Султоншоев: "Ман фақат шогирди дарсгурезро танбеҳ додам"
20.10.2015 23:53
1303
Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки беш аз даҳ руз боз барои "гӯшмол"-и як шогирдаш аз корбарони Интернет гап мешунавад, чунин бархӯрди худро шарҳ дод ва гуфт, ин кораш барқасдона набуд.
Ҷузъиёти қатли ду маъмури пулиси Исфара
20.10.2015 23:51
1602
Барои таҳқиқиҳодисаи куштори ду милиса дар Исфара гурӯҳи вижа таъсис дода шудааст, ки раҳбарии онро яке аз муовинони сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд бар дӯш дорад.
Боздошти 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар Истамбул
20.10.2015 23:49
1295
Дар пайи як амалиёти нерӯҳои интизомии Туркия 53 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон боздошт шудаанд, ки 24 тани онҳо ҳанӯз ба балоғат нарасида, қасд доштаанд, ба ДИИШ пайванданд.
Тоҷикистон як мубаллиғи ҷангҳои Сурияро 16 сол зиндонӣ кард
20.10.2015 23:48
1352
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ин минтақаро барои таблиғ ва ҷалбу гусели шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Фирори ду шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти пулиси Туркия
06.10.2015 20:36
1457
Ду ҷавони тоҷик 19-уми августи соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия дастгир шуда, аммо зимни муҳокимаи додгоҳии истирдод ба Тоҷикистон, фирор кардаанд.
Оғози муҳоқимаи ҳодисаи марги сарбоз дар додгоҳ
06.10.2015 20:33
1415
Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст.
3,5 соли зиндон ба Ҷавҳаршоҳ, бародари "Қурбони Чол"
06.10.2015 20:32
1724
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршоҳ, бародари Қурбон Чолов (Қурбони Чол), аз фармондеҳони пешини Фронти халқиро барои севуним сол равонаи зиндон кардааст.
Марҷона мегӯяд, ДОИШ аз ӯ "фидоӣ" месозад
02.10.2015 22:00
1655
Як зани ҷавон аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз Сурия ба ҳамсараш пайғом додааст, ки агар ӯро ба ватан барнагардонанд, ҷангиён аз ӯ террористи маргталаб месозанд. Ин зан Марҷона Аланазарова ном дорад ва моҳи сентябри соли 2014 ...
Се писари Назарзода озод, вале се бародараш кушта шудааст
28.09.2015 22:00
1727
Фарҳод Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода 28-уми сентябр ба мо гуфт, амакбачаҳояш бо номи Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад бо шарти берун нашудан аз маҳаллӣ зист аз боздошт раҳо шудаанд. Ӯ гуфт, ҳоло касе ба онҳо кор надорад, вале барояшон гуфтаанд...
Русия ширкаташ дар ҷанги Тоҷикистонро эътироф мекунад?
21.09.2015 08:46
1404
Кумитаи кор, сиёсати иҷтимоӣ ва умури ветеранҳои Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия, ахиран се тарҳи иловаҳо ба қонуни Русия дар бораи ветеранҳоро баррасӣ карда, аз миёни онҳо тарҳеро пазируфт, ки аз сӯи фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” таҳия шуда ...
Баррасии парвандаи як ҷонибдори "Гурӯҳи 24" дар Маскав
21.09.2015 08:43
1537
Рӯзи 21 сентябр додгоҳи байниноҳиявии минтақаи Кунтсевои шаҳри Маскав дархости додситонӣҷиҳати боз ду моҳи дигар тамдид кардани замони боздошти Соҳибназар Абдуназаров, як ҷавони тоҷики гумонбар ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро баррасӣ мекунад.
Хидмати сарбозӣ 1,5 сол мешавад?
15.09.2015 09:32
1334
То ба ним сол кам кардани мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз муҳимтарин нукоти тарҳи нави қонуни “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ” аст, ки аз сӯи намояндагони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон омода ва ба баррасии парлумон фиристода шудааст.
Маскав Душанберо ба узвияти "АвроОсиё" таҳрик медиҳад
13.09.2015 23:47
1345
Баъзе аз ширкатдорон дар нишасте дар шаҳри Душанбе, ба дур шудани Тоҷикистон аз мадори сиёсии Русия ва рӯ оварданаш ба самти Чин ишора карданд. Ин нишаст, ки “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” унвон гиртфта буд, бештар ҷамъомадеро мемонд...
ВКД: Аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар моҳ 100-долларӣ мегирифтанд
06.09.2015 16:54
1759
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр бо нашри иттилои тоза дар бораи аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода гуфт, ки онҳо ҳар моҳ сад долларӣ ва, инчунин, маводи ғизоӣ мегирифтаанд.
Вазорат: "Дар ҳамлаҳо 17 нафар кушта шудаанд"
04.09.2015 22:23
1444
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри ҷузъиёти ҳамла ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе гуфт, ки ин ҳамлаҳоро Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо раҳбарӣ кардааст.
















