09:21:36 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28

"East Air" аз Тоҷикистон рафт

Ширкати “East Air” ҳамаи ҳавопаймоҳояшро аз қайди Тоҷикистон бароварда ва ба кишварҳои дигар фиристодааст.

eastair-46565556.jpgШиркат “East Air”, ки дорои порки ҳавопаймоҳои замонавӣ дар Тоҷикистон буд, акнун Airbus ва Boing−ҳояшро аз Тоҷикистон берун бурдааст. Владимир Куимов, раҳбари ширкати “East Air” рӯзи 20 май дар сӯҳбат бо мо гуфт, "мо ҳавопаймоҳоямонро ба Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистон фиристодем. Чунки ширкати мо дар ин кишварҳо низ кор мекунад ва ҳавопаймоҳои мо дар ин кишварҳо парвоз анҷом медиҳанд."

Ҷаноби Куимов афзуд, дар Тоҷикистон ягона тайёраи ин ширкат боқӣ мондааст, ки дар Кӯлоб ба садама дучор шуда буд ва ҳоло мавриди баҳси додгоҳӣқарор дорад. Куимов мегӯяд, муроҷиатҳои бамаротиби ширкати “East Air” ба мақомоти Тоҷикистон барои тамдиди муҷаввизи парвоз натиҷа надоданд ва онҳо дафтари марказии худро дар бинои “Созидание”-и Душанбе тарк карданд. Аз бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон берун шудани  "East Air" дар ҳолест, ки масъулонаш мегӯянд, ширкатҳои рақиб ин ширкатро барои нархи арзони парвозҳояш аз бозор ронданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “East Air”-ро, ки арзонтарин чиптаҳои парвоз дар масири  Русияро мефурӯхт, аз ҳаққи фаъолият дар Тоҷикистон маҳрум кард. Масъулони раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт мегӯянд, муҷаввизи ин ширкат ба хотири саривақт бартараф накардани нуқсонҳои техникӣ бозхонда шуд.  

Владимир Куимов мегӯяд, маҳз нисбатан арзон будани нархи чиптаҳои ширкати “East Air” ширкатҳои рақибро нороҳат карда буд: «Ин кори мо ба касе маъқул набуд. Сахт маъқул набуд... ба кадоме аз роҳбарон. Хусусан ба ширкати “Tajik Аir", - гуфт ӯ.

Ин иддаои Куимов дар мавриди ширкати “Tajik Аir" ва эҷоди рақобати носолим дар бозор дар ҳолест, ки масъулони ин ширкат гуфтаҳои Куимовро бепоя хонданд. Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “Tajik Аir” дар сӯҳбат бо мо гуфт, ин иддаои Куимов ҳеҷ асосе надорад, зеро муҷаввизи парвозро на “Tajik Аir”, балки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон содир мекунад.

“East Air” ширкати саҳҳомӣ буда, 51 дарсади саҳмияҳояш ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад ва 49 дарсади дигари ҳиссааш ба як шаҳрванди Олмон тааллуқ дорад. Ин ширкат, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бо 5 ҳавопаймо, аз ҷумла 3 ҳавопаймои тамғаи “Airbus A320» ва 2 ҳавопаймои “Boing 737” аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои  Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон ва Оренбурги Русия парвозҳо анҷом медод.

Зимнан, нархи чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои Осиёи Миёна гаронтар аст. Барои мисол, чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав ба ҳисоби миёна 1950 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳоле, ки чиптаи ҳавопаймо аз шаҳри Ӯши Қирғизистони ҳамсоя ҳамагӣ 1300 сомонӣ мешавад. Парвоз аз Бишкек ба Истамбули Туркия низ аз Тоҷикистон ба маротиб арзон аст. Харҷи як тарафи  сафари Душанбе ба Истамбул ба ҳисоби миёна 2730 сомонӣ бошад, аз Бишкек бошад бо харҷи каме беш аз 1600 сомонӣ анҷом мешавад.

Қимати парвозҳо аз  Тоҷикистон то ҳадде гарон аст, ки муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик аз шаҳрҳои Русия тариқи шаҳрҳои Қирғизистон ва Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб худро ба ватан мерасонанд. Неъмат Шарифов, донишҷӯи тоҷик дар ин робита мегӯяд: “Аз шаҳри Тюмен то ба Хуҷанд рейс ҳаст. Аммо ман дидам, ки бо воситаи шаҳри Ӯш биёям, арзонтар аст. Аз ин рӯ бо воситаи ҳамин шаҳр ба хона омадам”.

Собиқадорони арсаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, гаронии чиптаҳо чанд омил дорад: қимат будани сӯзишворӣ, ҳавопаймоҳои фарсуда, созишномаҳои лизингии пурхарҷ ва вобастагӣ аз мутахассисони хориҷӣ. Аммо аксари соҳибназарон гарон будани нархи сӯзишвориро сабаби аслии гаронии чиптаҳои ҳавопаймо мешуморанд. Тоҷикистон маводи нафтиро аз хориҷ ворид мекунад ва намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳақи танзими нархи чиптаҳоро надоранд.

Як манбаъ аз ин хадамот дар сӯҳбат бо мо гуфт: “Мувофиқи қонунҳо, мо нархи ҳамон ширкатҳоеро танзим мекунем, ки дар бозор ҳукмфармо бошанд, яъне саҳмашон аз 35 дарсад зиёд бошад. Аммо мо ширкате надорем, ки беш аз 35 дарсади бозори ҳавопаймоиро дар ихтиёр дошта бошад. Ҳамчунин дар қатори ширкатҳои ватанӣ беш аз 20 ширкати хориҷӣҳастанд, ки кор мекунанд”.

Зарипов афзуд, агар онҳо якҷониба нархи чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниро танзим кунанд, фоидаи аслиро ширкатҳои хориҷӣ мегиранд, ки ин ба нафъи иқтисоди кишвар нест.    

Ҳоло дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии дохилӣ, яъне «Сомон эйр», Тоҷик эйр» ва боз 20 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ба дохилу хориҷи кишвар мусофир мекашонанд. Аммо гуфта мешавад, ки  хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба далели ҳимояти ширкатҳои дохилӣ, ба ширкатҳои хориҷӣ имкон намедиҳад, ки нархи чиптаҳояшонро ба қадри қобили мулоҳиза поин бубаранд. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон нархи билети ҳавопаймо нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна болотар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi