӯлаҳо хабар медод. Баъди онки соҳибони хонаҳо ин бадкирдорро ба хона роҳ медоданд, ӯ онҳоро корд мезад. Ин зодаи Тоҷикистон баъдан ба хотири аз байн бурдани изи ҷинояташ газро сар медод ва талош мекард хонаро ё бисӯзонад ваё битарконад.”

Дар солҳои 60 дар Маскав қотиле амал мекард, ки ҳамин гуна бо коргари "Мосгаз" муаррифӣ кардани худ ба манзили мардум роҳ меёфт ва соҳибони хонаро мекушт. Ин қотилро, ки бо лақаби "Мосгаз" маъруф шуд ва яке аз нахустин котилони силсилаии ошкоршуда дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, дар соли 1964 дастгир ва ба қатл маҳкум карданд. Маълум шуд, ки ӯ Владимир Ионесян, зодаи шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон будааст. Мардум дар он солҳо бо ирсоли номаҳои дастаҷамъӣ аз ҳукумати Шӯравӣҳатто хоста буд, ки Ионеесянро дар майдони марказии Маскав дар мазҳари ом ба дор бикашанд. Ин қазия сужаи филми мустанаде бо номи «Откройте, Мосгаз!» ҳам шуд, ки шабакаи телевизионии НТВ таҳия кардааст.

Баъди боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ширкати "Мосгаз" бо нашри як баёнияи расмӣ сокинони Маскавро ҳушдор дод, то дари манзили худро ба рӯи одамони бегонае, ки худро коргари ин ширкат муаррифӣ мекунанд, накушоянд. Ин ширкат рӯзи 15 март  ҳатто рӯйхати тамоми устоҳояшро вобаста ба ҳар минтақаи пойтахти Русия нашр кард, то ба гуфтаи масъулонаш, "аз сӯиистифодаи номи "Мосгаз" ба мақсадҳои нопок дар оянда ҷилавгирӣшавад."

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомии Русия гуфт, пулис изи ин “маняк”-ро баъди куштори бераҳмонаи як пиразани 65-сола дар кӯчаи Судостроителная дар минтақаи Нагатинои шаҳри Маскав пайдо карданд. Қотил рӯзи чоршанбе, 11 март ба манзили ин пиразан ҳам худро коргари “Мосгаз” муаррифӣ карда, ворид шудааст. Ҷасади соҳиби хонаро бо чанд захми корд сӯхторнишонҳо пайдо карданд, чунки қотил баъди куштани пиразан ва дуздии молу пулаш хонаи ӯро ҳам оташ задааст.

Аммо ин дафъа, ба гуфтаи манбаи Интерфакс,  симои ҷинояткорро камераи назоратии даромадгоҳи ин бино сабт кардааст ва бар асоси ин навор аллакай шаби 13 ба 14 март шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд.

Мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки ӯ дар ҷараёни бозҷӯӣ даст доштанаш дар 7 куштор, аз ҷумла қатли 4 узви як хонавода дар таърихи 5 декабри соли гузаштаро эътироф карда ва ҳоло эҳтимоли даст доштани ӯ дарчанд куштори дигар низ таҳқиқ мешавад.

Шабакаи телевизионии “Lifenews” дар шарҳи куштори бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар Нагатино аз қавли як манбааш дар мақомоти интизомӣ навишт, ки қотил (ба бовари тафтишот, Анӯшервон Раҳмонов) рӯзи 5 декабр қотил ҳамчунон бо либоси коргари “Мосгаз” дар минтақаи Нагатино дари  муҳосиби 52-солаи бемористони ба номи Боткин Елена Зарубинаро кӯфта, баъди ворид шудан ба хона ҳам ин зан, ҳам шавҳари 52-солаи ӯ Анатолий, ҳам писари 27-солаи онҳо Алексей ва ҳам модари 76-солаи Еленаро ба қатл мерасонад. Ба гуфтаи манбаи ин шабака, “ҷинояткор мехост ин хонаро ҳам бо сар додани газ битарконад, вале таркиш рух надод.”

Анӯшервон Раҳмонов, бино ба гузориши “Lifenews”, ғорати пулу моли соҳибхонаҳоро далели даст ба куштори онҳо заданаш номидааст. Вале пулис мегӯяд, то ҳол далелеро пайдо накардааст, ки гум шудани пул ё чизҳои қиматбаҳо аз хонаҳои афроди кушташударо собит кунад. Ин ҳам маълум нест, ки оё Анӯшервон Раҳмонов дар Маскав чӣ мекард ва кай ва аз куҷои Тоҷикистон ба Русия омадааст?

"Шикор"-и  тоҷикҳои "маняк" дар Русия

Боздошти Анӯшервон Раҳмонов нахустин мавриди дар Русия бо иттиҳоми қатлҳои силсилаӣ дастгир ва дар матбуоташ ҳамчун “маняк” муаррифӣ шудани зодагони Тоҷикистон нест.

Моҳи сентябри соли 2014  Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки  парвандаи як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва дуздиву ғорати молу чизи дастикам 10 зан дар шаҳри Екатеринбургро анҷом дода, ба додгоҳ супурдааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин мард аз моҳи августи соли 2012 то октябри соли 2013 дар Екатеринбург ба номуси дастикам 10 зан таҷовуз кардааст. Бино ба гузоришҳо, яке аз ҷабрдидаҳо ноболиғ буда, ду зани дигар баъди ҳамла ва таҷовуз ба номусашон ақли худро бохтаанд. Дар соли 2010 низ як тоҷик дар Екатеринбург ҳамчун “маняк” дастгир шуда буд.

Ҳамин тавр, дар соли 2012, баъди як силсила таҷовузи занон дар як ҷангалистон дар минтақаи Бутовои шаҳри Маскав “маняки Бутово” ба як қаҳрамони дигари матбуоти рус табдил ёфт. Дар моҳи ноябр зодаи шаҳри Кӯлоб Қурбонмад Зариповро бо гумони даст доштан дар ин силсилаи ҳамлаҳо дастгир карданд. Зарипов бо як чеҳраи тарсолуда дар зери шуоъи даҳҳо камера дар додгоҳ гуфт, ки айбдор нест, балки ҳамагӣ моҳе пеш аз Тоҷикистон омада, нодониста телефони яке аз ҷабрдидаҳоро аз даст харидааст.

Ба дунбол, дар оғози соли 2013 эълон шуд, ки “маняки Бутово” гӯё аз Доғистон будааст. Баъдан ин фарзия ҳам рад шуд, вале ин доғ, ки занони русро дар ҷангали Бутово гӯё ба истилоҳ "сиёҳ"-ҳо (лақаби дар Русия роиҷи зодагони Қафқозу Осиёи Марказӣ) таҷовуз мекунанд, тавассути матбуоти Русия хеле таблиғ шуд.

Матбуоти Русия, бахусус нашрияҳои “зард”-аш ҳамин гуна ҳар рӯзмоломоли хабару гузоришҳо бо сарлавҳаҳои пурсарусадое, чун “Тоҷик кампири 78-соларо таҷовуз кардааст”, “Гастарбайтери тоҷик ба номуси ду зани раҳгузар расид”, “Тоҷик фурӯшандаи дӯконашро таҷовуз кард”, “Тоҷикҳо як хонандаи мактабро ҳам ғорат ва ҳам таҷовуз карданд” ва амсоли ин аст.

Дар чандин маврид шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар силсилаи ҳамлаҳо бо қасди таҷовуз ба номус гумонбар шуда, дар матбуоташ ҳамчун “тоҷики маняк” лақаб гирифтаанд.  Аммо аз ин ҳама то имрӯз муҳокимаи додгоҳи танҳо як парванда анҷом ёфта ва он ҳам бидуни эълон ҳукм.

Дӯстмурод Илёсов, як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба он айбдор мешуд, ки рӯзи 27 майи соли 2013 дар рустои Окуловкаи вилояти Новгороди Русия  4 нафар – як марду се занро бо корд куштааст.  Тафтиши ин парванда беш аз ним сол идома ёфт ва дар ниҳояташ табибон ба хулосае расиданд, ки Дӯстмурод Илёсов маризи рӯҳист ва бояд таҳти табобати иҷборӣқарор дода шавад.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон низ бо таъкид ба ҳамин мавридҳо, ки дар ниҳоят ҳеҷ кадомаш бо ҳукми зиндони “маняки тоҷик” анҷом наёфтааст, ба мо гуфт, “тоҷикон дар Русия аксаран ҳар қадами худро хеле андешида мегузоранд, зеро бадномии як нафар дар фарҳанги мардуми мо ба маънои бадномии як авлоду як минтақа ва як халқ аст. Агар ягон маризи рӯҳӣ набошад, ман дигар фикр намекунам, ки як тоҷики боақлуҳуш даст ба чунин ҷиноятҳои гӯшношунид бизанад. Ва он ҳам дар як мулки бегона.”

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамин тавр, то  ним миллиони дигар зодаҳои Тоҷикистон, ки аллакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба охирин омор, аз ин шумор 7786 шаҳрванди тоҷик дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекунанд. Аксари онҳо бо ҷароиме, чун қочоқи маводи мухаддир, тақаллуби аснод ва вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия зиндонӣ шудаанд. Ва бар хилофи гузоришҳои фаровони матбуоти Русия, то имрӯз дар байни маҳбусони тоҷики зиндонҳои ин кишвар, хушбахтона, ягон тоҷике нест, ки ҳамчун “маняк” маҳкум шуда бошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi