01:17:44 01-уми Июли 2025 сол
Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе 26.04.2015 22:58 1075
Иззатулло Ҳаёев - собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд. Маросими видоъ бо ӯ дар масҷиди марказӣ баргузор гардид.
"Фотеҳа" дар айни мактабхонӣ. "Ғамхорӣ" ё "хизмати хирсона"? 26.04.2015 22:57 966
​Дар Тоҷикистон ҳанӯз қонунҳои нонавиштаи бархе аз хонавода ва минтақаҳо бетағйир боқӣ мондааст, ки бар асоси он духтарон дар синне, ки бояд пушти мизи дарсӣ бошанд, ба хонаи бахт гусел мешаванд.
Додгоҳи Н.Ғ. ва Ш.А. барои танфурӯшии 4 зани тоҷик дар Дубай 26.04.2015 22:55 1151
Масъулони додгоҳи Хуҷанд мегӯянд, ду сокини ҳамин шаҳр дар соли 2008 чор ҷавонзанро аз роҳи, ба гуфтаи онҳо, фиреб ба Дубай бурда, тавассути дӯстонашон ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.
Парванда алайҳи 18 сокини Тоҷикистон барои харидуфурӯши кӯдак 26.04.2015 22:51 1053
Мақомоти Тоҷикистон алайҳи 18 шаҳрванди кишвар бо ҷурми харидуфурӯши кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва мегӯянд, ин мавридҳо дар чанд моҳи аввали соли 2015 сабт шудаанд. Харидорону фурӯшандагони кӯдакон дар Тоҷикистон аксаран занон будаанд ва дар ин муомилоти ғайриқонунӣ бештар кӯдакони ҷинси мард харидуфурӯш мешаванд.
Ба духтар табдил ёфтани писари Малика Қаландарова дар "Пусть говорят" 23.04.2015 21:49 2353
Сарнавишти Артур Гулкоров, писари раққосаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова (Каронтарова) дар маркази намоиши нави Андрей Малахов қарор хоҳад гирифт.
Номаҳои ошиқона аз Сурия қариб дили духтареро бурдаанд 23.04.2015 21:48 1480
Духтаре мегӯяд, як ҷиҳодии тоҷик дар Сурия ӯро ба назди худ даъват кард ва гуфт, харҷи роҳро мепардозад, аммо, ҳарчанд духтар озими Сурия ҳам набуд, ҳамсари он ҷавон ин робитаро қатъ намудааст.
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандӣ омода мешавад 23.04.2015 21:47 1134
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандии ин кишвар омода мешавад, ки ҳуқуқи зодагони Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳимоят хоҳад кард ва ба хориҷиён имкони осонтари шаҳрвандиро фароҳам хоҳад овард.
Шарҳи расмии мақомот ба ҳодисаи мактаби 44-и Рашт 23.04.2015 21:45 1101
Мақомоти амниятии тоҷик мегӯянд, ки сӯзонда шудани овезаҳо ва харитаи Тоҷикистон дар мактаби шумораи 44-и ноҳияи Рашт дар чанд рӯзи пеш, ҷанбаи сиёсӣ ва динӣ надошта ва дар заминаи хусумати шахсӣ ва оилавӣ сар задааст.
Пешниҳоди ҳатмӣ шудани "аҳдномаи никоҳ" дар қонун 23.04.2015 21:42 1149
Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.
Дар таркиби хуни Умаралӣ Қувватов маводи психотропӣ пайдо шудааст 23.04.2015 21:40 1016
Хабаргузории Анадолу ба нақл аз манобеи худ дар полис иттилоъ додааст, ки дар таркиби хуни раҳбари кушташудаи мухолиф УмаралӣҚувватов маводи психотропии клозапин пайдо шудааст.
Зане се сол ба таҷовузҳои хусураш тоқат кард ва сипас... 22.04.2015 01:27 990
Якзанитоҷикшикояткард, кидар 3 сол 550 боразҷонибихусураштаҷовузшудааст. Додгоҳи вилояти Суғд ин мардро барои озори ҷинсӣ нисбати ҳамсари писараш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
ВКД: "Мо дастур надодаем, ки ришҳоро маҷбуран тарошед" 22.04.2015 01:25 1044
Масъулони вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ҳеч дастур нест, ки маҷбуран тарошидани риши сокинонро иҷоза диҳад. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, дастур шудааст, то ҷавонон ба ришмонии ботартиб ташвиқ шаванд.
Илҳом барои қатли ҳамхизматаш 12 сол гирифт 22.04.2015 01:24 990
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон як сарбози қисмии низомии мустақар дар ноҳияи Бохтарро ба иттиҳоми қатли ҳамхизматаш барои 12 сол равонаи зиндон кард.
Бо норинҷаку маводи мухаддир ба шӯъбаи полис? 22.04.2015 01:21 898
Як тоҷики муаззини яке аз масҷидҳои шаҳри Махачқалъаи Доғистонро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани норинҷак ва маводи мухаддир айбдор мекунанд. Дар ин бора Мурод Маллаев, вакили дифои Ибодулло Наботов, ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.
Убайдуллоев: "То вақте сари вазифа ҳастам, касе аз хонандагон пул намегирад" 18.04.2015 22:46 1109
Шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорону мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба пулситонӣ дар мактабҳо хотима бахшанд, вагарна ба гуфтаи ӯ то замоне сари вазифа ҳаст, оянда надоранд.