11:48:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

26 июн – рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар

Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26-уми июнро ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷомеаи байналмилалии озод аз маводи нашъаовар эълон намуд.

muboriza-bar-ziddi-geroin-5.jpgИн қарор дар асоси тавсияи Конфронси байналмилалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он 7 декабри соли 1987 қабул карда шуд, ки рӯзи 26 июн нақшаи ояндаи фаъолиятро дар соҳаи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар қабул намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз минбари СММ, оиди омодагии худ барои бо ин “вабои аср” мубориза бурдан изҳор намуда буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоте, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, назорат аз болои муомилоти он ва назорати таҳияи он дар ҳудуди Тоҷикистон амалӣ месозад, Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти ҶТ мебошад.

Мақсади асосии чорабиниҳои пешгирикунанда, ки онро Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамоянд, ташаккул додани муносибати манфии ҷомеа нисбат ба истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, пойдор намудани заминаи ҷомеаи солим мебошад.

Ҳамасола 26 июн – дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар – аз тарафи Агентӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ бо ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ташкил карда мешаванд, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ, “мизҳои мудаввар” гузаронида мешаванд, ки мақсади асосии онҳо – бурдани кори васеи зиддимухаддиротӣ мебошад.

Имсол дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин дар майдончаҳо, варзишгоҳҳо, чорбоғҳо, клубҳо, муассисаҳои таълимӣ, лагерҳои кӯдакона чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ ва варзишӣ ташкил карда мешаванд.

Дар ҳамаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Агентӣ бо дастгирии Ҳукумати маҳаллӣ аз 16 июн то 26 июни соли 2015 чорабиниҳо ва иқдомҳо бар зидди маводи нашъовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷомеа гузаронида мешаванд. Озмунҳо барои муайян намудани шеърҳо, сурудҳо, расмҳои кӯдакон, намоишномаҳои беҳтарин дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Имсол ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Агентӣ бо дастгирии ҳукуматҳои маҳаллӣ чорабиниҳо оид ба мубориза бо маводи нашъаовар бо иштироки намояндагони аҳли ҳунар ва ҷомеа баргузор мегардад. Озмунҳо барои муайян намудани шеърҳо, сурудҳо, намоишномаҳои беҳтарин гузаронида мешаванд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин шаҳри Душанбе чорабиниҳои умумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба велосипедронӣ, шоҳмот, кикбоксинг, таэквондо, дзю-до, гӯштингирӣ, волейбол, футбол, тенниси рӯимизӣ баргузор мегарданд, ки дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, намояндагони идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ интирок хоҳанд кард. Дар Маркази кӯдакони пойтахт гузаронидани озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ дар назар аст.

Инчунин гузаронидани як қатор вохӯриҳо бо намояндагони маориф дар назар аст, ки дар он масъалаҳои тарбияи зиддимухаддиротӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар вилояти Суғд гузаронидани як силсила мусобиқаҳои варзишӣ дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ, намоишномаи театрӣ, озмуни расми беҳтарин дар назар аст. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо шиорҳои зиддимухаддиротӣ ороиш дода мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронидани як қатор чорабиниҳои варзишӣ-фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ВМКБ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштингирӣ, муҳорибаи тан ба тан, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида мешаванд. Дар телевизони вилоятӣ “Бадахшон” барномаи телевизионӣ таҳия ва пахш мегардад.

Чорабиниҳои дар боло зикр гардида дар доираи амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” гузаронида мешаванд, ки он самтҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Ҳамаи ин натиҷаи муборизаи пайваста ва андешакоронаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ мебошад.

Тавре пештар хабар дода будем, 27 май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти хатари маводи нашъаовар таҳти унвони “Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ” баргузор гардид.

Аз тарафи иштирокчиёни конфронс Эъломияи муштарак барои дида баромадан дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти ҷаҳонии маводи нашъаовар, ки соли 2016 баргузор мегардад, қабул карда шуд.

Дар Паёми худ ба иштирокчиёни конфронс Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки солҳои 2016-2012 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” эълон карда шавад.

Муҳимияти корҳоро дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни аҳолии кишварҳои минтақа ба назар гирифта, ташаббуси мазкур аз тарафи иштирокчиёни конфронс бо як овоз дастгирӣ ёфт.

АМИТ "Ховар"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi