01:07:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кумитаи ҷавонон ба "феҳристи сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ афтод

Дафтари бозрасии кулли Амрико баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор кардааст.

javonon-vich-spid-452187.jpgБозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) мегӯянд, ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакорӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи бозрасон, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кӯмакҳо - Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Баъд аз ифшои сохтакорӣ, Бунёди глобалӣ аз дафтари UNDP дар Тоҷикистон талаб кардааст, ки маблағҳои тақаллубшударо бозгардонад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бошад, ба ба феҳрасти "сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ шомил шуд ва дигар ҳаққи гирифтани кӯмак аз ин бунёдро надорад.

НАРХҲОИ ФАРҚКУНАНДА

Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории сил, ВИЧ СПИД ва табларза дар кишварҳои камбизоати ҷаҳон барнома иҷро мекунад ва то кунун ба Тоҷикистон 139 миллион доллар кӯмак расондааст. Як нусхаи гузориши муфаттишони амрикоии дафтари OIG, ки охири моҳи март омода шудааст, дар дастраси мо низ қарор гирифт.

Бозрасони амрикоӣҷузъиёти харҷи маблағҳоро бо санадҳои кумита ва коршарики он - ширкати хусусие бо номи “Комёб” нашр кардаанд ва мегӯянд, баъзе аз санадҳо сохтакорӣ шудаанд.

Барои як барномаи пешгирӣ аз бемории норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон Бунёди глобалӣ ба Кумитаи ҷавонон аз моҳи июли соли 2011 то ноябри 2012 беш аз 300 000 доллар додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба ширкати “Комёб” барои харидани молу ашёи гуногун, аз ҷумла MP3, DVD-плейерҳо, дафтару қалам ва бастаҳои беҳдоштӣ пули барзиёд додааст, ҳарчанд ин ашё дар бозор арзонтар будаанд. Бозрасҳо навиштаанд, ки нархи як MP3 Player дар 12 моҳ аз 64 то 140 сомонӣ, яъне 118 фоиз бештар нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки як ожонсии таҳқиқи нархҳо дар Тоҷикистон қиммати як MP3 Player- ро ба бозрасҳо 31 сомонӣ гуфтааст, ки назар ба 140 сомонӣ ба маротиб камтар аст.

Бозрасони амрикоӣ мегӯянд, дар ҳисоботи хоҷагидорӣ молу ашё бо арзиши зиёда аз 7 ҳазор доллар зикр гардааст, аммо ин мавод аслан харидорӣ нашудаанд. Ширкати “Комёб” ҳам натавонистааст, санадҳои собиткунандаи ин харидҳоро пешниҳод кунад. Масалан, ширкати “Комёб” санади хариди 127 DVD Player-ро ба бозрасон нишон додааст, вале дар санадҳои Кумитаи ҷавонон омадааст, ки онҳо 232 плейер харидаанд. Ширкати Комёб санади харидани 444 бастаи беҳдоштиро дорад, вале дар санадҳои кумита ин ашё беш аз 100 дона зиёдтар омадааст.

"КОМЁБ"-И БИДУНИ РАҚИБ

Бозрасони амрикоӣҳамчунин ба шеваи интихоби коршарикони Кумитаи ҷавонон, ки бидуни алтернатива ва бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст эрод гирифтаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, ширкати “Комёб” соли 2013 дар адресе сабт шудааст, ки истиқоматкунандаи он хона аслан аз вуҷуди чунин ширкат хабар надоштааст ва гузашта аз ин дафтари ширкати “Комёб” барои чанд муддат ба яке аз қароргоҳҳои Кумитаи ҷавонон кӯчидааст.

Ба навиштаи бозрасон, ҳамоҳангсози барномаи кӯмак аз Кумитаи ҷавонон шахсе будааст, ки дар гузашта ба ҳайси муҳосиб дар “Комёб” кор мекард. Аз ин рӯ муфаттишони Дафтари бозрасии кулли Амрико, ба равобити наздики ширкати “Комёб” ва Кумитаи ҷавонон ишора карда, интихоби “Комёб”-ро ҳамчун коршарик ҳам ғайришаффоф ва ҳам мухолифи меъёру муқаррарот номидаанд.

Бо назардошти ин дафтари UNDP ва ниҳодҳои иҷрокунандаи тарҳ бояд то охири имсол бештар аз 116 ҳазор долларро, ки метавонист барои пешгирӣ аз бемории ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон сарф шавад, ба Бунёди Глобалӣ баргардонанд.

ВОКУНИШИ КУМИТАИ ҶАВОНОН

Мақомоти феълӣ ва пешинаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шарҳи ин гузориш гуфтанд, ки дар воқеъ чунин тафтиш сурат гирифт ва аудиторҳои амрикоӣ дахлу харҷи Кумитаро аз рӯи барномаи мубориза бо СПИД санҷида буданд. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки натиҷаи ин санҷиш то ҳол ба дасти онҳо нарасидааст.

Зариф Мӯъминов, роҳбари шӯъбаи молияи кумита гуфт, “Кумита аз Бунёди глобалӣ солҳои қабл кӯмак дарёфт карда буд. Ман танҳо моҳи январи соли равон ба ин вазифа таъйин шудам ва аз ин рӯ дар ин маврид ба шумо чизе гуфта наметавонам.”

Мавсумахон Мӯинова, муовини аввали раиси Кумитаи варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки масъули пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон аст гуфт, ки аз аудит хабар дорад, вале дар ин бора аз ин беш маълумот дода наметавонад. Аз кормандони қаблӣ, Кабирҷон Ҷӯраев, муовини собиқи раиси Кумитаи ҷавонон, ки дар вақти иҷрои барнома кор кардааст, ба мо гуфт, аз ин тарҳ хабар дорад, вале гуфт ӯ, додани маълумот дар ин робита масъулияти раҳбарони феълии кумита аст.

Гуфта мешавад, ки масъалаи ин сохтакорӣ рӯзи 24-уми апрел дар нишасти Комиссияи миллии ҳамоҳангсози барномаҳои мубориза бо бемории СПИД, сил ва табларза дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ин нишаст, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид -- UNDP-ро танқид кардааст, ки дар иҷрои ин барнома саҳлангорӣ нишон дода, вазорати беҳдошт ва кумиссиюни миллиро аз омадани аудиторони хориҷӣ огаҳ накардааст. Ёддоштҳо аз ин нишаст низ дар ихтиёри мо ҳаст.

ВОКУНИШИ UNDP

Намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе гузориши ОIG-ро дар посухи катбие ба мо рӯзи 12-уми май шарҳ дод ва навишт, ки баъд аз ошкор шудани қонуншиканиҳо дар истифодаи кӯмакҳои молии Бунёди глобалӣ, UNDP ин масъаларо бисёр ҷиддӣ гирифт ва аз ин ба баъд робитаро бо дарёфткунандаи кӯмакҳо (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) қатъ кард.”

Ин ниҳод ҳамчунин навиштааст, ки, барои ҷилавгирӣ аз чунин мавридҳо ва назорати муносиби барномаҳо, аз ҷумла дар ҷараёни иҷроиши онҳо ва санҷиши гузориши истифодабарандагони кӯмакҳо чораҳои фаврӣ андешидааст. Ва тавре гуфта шуд, Бунёди глобалӣ низ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро аз ҳаққи дастрасӣ ба кӯмакҳои худ маҳрум кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi