16:13:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷасади сарбози пойгоҳи 201 ба Душанбе расонда мешавад

Дар Қӯрғонтеппа тасмим гирифта шуд, ки ҷасади сарбози пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, ки зоҳиран, худкушӣ кардааст, барои санҷиши тиббӣ ба Душанбе фиристода хоҳад шуд.

201-dviziya-78655445.jpgМақомоти Додситонии шаҳриҚурғонтеппа, ки дар беморхонаи Бӯрӣ Воҳидов дар назди сардхона ба чанд нафар аз намояндагони пойгоҳи Русия қарор доранд гуфтанд, ки онҳо то шом ҷасади ин сарбозро ба Душанбе мефириcтанд, вале аз тафсилоти бештар худдорӣ карда мегӯянд, ки ҳама чиз баъд аз колбадшикофӣ ва санҷиши ҷасад муайян мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ташхисгоҳи тиббию ҷиноиии вилояти Хатлон, фармондеҳии пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки колбадшикофии сарбози пойгоҳи низомии Русия Михаил Борисов, ки ҷасадаш субҳи 14 май дар дар боғи назди ҳукумати вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дарёфт шуд, бе ҳузури мутахассисони рус ҷараён гирад.

Дар ин бора ба мо Наҷмиддин Садриддинов, сардори ташхисгоҳи тиббию ҷиноиии вилояти Хатлон, хабар дод, аммо гуфт, бино бар таҳқиқи пешакӣ ин сарбоз худкушӣ кардааст. Вале далели аслии фавти Борисовро колбадшикофӣ (вскрытие) нишон хоҳад дод, ки мутахассисони тоҷик гуфтаанд, ҳамроҳ бо ҳамтоёни руси худ баргузор хоҳанд намуд.

Соатҳои 7:30-и субҳи 14 май ҷасади сарбози пойгоҳи 201-и Русия Михаил Борисови 21-соларо дар боғи назди ҳукумати вилояти Хатлон дар ҳоле кашф шуд, ки ба дарахт овезон буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппа ба мо гуфтанд, ҷасад шиносоӣ шудааст ва бино бар маълумоти пешакӣ, Борисов худкушӣ кардааст. Фармондеҳии пойгоҳи 201-и Русия низ ба ин эҳтимол майл дорад, ки сарбоз даст ба ҷони хеш задааст.

Хабарнигори мо дар минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки ҳамакнун ҷасади ин сарбоз ба сардхона интиқол дода шудааст. Аз пажӯҳиши пешакӣ ошкор гаштааст, ки Борисов соати 6:30 ду духтари русзабонро ба мулоқот дар боғи назди ҳукумати вилояти Хатлон даъват кардааст. Вақте духтарон ба ин ҷо расидаанд, ҷасадро овехта дар дарахт пайдо намудаанд. Ҳоло пулис ин духтаронро бозпурсӣ мекунад.

Гаштугузори сарбозони пойгоҳиҳарбии 201-и Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо либоси ҳарбӣ ва мулкӣ озод аст. Ин пойгоҳ ба бахшҳое дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон тақсим шуда, тибқи шартномаи дуҷониба бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи заминии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

Пеш аз ин дар моҳи ноябри соли 2014 хидматчии ҳарбии 23-солаи ин пойгоҳ Александр Майер худро аз боми як бинои нуҳошёна дар наздикии бахши пойгоҳ дар шаҳри Душанбе поён афканд ва ба ҳалокат расид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi