17:10:42 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Р. Раҳимзода: Қариб 390 тоҷик ба ҷиҳодиҳо пайвастаанд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мушаххас кардааст, ки 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.

ramazoni-rahim_65214545.jpgМақомоти тоҷик мегӯянд, ки ба пояи иттилои онҳо, 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқҳузур доранд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ин матлабро рӯзи душанбеи 11-уми май дар ҳамоиши марбут ба “Густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб сурат мегирад, баён кард. Ҷаноби Раҳимзода гуфт, ки аз ин теъдод, 40 нафарашон ҳамроҳи зану фарзандонашон дар Сурияву Ироқ ва Афғонистону Покистон қарор доранд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз боздошти як сокини ноҳияи Ваҳдат иттилоъ дод, ки чандин тан аз пайвандони худро барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ фиристодааст. Аммо Рамазон Раҳимзода аз ин шахс ном набурд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ кард, аммо гуфт, ки маълумотҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣҳокист, ки муддати як моҳи ахир рафтани ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурияву Ироқ то андозае коҳиш ёфтааст.

Густариши тундгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз мавзӯоти матруҳаи ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон аст. Ин ҳамоиш, ки рӯзи душанбеи 11 май дар шаҳри Кӯлоб ба ибтикори вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд, мақомоти давлатӣ, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи маданӣ, таҳлилгарону коршиносонро гирди ҳам овардааст, то сабабҳои густариши тундгароӣ ва ҳамин тавр, пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро баррасӣ кунанд.

Ҳамоиши густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, теъдоде аз ҷавонони ин минтақа, ба хусус шаҳри Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Зеро гуфта мешавад, аз минтақаи Кӯлоб 33 нафар ба Сурия рафтаанд, ки 23 нафари он аз шаҳри Кӯлоб ва бақия аз ноҳияҳои Фархор, Мӯъминобод, Данғара ва Ҳамадонӣҳастанд. Ахиран маълум шуд, ки се нафар аз як деҳаи ноҳияи Данғара дар Сурия ҳастанд, ки яке 16 сола, дуввумӣ 18 ва саввумӣ 25 сол доранд. Бино ба гузоришҳо то кунун дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ бештар аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, чанд рӯзи пеш дар як ҳамоише гуфт, ки дар робита ба афроде, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин ҳол вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман эълон кард, ҷавононеро, ки аз иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд, мавриди авф қарор хоҳад дод.

Мақомоти ин ниҳоди қудратӣ 9 май бо нашри эълони расмӣ гуфтанд, ин қабил ҷавонон аз ҷавобгари ҷиноӣ озода буда, метавонанд ба зиндагии осоиштаи худ дар Тоҷикистон идома диҳанд. "Ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд,"-таъкид шудааст дар эълони ВКД.

Аз ингуна ҷавонон хоста шудааст, барои дарёфти посух ба суолҳояшон ва дарёфти кӯмак ба телефони боварии ВКД (221 21 21) тамос бигиранд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта, ки омодаааст, барои баргардондани ҳаминагуна шаҳрвандони пушаймоншудаи худ ҳаматарафа ёрӣ кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi