13:00:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Боздошти "дасти рост"-и Мулло Абдуллоҳ аз сӯи Интерпол

Интерпол мегӯяд, як нафари мӯътамади Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Раштро дар Русия дастгир кардаанд.

suhrob-kholov-8956454.jpgАндрей Черников, раҳбари шӯъбаи бюрои миллии Интерпол дар вилояти Свердловск рӯзи 19 март дар сӯҳбат бо хабарнигорон нафари боздоштшударо Сӯҳроб Холов ном бурд ва гуфт, “исми ин нафар дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ бо хатти сурх ишора шуда буд.”

 Гуфта мешавад, Сӯҳроб Холов тайи 10 сол – аз 1996 то 2005 – таҳти фармондеҳии Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши мухолифон дар водии Рашт меҷангид ва дар чандин ҳамлаҳои ғоратгарона даст дошт.

Сӯҳроб Холов аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчун “нафари мӯътамади Мулло Абдуллоҳ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ  қарор дода шуда буд. Шӯъбаи Интерпол дар вилояти Свердловск гуфтааст, ки Сӯҳроб Холов қаблан аз сӯи додгоҳи минтақаи Режеви ин вилоят бо ҷурми тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон шуда буд. Ҳоло ӯро дубора пушти панҷара шинондаанд ва мавзӯи истирдоди Сӯҳроб Холов ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов зодаи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло – Ваҳдат) буда, дар солҳои 90 дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод амал мекард.

Яке аз ҷангиёни собиқи мухолифин дар ин минтақа ба мо гуфт, ҷангиёни Мулло Абдуллоҳ бештар дар дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод ва қисмати ба ин дара наздики шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Ҷиргатол фаъол буданд. Ӯ мегӯяд, ҷангиёни ин фармондеҳ бо бераҳмии хосе нисбат ба мардум ва раҳгузарон фарқ мекарданд ва дар чандин маврид даст доштани онҳо дар қатлу куштор ва ғорати молу чизи мардум вирди забонҳо шуда буд.

Қатли Сергей (Сироҷиддин) Давлатов, аз фармондеҳони пешини мухолифин ва раиси вақти ноҳияи Рашт ва 4 корманди СММ дар роҳи Душанбе-Раштро низ мақомот ба дӯши ҷангиёни Мулло Абдуллоҳ бор карда буданд.

Олим Одилов, яке аз ҳамсафони Мирхзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони дигари мухолифин дар водии Рашт ба мо гуфт, Сӯҳроб Холов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо Мулло Абдуллоҳ буд. Дар охирин талоши ошӯби Мулло Абдуллоҳ дар ин водӣ дар солҳои 2010 -2011, ки бо кушта шудани ин фармондеҳ дар як амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ анҷомид, ба гуфтаи Олим Одилов, Сӯҳроб Холов дигар ширкат надошт.

Сӯҳроб Холов ҳам аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ҳоло ба як силсила ҳамлаҳои ғоратгарона дар солҳои ҷанг айбдор мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ӯ бо ҳамяроқонаш рӯзи 18 июли соли 1996 ба манзили як сокини маҳаллӣҳамла бурда, аз автомати Калашников соҳиби хонаро захмӣ мекунанд ва 7000 доллар ва молу чизи ӯро ба як мошини КМАЗ бор карда, мебаранд.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов аз он фармондеҳони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфт ва ҳамроҳ бо гурӯҳаш ба бедодгариҳо дар манотиқи таҳти назораташ идома медод. Дар соли 2000-ум нирӯҳои давлатӣҳамроҳ бо  гурӯҳҳои дигари мухолифини пешин дар водии Рашт алайҳи ҷангиёни Мулло Абдуллоҳ амалиётеро ба роҳ андохтанд, ки бо саркӯби ин гурӯҳ ва фирори боқимондаҳояш бо раҳбарии худи ӯ анҷом ёфт.

Мулло Абдуллоҳ баъди ин шикаст муддате дар дараи Ромити ноҳияи Кофарниҳон паноҳ бурда, сипас ба Афғонистон фирор кард. Дар он сӯи Омӯ, ба гуфтаи Ваҳиди Мужда, корманди собиқи вазорати хориҷаи Афғонистон дар аҳди Толибон, бо ин гурӯҳи тундрав робита барқарор кард. Гуфта мешавад, дар саргаҳи таъсиси “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳз Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ва Домулло Амриддин Табаров, як узви собиқи ҳизби наҳзати исломӣ ва низ зодаи ноҳияи Нуробод истодаанд.

Бовар меравад, ки Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дар соли 2009 ба ҳайси фармондеҳи низомии “Ансоруллоҳ” ба таври пинҳонӣ ба водии Рашт баргашт. Маҳз овозаи бозгашти ӯ дар соли 2009 сабаби амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Тавилдара шуд, ки дар ҷараёни он Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо-Ҷага, собиқфармондеҳи аввали мухолифон бо 11 тани дигар аз ҷангиёни маъруфи замони ҷанги шаҳрвандӣ кушта ва зери 50 тани дигар, бо шумули ҳарду фарзанд ва 5 бародари Мирзо Зиёев дастгиру ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Дар соли 2010 айни овозаи ин бор дар ноҳияи Рашт пайдо шудани Мулло Абдуллоҳ сабаби оғози амалиёти навбатии нирӯҳои ҳукуматӣ дар ин қисмати водии Рашт шуд. Ин амалиёт камокон аз сентябри соли 2010 то апрели соли 2011 давом карда, мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар, бо шумули Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, як фармондеҳи собиқ дар ноҳияи Рашт дар январи соли 2011, гардид.

Нооромиҳо дар водии Рашт ба сурати умум ду сол идома ёфта, танҳо баъди кушта шудани худи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дар пинҳонгоҳе дар марзи навоҳии Рашту Нуробод дар моҳи апрели соли 2011 ба поён расид.

Матбуоти маҳаллӣ баъди ин ду амалиёти пурқурбонӣ Мулло Абдуллоҳро "фармондеҳи сархӯр"-е номид, ки "меҳмондорӣ"-аш сари аксари ҳамяроқони пешини ӯ дар шарқи Тоҷикистонро хӯрд. Вале боздошти Сӯҳроб Холов нишон медиҳад, ки ин "сархӯрӣ"-ҳои Мулло Абдуллоҳҳатто 4 сол баъди маргаш ҳам идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi