14:43:21 01-уми Июли 2025 сол
Аз ҳукми Шӯҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам карда шуд 05.03.2015 15:19 896
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 март ҳукми Шӯҳрат Қудратов - муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ ва вакили зиндонии Зайд Саидовро тағйир дода, то 3 солу 8 моҳ поин овардааст. Қудратов моҳи январи соли ҷорӣ ба 9 соли маҳбас маҳкум шуда буд.
Афсари собиқ "облава"-ро тасдиқ кардааст, латту кӯбро - не 03.03.2015 09:16 822
Урунбек Тошев - афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент даъвати иҷборӣ ё "облава"-и СаидалӣҲайбердиев, сокини 24-солаи ин шаҳрро тасдиқ карда, вале латту кӯбашро рад намудааст.
Лимити барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шуд 28.02.2015 08:15 1130
Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, дар пайи супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал лимити интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинонро пурра лағв кардаанд.
Кумитаи дин: Хутбаи "пешазинтихоботӣ" тавсиявист, на маҷбурӣ 28.02.2015 08:10 1096
Ба имом-хатибони масҷидҳои Тоҷикистон тавсия додаанд, ки дар намози ҷумъаи 27 феврал бештар аз "бадӣ"-ҳои ҳизби наҳзати исломӣ ва "хубӣ"-ҳои ҳукумати кунунӣ сӯҳбат кунанд.
Парвандаи терроризми 4 зодаи Тоҷикистон дар Русия 28.02.2015 08:07 1029
4 зодаи Тоҷикистон дар Нижний Новгороди Русия ба кӯшиши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги ин шаҳр айбдор мешаванд.
Ю.Раҳмонов: Мардумро беасос боздошт накунед 25.02.2015 22:36 952
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов аз зердастонаш талаб кардааст, ки тафтиши парвандаҳоро тӯл надиҳанд ва мардумро беасос боздошт накунанд.
Роҳхати марг ба Сурия. Маҳмадшариф ҳамагӣ 30 сол дошт... 25.02.2015 22:34 942
Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи ноҳияи Бохтар дар Сурия, модари 67-солаи ӯро мубтало ба беморӣ карда ва манзили онҳо мотамхонаеро мемонад.
Дар мактабҳо дарси "ахлоқи ҷинсӣ" ҷорӣ мешавад 25.02.2015 22:32 1022
Парлумони Тоҷикистон ризоият дод, ки дарси ахлоқи ҷинсӣ ба барномаи таълимӣ дар мактабҳо ворид шавад. Намояндагони маҷлис мегӯянд, ҳадаф огоҳ кардани наврасон аз бемориҳои ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳамлҳои номатлуб аст.
Номаи тунди 4 идораи роҳдории Душанбе ба ТВ давлатӣ 25.02.2015 22:28 1001
Раҳбарони соҳаи роҳдории Душанбе аз Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон хостаанд, пахши гузоришҳои "боғараз" ва "ғайримунсифона" дар бораи роҳҳои пойтахтро бас кунад.
Қирғизистон роҳҳояшро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад 25.02.2015 22:26 928
Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои сохтани роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 45 миллион доллар додааст.
Чоловҳо: 5 нафар дар пушти панҷара 24.02.2015 07:40 1020
Мақомоти умури дохила дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршо Чолов, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқиро бо гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт боздошт кардаанд.
Нирӯҳои "Хосадор"-и Покистон ду тоҷикро озод карданд 24.02.2015 07:34 908
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷумъаи гузашта барои вуруди бидуни иҷозаи ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар боздошт буданд, рӯзи 23 феврал раҳо шуданд.
Некӣ бимонад ҷовидон. Амри хайри Ситора Азимӣ 24.02.2015 07:32 1106
Овозхони тоҷик Ситора Азимӣ ташаббусеро бо номи "Некӣ бимонад ҷовидон" ба роҳ андохтааст, ки ҳадафаш бо иҷрои ягон кори амалӣ ёрӣ расондан ба пирону дармондагон аст.
Ҳероин. Дар коляска, дар бадани кӯдак ва ҳатто дар ... лонаи гург 23.02.2015 11:45 985
Пулиси Русия аз боздошти ду зан бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Тамбов хабар дод ва гуфт, ин занон дар ин пеша кӯдакони хурдсоли худро ҳамчун сипар истифода мебурданд.
Нафси бад дар як сол сари 129 мансабдорро "хӯрдааст" 23.02.2015 11:43 1052
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд.