17:32:57 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Раҳоии 4 марзбони тоҷик аз асорати Толибон бо мусоидати Қатар

Чаҳор марзбони тоҷик, ки ҳудуди ҳафт моҳқабл ба асорати Толибон афтода буданд, бо миёнҷигарии кишвари Қатар раҳо шуданд.

afsaron-89564545Мақомоти Тоҷикистон раҳоии чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар моҳи декабри соли гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон рабуда шуда буданд, тасдиқ карданд. Як манбаъ дар Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба мо гуфт, ки маълумоти бештарро дар ин робита, дертар ироа хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, вазорати умури хориҷии Қатар рӯзи якшанбеи 14 июн иттилоъ дод, ки чаҳор марзбони тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта дар шимоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон ба гарав гирифта шуда буданд, бо миёнҷигарии амири он кишвар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ, раҳо шудаанд.

Дар баёния вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, ки раҳоии ин чаҳор марзбони тоҷик аз асорати Толибон, бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ аз ҷониби кишвари Қатар, сурат гирифтааст. Вазорати умури хориҷии Қатар мегӯяд, ки Доҳа ҳама талошҳои дипломатиро анҷом дод, то ин сарбозон наҷот ёбанд. Вазорати умури хориҷии Қатар ҳамзамон аз ҳама ҷонибҳо, ки дар раҳоии ин марзбонон кӯмак кардаанд, сипос намудааст. Аммо дар ин баёния ишорае нашудааст, ки кадом кишвар ва ё гурӯҳи дигар дар раҳоии марзбонони тоҷик, кӯмак кардаанд.

Ҳамзамон, волидони ин сарбозон аз раҳоии фарзандонашон хушҳолӣ намуда ва ба онҳое, ки дар озодии онҳо мусоидат карданд, ташаккур намуданд. Фатҳуллоҳ Шодиев, падари Меъроҷиддин Шодиев – яке аз марзбонон рӯзи 15 июн ба мо гуфт, ки рӯзи ҷумъа аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба онҳо иттилоъ додаанд, ки фарзандонашон ба Душанбе оварда шудаанд. Вай гуфт, ки ҳоло писарашро надидааст ва имкон дорад, ки имрӯз ё фардо бо писараш мулоқот намояд.

Мухтор Калонов, падари марзбони дигар Фарҳод Калонов низ ба мо гуфт, ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба онҳо иттилоъ додаанд, ки сарбозони дар асоратбуда рӯзи панҷашанбеи ҳафтаи гузашта аз Афғонистон ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Ба қавли Мухтор Калонов, ба онҳо иттилоъ додаанд, ки чаҳор сарбоз рӯзи 16 июн ба волидонашон таслим карда мешаванд.

Ин сарбозони тоҷик 19-уми декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз Толибон рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд. Ба иттилои додситони вилояти Хатлон, марзбонони рабудашуда Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд.

Додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ ин чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти толибон афтодаанд, ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба хабарҳо, як гурӯҳи мусаллаҳ шом 19 декабр 4 марзбони тоҷикро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб ба асорат гирифт.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi