08:11:50 15-уми Июли 2025 сол
“Бо электрошокер ва автофен шиканҷа карда, куштаанд”. Додситонии кулл ҷузъиёти нави рабудани бонкирро ошкор кард 08.07.2023 07:45 1072
Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд...
Тоҷикистон – муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим 09.04.2023 16:12 1260
Тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ, сифат ва миқдори об барои эҳтиёҷи асосии инсон таъсир расонида, ба истифодаи самараноки ҳуқуқҳои инсон ба об ва санитария барои миллиардҳо одамон таҳдид мекунад. Тағйир додани гардиши об инчунин барои истеҳсоли энергия, амнияти озуқаворӣ...
Тоҷикистон воридоти маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро кам кард 25.02.2023 10:17 1330
Воридоти қариб ҳамаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба таври назаррас кам шуд.Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи аввали сол воридоти орд ҳамагӣ 2,7 ҳазор тонна ба маблағи 865 ҳазор ...
Шаҳрдории Душанбе гуфт, фаъолияти таксиҳои “Яндекс Go” ғайриқонунӣ аст 19.02.2023 15:08 1116
Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар робита ба оғози фаъолияти "Яндекс Go", хадамоти таксии русӣ дар пойтахт посухи мушаххас надод. Вале кормандони дигари шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.
Афзоиши баррасии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм 19.02.2023 15:04 996
Аз тарафи судҳои шаҳру навоҳии вилоят соли 2022-юм вобаста ба терроризму экстремизм 103 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 118 нафар баррасӣ шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29 адад бештар мебошад. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо барои як соли дигар тамдид шуд 15.02.2023 15:06 962
Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, ки пас аз тамдид то 15-уми феврали соли 2023 муқаррар гардида буд, барои як соли дигар дароз карда шуд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Наздикони шашгоники фавтида аз хунукназарии табибон шикоят доранд 14.01.2023 12:52 878
Наздикони шашгоники дар Хуҷанд таваллудшуда, ки баъди як рӯз фавтиданд, аз хунукназарӣ ва беэътиноии табибони таваллудхонаи вилоятӣ шикоят доранд.Онҳо мегӯянд, аллакай тавассути телефони боварӣ ба сарвазири кишвар арз кардаанд ва нақша доранд, аз болои табибон ба додситонӣ низ шикоят баранд.
37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд 09.01.2023 13:30 667
37 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд. Соли гузашта ба 30 нафар омӯзгорони ҷавони ин ноҳия қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гаридида буд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Тоҷикистон ба Русия бештар сабзавоту мева мефиристад 24.12.2022 20:49 576
Минтақаҳои Россия ба интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон тамоми сол манфиатдор мебошанд, аз ин рӯ, ширкати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифи интиқол аз Тоҷикистонро барои соли 2023 тамдид кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии «РЖД-Партнер.ру» 22 декабр бо истинод ба...
Дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои бо истифода аз ТИК содиршаванда Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад 24.12.2022 20:43 412
Дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) содиршаванда Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад. Супориши дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дода шуд.
Муфид ё хатарнок: табибон дар бораи самаранокии витамини D дар COVID-19 баҳс карданд 26.04.2022 21:00 513
Яке аз маъруфтарин мақолаҳои илмӣ дар бораи самаранокии табобати вояи баланди витамини D барои COVID-19 рад карда шуд. Тадқиқоти дигар нишон дод, ки иштирокчиёне, ки вояи баландтарини витамини D-ро гирифтаанд, 10% эҳтимоли зиёд бо COVID-19 дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Президенти Туркманистон аз дастрасии одилона ба об ҳимоят кард 25.04.2022 13:11 580
Рӯзномаи русзабони давлати Туркманистон гузориш дода, ки Сердар Бердимуҳаммадов Раисиҷумҳури Туркманистон хостори риоят ва дастрасии баробар ва одилона ба манобеъи об шуд.
СҶБ дар бораи 169 ҳолати гепатити пайдоиши номаълум дар кӯдакон гузориш медиҳад 25.04.2022 13:08 523
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тақрибан 170 ҳолати гепатити шадиди пайдоиши номаълум дар кӯдакон дар 12 кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки як нафари онҳо фавтидаанд.
ДАР МАКТАБҲОИ ДУШАНБЕ БАРОНОМАИ “EDONISH” РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАД 16.04.2022 21:31 526
Дар 55 мактаби шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” роҳандозӣ мешавад ва дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюми ин тарҳ беш аз 50 мактаби дигар низ ба ин хидматрасонӣ пайваст шаванд.
МАҚОМОТ: ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ВАЪДА ДОДАНД, КИ МИНБАЪД НАРХИ БИЛЕТҲОРО БОЛО НАМЕБАРАНД 29.03.2022 13:44 555
Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аз поин рафтани нархи билетҳо ба хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия хабар доданд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархи билетҳоро боло намебаранд.