“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
Баҳри дар амал иҷро накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон ва омӯзгорон дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо нисбати 578 нафар, аз тарафи шуъбаи огоҳонии пешгирӣ ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад нисбати 3492 нафар, дар маҷмӯъ нисбати 4070 нафар падару модар ва омӯзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.
Чунончи, Умронова Замира Ҳафизовна, таваллудаш 18.02. соли 1985, сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Ваҳдат хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, уҳдадориҳои худро ҳамчун модар дар тарбия ва таълими фарзандаш ба таври дахлдор иҷро накарда, фарзанди ноболиғаш Нажмиддинов С.А., ки дар синфи 10 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Қубодиён таҳсил мекунад, дар муассисаи мазкур бе сабабҳои узрнок дар чоряки 1-ум 300 соати дарсӣ ба дарсҳо иштирок накардааст.
Оид ба ҳолати мазкур 30 октябри соли 2025 аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон нисбати Умронова З.Ҳ. бо моддаи 90 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Вобаста ба қарорҳои ғайриқонунии судҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи вилоят 6 адад эътирози назоратӣ оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо қонеъ гардидаанд.
Новобаста аз он, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба манъ будани ҷалби ноболиғон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути васоити ахбори омма, мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад ҳам, вале баъзе падару модарон дидаю дониста фарзандони ноболиғи худро ба назди шахсони алоҳида, ки ҳуқуқи додани таълимоти диниро надоранд мегузоранд.
Оид ба ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят 181 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, нисбати 168, нафар бо моддаи 4742 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои додани таълимоти динӣ) ва нисбати 12 нафар бо моддаи 4742 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои гирифтани таълимоти динӣ) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Аз ин шумора бевосита 90 нафар дар асоси қарорҳои прокуророни шаҳру ноҳияҳои Вахш-12, Ҷайҳун, Ш.Шоҳин-8, М.С.А.Ҳамадонӣ, Кӯшониён-7, Ёвон-6, Левакант, Ҷ.Балхӣ-5, Қубодиён, Данғара-4, дастгоҳи прокуратураи вилоят, Кӯлоб, Панҷ, А.Ҷомӣ-3, Норак, Шаҳритус, Фархор-2, Бохтар, Дӯстӣ, Хуросон, Муъминобод ва Восеъ-1 нафарӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Аз ин шумора 14 ҳолати додани таълимоти динии бевосита ба 98 нафар (56 нафар шахсони аз 18 боло ва 144 нафар хонандагони мактаб) ва дар 154 ҳолат додани таълимоти динӣ ба воситаи шабакаи интернетӣ ба роҳ монда шудааст.
Қобили қайд аст, ки новобаста аз чораҳои андешида то инҷониб аз ҷониби бархе аз падару модарон ҳолатҳои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷой дошта, аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 107 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 164 ва 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Чунончи, Ҳакимов Мирзомуддин Насурдинович, таваллудаш 1 сентябри соли 1977, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Ҷавчӣ ҳамчун падар бархилофи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, бо ҳар тарзу усул ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии фарзандони ноболиғаш моҳи сентябри соли 2022 ҳамроҳи худ фарзандони ноболиғаш Бухоризода Мадина, таваллудаш 27 январи соли 2011, Бухоризода Исмоил, таваллудаш 18 июли соли 2012 ва Бухоризода Обида, таваллудаш 17 марти соли 2014 ба Федератсияи Русия бурда, бо ҳар тарзу усул ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии фарзандони худ монеъ шуда, муддати 3 сол ноболиғон Бухоризода Мадина, Бухоризода Исмоил ва Бухоризода Обида дар ягон муассисаҳои таълимӣ таҳсил накарда, аз гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дур мондаанд.
Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Ҳакимов М.Н. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Мутаасифона таҳлилҳо нишон дод, ки дар миқёси вилоят ҳолати ба шавҳар додани духтари ноболиғ аз ҷониби падару модар ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст ҷой дошта, аз натиҷаи санҷиш нисбати 11 нафар падару модарон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 168-169 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Чунончи, Садирова Садбарг Санговна, таваллудаш 6 июни соли 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Офтобрӯя бархилофи талаботи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни никоҳиро аз 18 солагӣ муқаррар кардааст амал намуда, дидаю дониста духтари ноболиғаш Раҳимова Гулрӯро, соли таваллудаш 1 марти соли 2009, ки ҳанӯз ба синни никоҳӣ нарасидааст, 13 апрели соли 2024 ба шаҳрванд Сайфов Салоҳиддин Файзович бо урфу одатҳои миллӣ ва тариқи расму оинҳои динӣ ба шавҳар додааст.
Оид ба ин ҳолат 4 августи соли 2025 тарафи прокуратураи ноҳияи Вахш нисбати Садирова С.С. бо моддаи 168 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки дар давраи таҳлилӣ баҳри ташвиқу тарғиби мазмуну мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҷиҳати амалан иҷро гардидани талаботҳои он, дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 247 сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуда, аз васоити ахбори омма (радио, телевизион, матбуот) ҳамчунин шабакаҳои интернетӣ низ босамар истифода бурда шудааст.
Риояи иҷрои ин қонун зери назари мақомоти прокуратура қарор дошта, барои иҷрои пурраи он пайваста чораҳои дахлдорӣ қонунӣ андешида хоҳад шуд.
Шарифзода Д.Ш., Сардори шуъбаи назораи иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3
















