07:21:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дастгоҳи ҷосусӣ мамнӯъ аст, аммо маъшуқаҳоро фош мекунад

Истифода аз абзори ҷосусии сабти махфии видео ва садо дар Тоҷикистон манъ аст, вале гоҳо шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти оилавии худ ё барои дифоъ аз хеш дар баҳсҳои ҳуқуқӣ чунин дастгоҳро ба кор мебаранд.

skritaya-kamera_852.jpgЯк зан бо истифода аз дастгоҳи сабти пинҳонӣ огоҳ шудааст, ки ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад ва ҳатто зани дуюм гирифтааст. Ин зан, ки нахост, шиносоӣ шавад, мегӯяд, дар ошкор шудани зани дуюми шавҳараш аз абзори ҷосусӣ истифода бурдааст.

Ин зан гуфт, ки чанде боз рафтори ҳамсараш комилан дигар шуда буд ва эҳсос мешуд, ки бо касе робитаи маҳрамона дорад, вале ҳар боре аз ин мавзӯъ сӯҳбат мешуд, ӯ хашмгин мешуд ва садо баланд мекард. Аммо ин зан мегӯяд, чун наздикони шавҳараш низ зидди ду ҳамсар доштани ӯ буданд, барояш кӯмак карданд, то роз ошкор шавад. Бародари шавҳараш барояш дастгоҳи сабти садо овард, то онро дохили мошин гузошта, гуфторҳои як рӯзи бародарашро сабт кунанд.

“Мо бо шавҳарам хешу таборем. Дар оила падару модару бародаронаш тарафдори мананд. Вақте дидем, ки тағийр ёфтааст, бо бародари донишҷӯяш сӯҳбат кардем ва ӯ бароям як ручкаи хурд оварда, гуфт, ки инро дар мошинаш гузор. Ҳамон рӯзро мо сабт кардем, дар мошинаш ин занашро бурда, УЗИ мекунанд ва дар он ҷо гап мезананд, ки аллакай он зан аз шавҳарам семоҳа ҳомила шудааст. Ҳамаи хонавода ба муқобили шавҳарам баромадем ва гуфтем, ки ё ману ду фарзандам ва ё ҳамон зани бероҳа. Ӯ аз он зан даст кашид, вале то ҳол он қадар муносибаташ бо ман хуб нест. Чун падару модару ҳама тарафдори мананд, дигар чизе намегӯяд,” - гуфт ин зан.

Ошкор шудани ҳамсари дуввуми ин мард бо истифода аз дастгоҳи сабти пинҳонии садо аз ҷониби ҳамсараш дар ҳоле рӯй додааст, ки қонунгузории Тоҷикистон истифода ва фурӯши ин гуна таҷҳизотро қатъиян манъ мекунад. Вале, зоҳиран, одамон ё аз чунин қонун хабар надоранд ва ё ба он эътино намекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ахиран дар бозори “Корвон”, бузургтарин макони савдо дар Тоҷикистон, фурӯши чунин дастгоҳҳоро ошкор карда, фурӯшандагони онро ҷарима бастааст.

Бо онки фурӯши ин гуна таҷҳисот комилан манъ аст ва қонун инро “дахолат ба ҳарими хусусӣ” арзёбӣ кардааст, хоҳишмандони дарёфти чунин дастгоҳҳо зиёданд. Ин абзор асосан дар ҷараёни “драмаҳои хонаводагӣ” ва ё пойидани ҳамсар аз паси ҳамсар истифода мешаванд. Баъзан қарздорҳо барои бозгардондани қарзи худ гуфтугӯ бо қарздорро пинҳонӣ ба навор мебардоранд, то баъдан собит кунанд, ки муомила воқеан ҷой доштааст.

Тоҷирон дастгоҳҳои сабти пинҳониро аз Чин ворид карда, озодона ҳамроҳ бо навъҳои гуногуни телефонӣ мобилӣ ба савдо мегузоштаанд, аммо аз ҷониби мақомот ошкор ва яке бо маблағи 4 ҳазор ва дигар 6 ҳазор сомонӣҷарима шудаанд. Додгоҳ ин тоҷиронро бар асоси моддаи 146 қисми 1, яъне “вайрон кардани маҳрамияти мукотиба” гунаҳкор донистааст.

Зафар Назаров, тоҷире, ки аз ҷониби додгоҳ бо маблағи 6 ҳазор сомонӣҷарима шудааст, дар сӯҳбат ба мо гуфт, ӯ ноогоҳона ин навъи таҷҳизотро аз Чин ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ӯ мегӯяд, чун диданд, ки ин намуди таҷҳизот озодона дар Чин фурӯхта мешавад, фикр карданд, ки дар Тоҷикистон низ чунин аст.

Ӯ гуфт: “Ин таҷҳизот ин ҷо харидор дошт. Бештар занҳо ва ҷавонон харидорони ин гуна дастгоҳ буданд. Ба мо намегуфтанд, ки чӣ кор мекунанд, вале омада, мехариданд. Дастгоҳҳое, ки мо мефурӯхтем, шакли “зажигалка” ва ручкаро доштанд, ки ҳам видео мегирифтанд ва ҳам садо сабт мекарданд. Як рӯз омаданд, ҳамашро ҷамъ карда бурданд ва моро ҷарима бастанд. Ҳоло фаҳмидем, ки ин ғайриқонунӣҳаст, дигар ворид намекунем.”

Баҳром Чориев, тоҷири дигаре, ки бо айни иттиҳом ҷарима шудааст, мегӯяд, аввал онҳоро бояд як бор огаҳӣ медоданд ва дар сурати такрор ҷарима мекарданд. Аммо ин тоҷир мегӯяд, ҳанӯз ҳам сокинони зиёде аз фурӯшандагон чунин намуди таҷҳизотро мепурсанд, вале дар посух онҳо ғайриқонунӣ будани истифода ва фурӯши онро таъкид мекунанд. “Аз фурӯши он мо фоидаи зиёд ҳам намегирифтем. Агар мефаҳмидем, ки ғайриқонунӣҳаст, ҳеҷ гоҳ ин корро намекардем.”

Тавре аз сӯҳбат бо ин тоҷирон маълум шуд, дастгоҳҳои сабти пинҳонии видео ва садо аксаран аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд ва шаклан ба дастгоҳҳои сабти маъмулӣ монанд нестанд. Онҳо бештар ба бозичаҳои хурд ва ё қаламу дигар асбоб монанданд, ки шиносоии зоҳирии онҳо мушкил аст. Ин навъи дастгоҳҳо ба гуфтаи ин соҳибкор бо доштани ғунҷоиши сабти 24-соатӣ аз 50 то 300 сомонӣ арзиш доранд.

Ҳарчанд, фурӯши ошкору пинҳонии ин навъи дастгоҳ таи ду соли ахир дар Тоҷикистон мушоҳида шавад ҳам, аммо то кунун ҳеҷ парвандаи нафаре барои сабти пинҳонӣ тариқи ин навъи дастгоҳ расонаӣнашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз чунин сабтҳо дар интернет пахш шудаанд.

Бино бар қонунҳои Тоҷикистон истифода аз абзори сабти махфии ҳаёти одамон танҳо дар ҳоле барои мақомоти интизомии Тоҷикистон имконпазир мешавад, ки ризоияти пешакии додгоҳ барои ошкор кардани ҷинояти имконпазир гирифта шавад. Ҳамаи ҳолатҳои дигар ғайриқоннуӣ шумурда мешавад. Ин мавридҳо бештар ба ҳаёти оилавӣ рабт доранд ва хеле кам ба ҷосусии тиҷоратӣ.

Ҷалол Каримов, омӯзгори равоншиносӣ мегӯяд, инсон ҳамеша талош дорад, то аз асрори “пушти парда” огаҳӣ дошта бошад ва ба ҳамин хотир бештар ҳисси кунҷкобӣ онҳоро ба истифодаи чунин дастгоҳ водор месозад. Аммо ин равоншинос мегӯяд, аз лиҳози равонӣ истифодаи чунин дастгоҳ чандон оқибати хуб надорад: “Ҳар қадаре дар нисбат ба кори як нафар огоҳиат бештар шуд, ҳамон қадар рӯҳан азоб мекашӣ. Масалан, як зан гуфтори шавҳарашро сабт кард. Шояд мард бо нафаре як шӯхӣ карда бошад, ки он дар зиндагӣҳеҷ воқеият надошта бошад. Аммо зан бо огоҳӣ аз он хеле азоби рӯҳӣ мекашад. Инсон дар чунин маврид ҳассос мешавад ва гушу ҳӯш будан имкон дорад, ки бо гирифтани ҳар гуна иттилои дурусту нодуруст ва ё номаҳфум инсонро бемори равонӣ кунад,” - гуфт равоншинос Анваров.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, шаҳрвандон ҳангоми дучор омадан ба мушкили ҳуқуқӣ аз сабти пинҳонӣ кор мегиранд, ки бештар маънои худдифоиро дорад. Аммо, мегӯяд ӯ, сокинон бештар на тариқи чунин навъи дастгоҳҳо, балки пинҳонӣ бо истифода аз телефони мобилӣ ин корро анҷом медиҳанд.

Ӯ гуфт: “Онҳо ба хотири дифоъ аз худ ин корро мекунанд ва тариқи телефонҳои мобилӣ, ки бо барномаҳое, ки дар дохилаш дорад, истифода бурданаш муимкин аст. Бештар ба он хотир сабт мекунанд, ки мавриди тӯҳмат қарор нагиранд. Ин танҳо вақте хилофи қонун мешавад, ки забтро бо мақсади шантаж ва ё нашру пахш истифода баранд.”

То чанд сол пеш бештар сокинон бо эҳтиёт сӯҳбат мекарданд, то мақомот сӯҳбатҳои “ҳассос”-и онҳоро сабт накунад. Ҳоло бо пешрафти техника имкони сабти пинҳонии рафтору гуфтор барои сокинони оддӣ низ имконпазир шудааст.

Аммо бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон иддае аз тоҷиронро барои фурӯхтани дастгоҳҳои сабти пинҳонии тасвиру садо ҷарима мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi