«Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри зарурист!»
Вобаста ба иҷрои Барномаи «Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар соли сипаригаштаи 2025 корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст.
Пеш аз ҳама нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят барои баромад дар ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин дар васоити ахбори омма тартиб дода шуда, кормандони дастгоҳи марказӣ дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва тариқи ВАО (раидо, телевизион.матбуот ва торномаҳои интернетӣ) баромад намудаанд.Ин нақша-чорабиниҳо бо супориши прокурори вилоят ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуда, онҳо низ муаззаф карда шудаанд, ки ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати лозима диҳанд.
Ба ҳамин монанд нақша-чорабиниҳо вобаста ба фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” тартиби худро ёфтааст.
Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо зикршуда тибқи нақша- чорабиниҳои ишораёфта гузаронидани вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус, бозорҳои марказии ҳудуди вилоят, нуқтаҳои дурдастарини аҳолинишини деҳот дар назар дошта шуда, вохӯриҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Бояд гуфт, ки вобаста ба мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихорӣ миллӣ низ аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон диққати ҷиддӣ дода мешавад.Дар ин давра як қатор баромадҳо тариқи радио, телевизион ва нашрияҳои даврӣ ба анҷом расонида шудааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар соли 2025 кормандони прокуратура дар барномаҳои “Қонун ва ҷомеъа”,”Ахбор”,“Мизони қонун” ва “Маърифат” -и ТВ Хатлон, барномаҳои ҳуқуқии Телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Сафина”, ТВ “Ҷаҳоннамо”, иштирок намуда, оиди мавзӯъҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи шикастнопазирӣ, дӯстдории ватан, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва ифротгароӣ, моҳияти қонунгузориҳо вобаста ба ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, тағироту иловаҳо ба қонунҳо, шарҳи моддаҳои конститусия, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, оиди нуктаҳои Паёми Президенти кишвар аз санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба арҷ гузоштан ба фарзандони фарзонаи миллат баромад намудаанд. Чунин сӯҳбату вохӯриҳо ҳамчунин тариқи тариқи шабакаҳои радиои вилояти Хатлон (барномаи “Қонун ва ҷомеъа”), Радиои Тоҷикистон, “Садои Душанбе” ва “Ховар” анҷом дода шудааст.
Оиди ин масъалаҳо азҷумла аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳукуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот дар бештар аз 40 муасисаҳои таълимӣ, литсей гиназияҳо ва нозиротҳои андозу шуъбаҳои маорифу фарҳанги як қатор шаҳру ноҳияҳо азҷумла Ҷ.Балхӣ, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг,Ш.Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бохтар,Левакант, Кӯшониён, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон, Вахш, Мӯъминобод, Ш.Шоҳин, Фархор, раёсатҳои маориф ва андоз дар вилояти Хатлон баромадҳо анҷом дода шуда, рафти ин баромадҳо тариқи нашрияҳои маҳаллӣ ва сомонаҳои интернетӣ инъикос карда шудаанд.
Вобаста ба ҳолати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 691 аз санаи 9.04.1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 383 аз санаи 22.08.1997. сол «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи шӯроҳои методии таълиму тарбияи ҳуқукии назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи прокуратураи вилоят низ чораҳои лозима андешида шудаанд.
Дар ин давра фаъолияти шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон, Хуросон,Ҷ.Балхӣ Мӯъминобод ва субъектҳои ин шӯроҳо дар давраи ҷамъбасти соли 2025 аз тарафи ёрдамчии калони прокурори вилоят оиди таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод шуда, ба онҳо ёрии амалӣ расонида шуда, вобаста ба қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии ташкилотҳои дахлдор аз ҷониби прокуратураи вилоят пешниҳодҳо барои бартараф намудани қонуншиканиҳо ирсол карда шуд.
Дар рафти ин санҷишҳо ҳамчунин фаъолияти аъзоёни шӯроҳои ноҳиявӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳо, азҷумла муассаҳои мактабӣ, литсею гимназияҳо санҷида шуда, бевости дониши ҳуқуқии хонандагон вобаста ба азхудкунии фанҳои дарсии “Ҳуқуқи инсон” ва “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ”санҷида баромада шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии муҳасилини мактаҳо ва кормандони ташкилоту муассисахо вохӯриҳо ташкил ва баромадҳо анҷом дода шуда, бевосита ёриҳои амалӣ расонида шуданд.
Вобаста ба гузаронидани таҳлили вазъи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ санҷишу таҳлилҳои прокуратураи вилоят дар миқёси вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳанд, ки нисбати солҳои пешин ба ин самт дар ташкилоту муассисаҳои вилоят аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар ин асос фаъолияти Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси вилоят ва шӯроҳои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ нақши мондагори худро дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ гузошта истодаанд ва ҳамасола тибқи нақшаҳои корӣ ва гузаронидани ҷалласаҳои ҳар нимсола корҳои муайянеро дар роҳи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ба роҳ мондаанд.
Кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳри ноҳияҳо низ дар ин давра мутташакилона доири мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ баромад намудаанд.
Умуман дар ҷамъбасти соли равон дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ дар байни аҳолӣ зиёда аз 4464 маротиба бо лексия ва сӯҳбатҳу баромадҳо анҷом дода шудаанд. Тавассути воситаҳои ахбори умум 982 маротиба оид ба натиҷаӽои санҷишӽои прокурорӣ ва тафтиши парвандаӽои ҷиноятии аӽамияти зиёди ҷамъиятӣ дошта баромадҳо анҷом дода шудааст.Аз ҷумла, дар матбуот 372 маротиба , ба воситаи радио 294 маротиба ва тавассути телевизион 316 маротиба баромадҳо анҷом дода шудаанд.
Ба замми ин аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар шудани сатҳи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва дар ин замина беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти тарбияви ҳуқуқӣ дар бозорҳо ва дигар марказҳои савдо бо кормандони соҳа ва шаҳрвандон мақсаду моҳияти қонунгузориҳо оиди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дигар қонунгузориҳо фаҳмонида дода шуд
Прокуратураи вилояти Хатлон ба ин самти фаъолият дар тарбияи ҳукуқии аҳолӣ пайваста диққати ҷиддӣ дода, дар соли равон ба фаҳмонидан ва иҷрои нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, махсусан вобаста ба нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун, ки кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад ва дигар масъалаҳо диққати зарурӣ хоҳад дод.
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1
















