20:11:48 11-уми Июни 2026 сол
Ҷанги ду авлод дар Қумсангир: як куштаву се захмӣ 02.07.2015 00:12 1241
Дар пайи ҷанги ду хонавода дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ"-и ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳукми "Шайх Умеди Салафӣ" ва сирри пулҳои салафиҳои тоҷик 30.06.2015 23:26 1630
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе Умед Ҷабборов, маъруф ба “Шайх Умеди Салафӣ”-ро бо ҷурми барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ба панҷуним соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Ғуломризоӣ бо пулҳои масҷиди калонтарини Тоҷикистон фирор кардааст 30.06.2015 23:24 1432
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати "СОБ"-ро, ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистон ба ӯҳдааш буд, таҳти пайгард қарор додааст.
Аршавин: Агар "чап" гирем, бисёр овозхонҳои тоҷик ба додгоҳ мераванд 30.06.2015 23:22 1388
Аршавин, сарояндаи эронӣ, барои бозхонии таронаи "Дар оғӯши ту мемирам" аз Нигина Амонқулова узрхоҳӣ кард. Қаблан Нигина ва Тобиш, муаллифони тарона гуфта буданд, ӯро ба додгоҳ мекашанд.
Ишқи “Red Bull” Парвизро ба Сурия бурд 30.06.2015 23:20 1440
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Абу Довуди Тоҷикӣ” - раҳбалади Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик дар Ироқ бардурӯғ аз “шаҳид” шудани худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Марги мармузи бародари Баха 84 дар пойтахти Фаронса 30.06.2015 23:19 1520
Наздикони Сӯҳроб Қосимов мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса зоҳиран дар натиҷаи ҳамлаи ғоратгарон ҳалок шудааст.
Саймӯъмин Ятимов: "Амнияти марз амнияти мардум ва давлат аст" 25.06.2015 12:33 1303
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаламрави ҳар кишварро яке аз муқаддасот ва рукни давладории он номида, амнияти ҳар халқу давлатро ба сатҳи ҳифзи марзҳои он вобаста донист.
26 июн – рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар 22.06.2015 00:07 1939
Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26-уми июнро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ...
Ҷамшед Алиев: Вақте ҷасади Салоҳиддинро дидам, сараш набуд 22.06.2015 00:00 1264
Писари аммаи Салоҳиддин Азизов, ки дар рӯзи қатли ӯ дар Русия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буд, дар мурофиаи Иля Горячев - раҳбари гурӯҳи қавмгарои БОРН шоҳидӣ додааст.
Посухи манфии Додгоҳи Қонуни асосӣ ба "Babilon-Mobile" 17.06.2015 23:23 1265
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар баҳси печидаву тӯлонии ширкати "Бабилон" ва Кумитаи андоз қазияро ба нафъи давлат ҳал кардааст.
Баёнияи нахустини Толибон дар бораи марзбонони тоҷик 17.06.2015 23:21 1247
Толибон бо нашри як баёния эълон кард, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда" чаҳор марзбони ба асоратуфтодаи тоҷикро озод кардааст. Гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон гуфт ...
Раҳоии 4 марзбони тоҷик аз асорати Толибон бо мусоидати Қатар 15.06.2015 10:36 1202
Чаҳор марзбони тоҷик, ки ҳудуди ҳафт моҳқабл ба асорати Толибон афтода буданд, бо миёнҷигарии кишвари Қатар раҳо шуданд.
Баҳси хунини 100 кило ҳероин. Оғози мурофиаи “Ҳоҷӣ Самандар” 10.06.2015 23:39 1441
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи пурсарусадои “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ба қатли ду бародар барои пули маводи мухаддир айбдор мешавад, шурӯъ кардааст.
Сурайё аз рашк даст ба худкушӣ зад ва ҷон дод 10.06.2015 23:38 1347
Зане, ки аз дидани як зани дигар дар мошини ҳамсараш ба хашм омада буд, бо бензину гӯгирд ба коргоҳи шавҳараш омада, дар пеши чашми одамон худро оташ задааст.
Додгоҳ мегӯяд, даъватшаванда аз мошин ҷаҳид ва маҷрӯҳ гашт 10.06.2015 23:36 1425
Додгоҳ гуфт, латукӯби СаидалӣҲақбердиев, ҷавоне аз Панҷакент аз ҷониби афсари собиқи комиссариати ҳарби ин маҳал ҳангоми даъвати маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ исбот нашуд ва фарзияи аз мошин ҷаҳида ҷароҳатҳо бардоштани вайро пазируфт.