20:24:45 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

Марги мармузи бародари Баха 84 дар пойтахти Фаронса

Наздикони Сӯҳроб Қосимов мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса зоҳиран дар натиҷаи ҳамлаи ғоратгарон ҳалок шудааст.

barodari-bakha-84_11212.jpgНаздикони Сӯҳроб Қосимов, як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин корманди шӯъбаи молияи сафорати Амрико дар Душанбе ва бародари овозхони маъруфи рэп Баха 84 (Бахтиёр Қосимов) ба эҳтимоли ғолиб дар шаҳри Порис дар натиҷаи ҳамлаи шояд ғоратгарона кушта шудааст. Ин дар ҳолест ки табибони фаронсавӣ сактаи қалбро як далели эҳтимолии марги ин шаҳрванди тоҷик медонанд.

Зарина Қосимова, хоҳари Сӯҳроб Қосимов рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо мо гуфт, бародари ӯ дар сафорати Амрико дар Душанбе кор мекард ва барои ширкат дар як тренинги кормандони сафорат ба Порис рафта буд: "Ин тренинг аз 22 то 26 июн мегузашт ва Сӯҳроб зану кӯдакашро низ ҳамроҳаш бурд, ки Порисро тамошо кунанд. Аммо рӯзи 24 июн ба келинамон хабар додаанд, ки Сӯҳроб афтидааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд."

Ба гуфтаи Зарина Қосимова, табибон ибтидо иллати марги ӯро сактаи қалб гуфтаанд, вале касе аз аҳли хонавода ба ин бовар накардааст: "Сӯҳроб ягон бор аз дарди дил шикоят надошт. Вай як марди ҷавони ҳамагӣ 35-сола, варзишгар ва бақувват буд. Баъде ки келинамон рӯзи 26 июн баргашт, бо худ натиҷаи хулосаи пешакии эксперти пулисро овард."

Бино бар ин санад, ки эксперти тиббии пулиси Порис Фабиeн Кол (Fabien Cole) имзо кардааст, ҳангоми ташхиси ҷасад дар ноҳияи пушти Сӯҳроб Қосимов пайи хун ва осори ҷароҳат дида мешуд. Зарина Қосимова мегӯяд, бар хилофи фарзияи қаблии табибон, дар хулосаи пешакии эксперти пулис чизе дар бораи ба иллати сактаи қалб даргузаштани бародараш гуфта намешавад ва ин гумони онҳо дар бораи кушта шудани Сӯҳробро бештар мекунад:

"Онҳо бо худ 7000 евро бурда буданд, ки то он рӯзи шум барои пардохт кардани пули меҳмонхона танҳо 1600 долларашро сарф карда буданд. Ягон 5000 еврои дигар дар дасти Сӯҳроб монда буд, ки ҳамон рӯз ғайб задааст. Ба ин далел, мо гумон мекунем, ки шояд ӯ дар роҳҳадафи ҳамлаи ягон гурӯҳи ғоратгар қарор гирифта бошад. Дар ҳар сурат, дар дили мо ҳар рӯз ҳазор гумон роҳ меёбад."

Дилрабо Қосимова, ҳамсари Сӯҳроб низ дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Ҳамон рӯз вақте ҷасадашро дар рӯи кӯча дидам, дар бинияш осори зарб дида мешуд. Ба ман гуфтанд, ки шояд ба рӯяш афтида, зарб хӯрдааст. Вале дар пушти Сӯҳроб низ пайи хун монда буд."

Ҳамсараш ба фарзияи сактаи қалб бовар надорад, чунки "Сӯҳроб дар 6 соли зиндагиамон ягон бор аз дил шикоят накарда буд. Ӯ як тарзи зиндагии хеле солим дошт. На сигор мекашид, на шароб менӯшид, ҳатто дору намехӯрд ҳеҷ гоҳ. Пайваста варзиш мекард. Онки бино ба санади расмии пулис, парванда бар асоси “ҷароҳати вазнин расондан ба саломатӣ” боз шудааст, низ нишон медиҳад, ки далели марги ӯ сактаи қалб нест."

Дилрабо Қосимова гуфт, ҳамон субҳи 24 июн Сӯҳроб бо як табъи болида ба тренинг рафта буд ва дар сар ҳазору як нақша дошт: “Аз 24 июн дар фурӯшгоҳҳои Порис фурӯши тобистона бо нархҳои арзон оғоз меёфт ва мо ҳамон бегоҳ нақша доштем, ки барои харид биравем. Тренинг рӯзи шанбе, 27 июн ба поён мерасид, вале ӯ гуфта буд, ки мо ягон ду рӯзи дигар аз ҳисоби худамон инҷо мемонем ва рӯзи якшанбе дар ресторани манораи Эйфел ҳатто ҷой фармоиш дода будем. Аз Порис мехост ба тамошои Италия биравад. Вале қисмат набудааст.”

Ба гуфтаи наздиконаш, азбаски Сӯҳроб Қосимов бо сафари корӣ ба Порис рафта буд, масъулияти интиқоли ҷанозаи ӯ ба Душанберо сафорати Амрико бар ӯҳда гирифтааст. Ҳамсари ӯ мегӯяд, танҳо хости онҳо ҳарчӣ зудтар овардану ба хок супоридани ҷанозаи Сӯҳроб аст, ки ҳам онҳо ва ҳам рӯҳи ин ҷавонмарг билохира ором бигиранд.

Сӯҳроб Юсуфҷонович Қосимов 21 июни соли 1980 дар Қӯрғонтеппа ба дунё омада, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар шӯъбаи молиявии сафорати Амрико кор мекард.

Охирин пости Сӯҳроб Қосимов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашри албоме бо се акс аз 21 июн бо номи "Сelebrating Birthday in Paris with Family" ("Таҷлили зодрӯз бо аҳли хонавода дар Порис") аст. Баъди ин саҳифаи ӯро дар Фейсбук таъзияномаҳои дӯстонаш пур кардаанд, ки хабари марги ӯро боварнокарданӣ меномиданд.

Аз Сӯҳроб Қосимов 3 фарзанд ятим монд. Калонии онҳо чорунимсола буда, хурдиаш, ки падару модарашро дар ин охирин сафари Сӯҳроб ба Порис ҳамроҳӣ мекард, ҳамагӣ 5 моҳ дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi