“Қарзи барқ бояд пардохт гардад!
Санҷишу таҳлили иҷрои конунгузориҳо дар самти энергетика дар давраи ҷамъбастии соли 2025 нишодн дод, ки дар қарзи истифодаи қувваи барқ ба ҳолати 1 декабри соли 2025-ум 1 миллиарду 165 миллиону 881 ҳазор сомониро ташкил дода, ки аз ин, 386 миллиону 704 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 33,17 % ба аҳолӣ таалуқ дошта, нисбат ба ввали соли 2025 ба маблағи 45449,57 ҳазор сомонӣ кам гардида, 16693,10 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 36,73% ба аҳолӣ ва 28756,47 ҳазор сомонӣ ба дигар ташкилоту корхонаҳо рост меояд. Маблағи қарз ба ташкилоту муассисаҳо (саноат) 366 млн 538 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 28 %, корхонаҳои буҷети 68 млн 623 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 5,8 % ва аҳолӣ 386 млн 704 ҳозор сомонӣ ё ин, ки 32,9 % рост меояд.
Бештари қарздори ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар 172,7 млн, Кўлоб 152,8 млн, Левакант 41, 2 млн, Ҷайҳун 25,2 млн, Панҷ 26,3 млн, Дўстӣ 26,1 млн, Хуросон 20,6 млн, Ёвон 152,4 млн, Восеъ 66,5 млн, Вахш 70,8 млн, А.Ҷомӣ 62,3, млн, Кӯшониён 57,6 млн, Данғара 36,5 млн, Ҷ.Балхӣ 40,1млн, М.С.А. Ҳамадонӣ 21,3 млн, Фархор 29,8 млн, Қубодиён 43,8 млн, Ховалинг 23,3 млн, Шаҳритус 28,4 млн, Норак 21,9 млн, Темурмалик 16,1 млн, Балҷувон 24,6 млн, Ш.Шоҳин 7,3 млн ва Муъминобод 13,8 млн рост омада, ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Фархор, Восеъ, М.С.А.Ҳамадонӣ, Темурмалик, Муъминобод ва Ховалинг дар дигар шаҳру ноҳияҳо тамоюли болорави дорад. Дар ин давра тибқи амрҳои прокурори маблағи 102.693 660 (65839638) сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқ руёнида шудааст, ки 8,9% қарздориро ташкил медиҳад.
Баъзе роҳбарони шабакаҳои барқ бо зертобеъони худ забон як карда, мунтазам ба азонихудкунии маблағҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ даст задаанд.
Чунончи, Ашуров Ф. дар асоси фармони роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар, аз 10 феврали соли 2022, таҳти №71-К дар вазифаи назоратчии гуруҳи дуюми Шабакаҳои барқи ноҳияи Хуросон таъин гардида, дар давоми фаъолияти кориаш аз моҳи декабри соли 2023 то моҳи августи соли 2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш, бо маслиҳати пешакӣ бо сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Халқаҷар Мавлонов Билол Султонович, ки тариқи ғайрирасмӣ ҳамчун ёрдамчӣ барои ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ аз муштариён ҷалб намуда буд, аз муштари Самадов Х. 370 сомонӣ, Тағойназаров Б. 1364 сомонӣ, Юсупов М. 240 сомонӣ ва дигарон ҷамъ ба маблағи 24961 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, ба муштариён тавассути мессенҷери шабакаи онлайнии “Ҳумо”, ки ба ҶСП ТАҚҲ “Ҳумо” тааллуқ дорад, расидҳои пардохтӣ чоп карда, дар онҳо тағйирот ворид ва онҳоро ба муштариён пешниҳод карда, аз ин маблағи 854 сомониашро ба барномаи биллингӣ ворид карда, боқимонда маблағи 24107 сомониро азонихуд намуда, ба манфиатҳои шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати Ашуров Ф.П. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои “б,г” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Мавлонов Б.С. бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ба ҳамин монанд, роҳбари тиҷоратии “Шабакаи барқ” дар ноҳияи А.Ҷомӣ Мирзоев Ф. ва нозир-барқчиён Муродов Х., Ғофилзода О.М. маблағи 46419 сомонӣ, нозир-барқчиёни Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвон Камолов С., Суфиев М., Расулов М., Азимов Ф.. Иноятов Х.К. маблағи 266485 сомонӣ, ноҳияи Ҷайҳун Шарофов М., Андалиев Ф., Давлатов Х. маблағи 49223 сомонӣ, ноҳияи Дӯстӣ Мирзоев Э.У., Шарипов Ҷ., Дадабоев М.А. маблағи 107106 сомонӣ, шаҳри Бохтар Файзов М., Достонов М., Акобири Х. маблағи 29363 сомонӣ, ноҳияи Ҷ.Балхӣ Баратов К., Назаров Б. маблағи 74223 сомонӣ, ноҳияи Панҷ Абдураҳимов А., Буриев А., Раҳимов М.С. маблағи 65567 сомонӣ, ноҳияи Шаҳритус Абдуллоев Х., Абдураҳимов Р. маблағи 13000 сомонӣ, ноҳияи Кӯшониён Тағоймуродов Ф. маблағи 12948 сомонӣ, ноҳияи Вахш Сафаров Р. маблағи 5552 сомонӣ, ноҳияи Хуросон Ашуров Ф.Ҳ., Валиев Л.И., Акрамов С.Ш. маблағи 44397 сомонӣ, шаҳри Норак Мирҷонов С.А. маблағи 19980 сомонӣ, ноҳияи Данғара Ҳусейнов Р.Қ. маблағи 12470 сомонӣ, ноҳияи Фархор Раҷабов Р.О. маблағи 10650 сомонӣ. Шаҳри Левакант Амиршоев Х.Ф. маблағи 13585 сомонӣ, шаҳри Кўлоб Ҳакимов П.Т.,. Шарипов С.З. маблағи 71710 сомонӣ, ноҳияи Н.Хусрав Эгамбердиев М.А. маблағи 16500 сомонӣ ва ноҳияи Қубодиён Мубораков А.Ҳ. маблағи 11316 сомонӣ ҷамъ 925 ҳазору 373 сомонӣ маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъовари ва азонихуд намудаанд.Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати нозир-барқчиёни дар боло зикршуда бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 45-парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Яке аз мушкилоти дигари соҳа ин аз тарафи шахсони масъули шабакаҳои барқ бо роҳи таҳрифкори барзиёд нишон додани миқдори барқи истифоданашуда дар зиммаи корхонаю муассисаҳо буда, ҳолати мазкур боиси зиёд гардидани маблағи қарздории барқ дар вилоят гардида истодааст.
Санҷиши гузаронидаи дастгоҳи прокуратураи вилоят дар ноҳияи Дўстӣ нишон дод, ки масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дар зиммаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо роҳи таҳрифкори 11.368.032 кВт қувваи барқи истифоданашударо ба маблағи 1,3 млн сомонӣ ғайриқонунӣ нишон дода, ба манфиати идораҳои зикргардида ва давлат зарар расонидаанд.
Ё ин, ки санҷиш дар ноҳияи Ёвон нишон дод, ки масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дар зиммаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷамъияти “Тоҷхимпром” ва аҳолӣ бо роҳи таҳрифкори 135 млн 797 ҳазору 047 кВТ қувваи барқи истифоданашударо ба маблағи 62,3 млн сомонӣ ғайриқонунӣ нишон дода, ба манфиати идораҳои зикргардида ва давлат зарар расонидаанд. Бо ҳамин монанд масъулини «Шабакаҳои барқ» дар ноҳияи Қубодиён дар зиммаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо роҳи таҳрифкори 14.007.526 кВт қувваи барқи истифоданашударо ба маблағи 1,7 млн сомонӣ зиёд нишон дода, бо ин роҳ даст ба ҷинояти таҳрифкорӣ задаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати шахсони масъулини “Шабакаҳои барқ” бо моддаи 299 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо ҳамин монанд, камбудиҳо аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят дар шаҳри Бохтар ба маблағи 3,5 млн сомонӣ ошкор ва дар маҷмуъ 16 адад парвандаи ҷиноятӣ ба миқдори 152 миллиону 468 ҳазору 605 кВт соат неруи барқ ба маблағи 84 миллиону 633 ҳазору 622 сомонӣ бо моддаи 299 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Аз беназоратию фориғболии масъулини соҳа, кор то дараҷае омада расидааст, ки баъзе деҳаҳо солҳои тулонӣ бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва ҳисобкунакҳои барқи қуваи барқро истифода намуда, маблағи онро умуман пардохт накардаанд.
Мисол, Тоиров Қ. дар вазифаи роҳбари “Шабакаҳои барқ” дар ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, вазифаҳои хизматии худро ба таври дахлдор иҷро накарда, бинобар муносибати бепарвоёна ва мусоидати онҳо 37-манзили истиқоматии сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти “Сайёд”, деҳаи Пахтакор-2 аз солҳои қаблӣ бидуни ҳисобкунанкҳои барқӣ ба хаттӣ қувваи барқ пайваст гардида, дар натиҷа 899 ҳазору 300 кВт соат нерўи барқро ғайриқонунӣ ба маблағи 276 ҳозору 534-сомонӣ истифода намудаанд, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ моддӣ ба манфиати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва давлат гардидааст.
Бинобар ин, 14 апрели соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Тоиров Қ.С. бо моддаи 322 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Баъзе кормандони шабакаҳои барқ ба ҷои пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ худ ба дуздии неруи барқ даст зада, ҷиноят содир намудаанд.
Масалан, Абдураҳмонов Ш. дар вазифаи барқкорӣ гуруҳи сайёри-фаврии Шабакаҳои барқи ноҳияи Фархор кор карда, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз моҳи феврали соли 2025 то 28 апрели соли равон таҷҳизотҳои барқии манзили истиқоматии худро воқеъ дар ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Фархор бидуни ҳисобкунаки барқи, ба зеристгоҳи трасформаторӣ пайваст намуда, ба ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ машғул шудааст.
Нисбати Абдураҳмонов Ш. 29 апрели соли 2025 бо моддаи 2531 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ё ин, ки Бобоқулов Б. сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Ҷамоати деҳоти Маданият аз бемасъулиятии шахсони масъули шабкаҳои барқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ истифода намуда, аз моҳи сентябри соли 2024 таҷҳизотҳои барқии биноҳои хизматрасонии худро бидуни ҳисобкунаки барқи ба хаттӣ барқи пайваст намуда, ба манфиати шабакаҳои барқ ва давлат 466366 сомонӣ зарар расонидааст.
Нисабти Бобоқулов Б. 06 майи соли 2025 бо моддаи 253 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо ҳамин монанд ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар ноҳияи Қубодиён ба маблағи 366985-сомонӣ ошкор ва 11 марти соли 2025 бо моддаи 253 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамин тариқ, вобаста ба дуздии неруи барқ бо моддаҳои 253 ва 2531 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин шумора ду адад парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони Шабакаҳои барқ мебошад.
Дар ин самт аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо дар ташкилоту муассисаҳо, дар байни шаҳрвандон ва худи кормандони шабакаҳои барқии ҳудуди вилоят вохўриву сўҳбатҳои зиёде анҷом дода шуда, пайваста аз матбуот, радио, телевизион ва шабакаҳои интернетӣ истифода бурда шудааст.
Шаҳрвандон, кормандони соҳа, роҳбарони корхонаву муассиву хоҷагӣ бояд ба қонунгузориҳои кишвар дар ин самт эҳтиром гузошта сари вақт маблағи истифодаи нерўи барқро пардохт ва ба исрофкорӣ ва қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Зеро рушди соҳаи энергатика ин нишонаи сарсабзии кишвар ва миллат аст!
Азимзода А.Д., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушщовири адлияи дараҷаи 1
















