11:44:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Осеби сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Истаравшан ва Ашт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз марги ду духтари ҷавон дар пайи омадани сел дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Ин сел дар Истаравшану Ашт қисме аз роҳҳоро хароб карда, чанд мошинро бурдааст.

obkhezi_86554122.jpgКумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду духтар дар пайи омадани сели 17 май дар ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Ориф Нозимов, сухангӯи кумита гуфт, ки ин духтарон Марям Абдуллоеваи 18-сола ва Хайриниссо Абдуллоеваи 16-сола буда, ҳодиса дар чарогоҳи наздик ба рустои Нафтобод рух додааст. "Ҷасади онҳо дар ҳудуди деҳаи Қарокамари ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд,"- афзуд ӯ.

Дар пайи борони сахте, ки нимирӯзи якшанбе май борид, қисме аз роҳҳои мошингарду қубурҳои обгузар дар Истаравшану Ашт низ хароб шуда, чанде аз мошинҳо зери обу лой мондаанд. Ба иттилои масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Истаравшану Ашт барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва дақиқ кардани зиёни сел дар ин минтақаҳо комиссия таъсис ёфтааст.

Рустам Яҳёев, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Истаравшан, 18 май дар сӯҳбат ба мо гуфт, сел дар ин шаҳр сабукравҳои як таваққуфгоҳро, ки дар маркази ин шаҳр ва дар селраҳа ҷойгир буд, бурдааст. "Ҳоло шумораи нақлиёти харобшуда ва зиёни расида ба хонаву иншооти сокинон ва роҳро дақиқа мекунем,"- афзуд вай. Аммо сокинони Истаравшан аз ҳадди ақалл ба зери об рафтани 11 мошин хабар медиҳанд.

Бархе аз корбарони торнамои мо дар Истаравшан рӯзи якшанбе, ҳамагӣ баъд аз чанд лаҳзаи омадани сел, ба нишонии мо ду видео фиристода ва дар шарҳи он гуфтаанд, ки ба камияш аз 12 то 15 сабукрави сокинон зери обу лой монда, баъзеашон аз истифода баромадаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин бориши сахти борон қарибиҳои соати 13 сар шуда, дар як дам сатҳи оби сой, ки аз маркази шаҳри Истаравшан мегузарад, боло рафтааст.

"Аз сабаби он ки об якбора калон омад, одамон ҳеч кор карда натавонистанд,"-гуфт як сокини шаҳри Истаравшан дар сӯҳбат бо мо.

Ба қавли ин мусоҳиби мо мошинҳо дар ҷое будаанд, ки аз он ҷо бояд оби сой мегузаштааст: "Азбакси об кам буду қисме аз ин сой холӣ буд, сокинон он ҷойро ба ҳайси таваққуфгоҳ истифода мекарданд. Сел, ки омад, дарҳол мошинҳоро тел дода ба дур бурд ва баъзеяшон ба якдигар бархӯрда тақрибан аз истифода баромадаанд." Дар наворҳои фиристодаи корбарони мо ҳам дида мешавад, чигуна оби калони лойолуд мошинҳоро гирифта мебарад.

Бархе аз сокинони ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт низ аз зери обу лой мондани 5 мошини хурду калон хабар медиҳанд. Онҳо мегӯянд, сел дар ин минтақаи Тоҷикистон тақрибан 800 метр қубури обгузарро низ вайрон кардааст. Ин қубурҳои обгузар ҳанӯз як моҳ пештар дар кӯчаи Тагисангии ин деҳа насб шуда будаанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Ашт гуфт, сел қисме аз роҳи мошингарди Ашт - Хуҷандро дар мавзеи наздик ба корхонаи "Кони намак" бо лойқаву шағал пӯшондааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сел дар Қубодиён ҷасади як кӯдаки 6-соларо аз ин ноҳия ба дурии 8 километр то ноҳияи Носири Хисрав бурда, чандин танро захмӣ ва хонаҳоро низ вайрон кард.

Он вақт Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, 150 нафар аз 21 хонавода, ки хонаҳояшонро сел вайрон кард, дар хаймаҳо ҷойгир шуда, ба онҳо обу ғизо ва дорувор расонда мешавад. Соҳибони ҳудудан 50 хонаи дигар, ки манзилҳояшон қисман хароб шудаанд, шабро дар хонаи хешу табор рӯз намуда, рӯзона асбобкашӣ мекунанд, зеро ба онҳо гуфтаанд, ки зиндагӣ дар он хонаҳо бехатар нест.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi