17:45:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Наврӯз Кӯлобро “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ кард

Рӯзи 25 март зимни таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ супорида шуд.

mirsaid-alii-hamadoni_78659.jpgИмрӯз зимни таҷлил аз иди Наврӯз дар Кӯлоб, ба ин шаҳр шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангӣ”-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ тақдим шуд. Хабарнигори мо аз Кӯлоб иттилоъ дод, ки ҷашни Наврӯз ва маросими эътои шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ дар "Амфитеатр"-и шаҳри Кӯлоб, ки ғунҷоиши 20 ҳазор нафарро дорад, баргузор гардид. Дар ин маросим, мақомоти баландпояи Тоҷикистон, намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ИДМ, масъулони шаҳри Воронежи Русия ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи хабарнигорамон, шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” ба Кӯлобро намояндагони Кумитаи иҷроияии ИДМ ба мақомоти шаҳрдории Кӯлоб эъто карданд. Сипас барои меҳмонон ва сокинони шаҳри Кӯлоб барномаи идона ва театрикунонидашудаи ҳунармандону овозхонони кӯлобӣ ба муносибати иди Наврӯз, пешкаш гардид.

Қарор аст, пас аз нимаи дуюми имрӯз маросими гузоштани санги асос ба нишони рамзии “Кӯлоб - пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” доир ва ҳамчунин як нишасти матбуотӣ барои хабарнигорон дар ин робита сурат бигирад. Интизор меравад, меҳмонони ҷашни Наврӯзи Кӯлоб дар роҳи бозгаштаз ёдгории таърихии Ҳулбук, воқеъ дар ноҳияи Восеъ низ дидан кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 10 октябри соли 2014 гузашта дар Минск-пойтахти  Белорус, ду шаҳр - Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия ба унвони “пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015” эълон шуданд. “Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015” эълон шудани Кӯлоб дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли ҷорӣҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, рӯҳонӣ, файласуф ва шоири маъруфи қуруни вусто дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Кӯлоб саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, беш аз 2700 сол дорад. Кӯлоб дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дар пои кӯҳи Ҳазрати Шоҳҷойгир буда, дар аҳди бостон яке аз хатҳои Роҳи Абрешим аз канори он мегузаштааст. Дар асрҳои XVII-XIX аз Кӯлоб беш аз 40 шоир бархоста, аз маконҳои дидании ин шаҳр яке осорхонаи таърихӣ ва дигарӣ – мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонист.

Ҳоло дар ин шаҳр, як қисми пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон, бо шумули як баталйони тирандозии савора, воҳиди тӯпхонаҳои худгард ва як ротаи тиббӣ мустақар аст.

Феълан дар Кӯлоб ҳудуди 200 000 нафар ба сар мебаранд. Дар ин шаҳр 63 мактаб, як донишгоҳи давлатӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, ду омӯзишгоҳи касбии техникӣ ва омӯзишгоҳи санъат амал мекунанд. Дар Кӯлоб се рӯзнома - «Садои Кӯлоб» «Кулябская Правда» ва «Навиди Кӯлоб», ҳамчунин як телевизиони маҳалли «Телевизиони Кӯлоб» ва хабаргузории мустақили «Хатлон-Пресс» фаьолият мекунанд.

Кӯлоб аз соли 2001 бо Ҳамадони Эрон бародаршаҳр шудааст. Ба хотири ин дар шаҳри Кӯлоб яке аз хиёбонҳо ба исми Ҳамадон номгузорӣ гашта, Хонаи Ҳамадон бунёд кардаанд. Дар Ҳамадони Эрон ҳам як хиёбон номи Кӯлобро гирифта ва низ Хонаи Кӯлоб таьсис ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi