00:48:09 11-уми Июни 2026 сол
Хидмати сарбозӣ 1,5 сол мешавад? 15.09.2015 09:32 1334
То ба ним сол кам кардани мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз муҳимтарин нукоти тарҳи нави қонуни “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ” аст, ки аз сӯи намояндагони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон омода ва ба баррасии парлумон фиристода шудааст.
Маскав Душанберо ба узвияти "АвроОсиё" таҳрик медиҳад 13.09.2015 23:47 1345
Баъзе аз ширкатдорон дар нишасте дар шаҳри Душанбе, ба дур шудани Тоҷикистон аз мадори сиёсии Русия ва рӯ оварданаш ба самти Чин ишора карданд. Ин нишаст, ки “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” унвон гиртфта буд, бештар ҷамъомадеро мемонд...
ВКД: Аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар моҳ 100-долларӣ мегирифтанд 06.09.2015 16:54 1759
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр бо нашри иттилои тоза дар бораи аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода гуфт, ки онҳо ҳар моҳ сад долларӣ ва, инчунин, маводи ғизоӣ мегирифтаанд.
Вазорат: "Дар ҳамлаҳо 17 нафар кушта шудаанд" 04.09.2015 22:23 1445
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри ҷузъиёти ҳамла ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе гуфт, ки ин ҳамлаҳоро Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо раҳбарӣ кардааст.
Чаро Умар ба кома афтод? Фарзияи полис 04.09.2015 07:30 1564
Дар ҳоле, ки хонаводаи Умар Бобоҷонов, як сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки пулис писари онҳоро ба хотири риш доштанаш латукӯб кардааст, кормандони пулис мегӯянд, ин ҷавон маст буд ва дар ҳоле ки мехост фирор кунад, ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуд.
Падару писари гумонбар дар куштори тиллофурӯшҳо истирдод шуданд 04.09.2015 07:27 1329
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ду ширкатдори дигари куштори хонаводаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз рӯи парвандаи пурсарусадои куштори ду соли пеш боздошт ва аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
"Моро гипноз карданд..." Боздошти 14 ҷонибдори "Давлати Исломӣ" 30.08.2015 22:19 1417
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 14 сокини шаҳри Норак ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи "Давлати Исломӣ" хабар дод. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 29 август ба мо гуфт, ҷавонтарини ин афрод 21 ...
Фатвоҳои аҷибу ғариб: Мастӣ ҳаром аст, на шароб... 30.08.2015 22:17 1806
“Агар самбӯса секунҷа бошад, аз истеъмолаш парҳез кунед,” - фатво додааст як имоми шиамазҳаб. Бар пояи ин фатво, ки ахиран навори видеоии он бидуни ишора ба ному насаби имом дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуд ...
Ҳамсоягӣ бо Афғонистон сайёҳонро аз Тоҷикистон мегурезонад? 30.08.2015 22:15 1326
Тоҷикистон тасмим дорад, ки то чор соли дигар 1 миллион сайёҳ ё ҷаҳонгардро дар кишвар қабул кунад ва саҳми бахши туризмро дар рушди иқтисод ба 15 дарсад бирасонад. Ҳоло дар як сол ҳамагӣ 244 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ аз Тоҷикистон ...
Ҷамолбӣ Ҳамидова: «Аз духтарону занон даъват мекунам, ки хатогии маро такрор накунед» 27.08.2015 10:51 1457
Мувофиқи маълумоти мақомоти тоҷик, дар ҷанги Сурия 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доранд. Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои расмӣ, аллакай 150 нафар шаҳрвандони кишвар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
Узбактаборҳо ба мактабҳои тоҷикӣ мераванд 23.08.2015 22:11 1484
Волидони ҳудуди 10 ҳазор хонандаи узбактабори ноҳияи Қубодиён аз ҳукумати ин минтақа хостаанд, ки фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил кунанд. Зеро ба қавли онҳо, таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ барои шомил шудан ...
Тоҷикистон ҳамёнҳои "ҷиҳодиҳо"-ро мебандад 18.08.2015 21:43 1384
Мақомоти Тоҷикистон аз ширкати «QIWI Wallet PayPal”» ва ё ҳамёни интернетӣ масдуд кардани суртаҳисобҳоеро дархост карданд, ки эҳтимолан барои гурӯҳи “Давлати исломӣ” маблағҷамъоварӣ мекунанд.
Боздошти гурӯҳе ҷавонон бо иттиҳоми боло кардани парчами "сиёҳ" 18.08.2015 21:36 1364
Теъдоде аз ҷавонони деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритус бо иттиҳоми овехтани матои сиёҳи монанд ба парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дастгир шудаанд.
Сабқати шадид барои ҷои кор дар Гумрук ва оҷонсии зидди фасод 17.08.2015 21:45 1810
Дар Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳое, ки аз 400 то 800 сомонӣ, ё аз 60 то 120 доллари амрикоӣ маош пешниҳод мешавад, то даҳ нафар барои як ҷой довталаб шудаанд.
7 узви "Гурӯҳи 24" мунтазири истирдод ба Тоҷикистон 17.08.2015 21:43 1287
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ба Русия дархости истирдоди 7 шаҳрвандашро ирсол кардааст, ки дар чанд моҳи охир дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд.