03:18:24 09-уми Феврали 2026 сол

Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 26 аз 16 феврали соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории нақлиёт»-ро дар давраи соли 2025 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2024 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

4 naqliyot khatlon 544524554Таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт нишон дод, ки дар ин давра 91 санҷиш гузаронида, 2676 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд. Ҷиҳати рафъӣ камбудиҳои ошкоршуда ба мақомотҳои дахлдор 259 - амр, 151 - пешниҳод ирсол намуда, бо натиҷаи баррасии онҳо 368 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 249 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Ба 644-қарорҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, 966-парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 817832 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки назар ба соли гузашта ба маблағи 114923 сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни санҷишҳои гузаронида муайян гардид, ки кормандони Раёсатҳои минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоб уҳдадориҳои хизматии худро ба таври зарурӣ ба роҳ намонда, ба фориғболӣ ва мусолиҳакорӣ роҳ дода, бо ин амалҳои худ боиси ба миён овардани шубҳаноки оиди ба таври зарурӣ ва шаффоф ба иҷро расонидани вазифаҳои хизматиашон гардидаанд.

Аз ин беамалӣ ва ё мусолиҳакорӣ субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур истифода намуда, иҷрои талаботи иҷозатномадиҳӣ барои кашонидани бор, борҳои вазнин ва калонҳаҷм, сертификатсияи баркашии воситаҳои нақлиётӣ ва ғайраро даѓалона поймол менамоянд.

Новобаста аз ин мутахассисони соҳаи мазкур бархилофи манфиатҳои хизматӣ ва моддаҳои 2, 8, 9, 35 КҲМ ҶТ, моддаҳои 78, 80 ва 84 КМҲМ ҶТ амал карда, маводҳои зарурӣ тартиб намедиҳанд.

Дар баъзе мавридҳо дар якҷоягӣ бо субъектони муносибатҳои соҳаи мазкур даст ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ва ҷиноят низ задаанд.

Чунончи, Тураев С.А аз 11.03.2020 сол то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи мудири бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳани Раёсати ХДНТДСН дар минтақаи Бохтар фаъолият намуда, даст ба ҷинояти хунукназарӣ задааст.

Номбурда зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз моҳи ноябри соли 2023 то моҳи декабри соли 2024 бархилофи талаботҳои КМҲМ ҶТ ва талаботи фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №19 аз 21.01.2022 сол амал намуда, 158 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба расмият даровардашудаи бахши назорат ва танзими нақлиёти роҳи оҳани Раёсати ХДНТДСН дар минтақаи Бохтарро бо моддаҳои 290 қ.2, 291 қ.2, 311 қ.1 ва 2, 322 ва 323 қ.1 КҲМ ҶТ-ро мавриди баррасӣ қарор надодаааст.

Тураев С.А. 158 нафарро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ дур намуда, маблағи ҷаримаи маъмурии онҳо тибқи талаботҳои КҲМ ҶТ аз 54504 сомонӣ то 80352 сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ба буҷети давлат ворид карда мешуд. Дар натиҷаи муносибати бепарвоёнаи ӯ ба хизмат ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои бар зиммаи ӯ гузошташуда, номбурда ба таври ҷиддӣ манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро поймол намудааст.

Бинобар ин 18.01.2025 сол нисбати Тураев С.А. ва дигарон бо аломати моддаи 322 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз ба итмом расонидани пешбурди тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда, нисбаташ ҷазои сазовор татбиқ гардидааст.

Ё ин ки раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дустӣ Қурбонов Б.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода карда, ба сохтакории хизматӣ роҳ дода, дар натиҷа ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи давлат зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Чунончи, шаҳрванд Неъматов Ш.И. сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, деҳаи Ғалаба, моҳи декабри соли 2024 бо мақсади гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бо раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Б.А. вохӯрда барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба охирин 4400 сомонӣ додааст. Сипас раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Б.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо кормандони ташкилоти мазкур Неъматов Ш.И.-ро дидаву дониста, ки дар дарсҳои омӯзишӣ иштирок накардааст, аз руи манфиатдории шахсӣ ҳамчун шахси иштирокдошта баҳо гузошта, номбурдаро барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии тахассуси “В, С” ворид намуда, ба ШБИ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои минбаъда супоридани имтиҳони давлатӣ ва гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ пешниҳод кардааст.

Бинобар ин 24.06.2025 сол нисбати раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Дустӣ Қурбонов Б.А. ва дигарон бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки чунин мисолҳо бисёранд.

Санҷиши гузаронидашуда дар ноҳияи Кӯшониён чунин муайян намуд, ки бо қарорҳои раиси ноҳияи Кӯшониён таҳти №286, аз 03.04.2020 сол ба шаҳрванд Исмоилова А.Ҳ. таҳти №472, аз 30.06.2020 сол ба шаҳрванд Хужаев С.К. ва таҳти № 596 аз 13.08.2020 сол ба шаҳрванд Сафарова Ш.З. барои сохтмони нуқтаи шустушўи мошинҳо, нуқтаи таъмири мошинҳо ва мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ аз ҳисоби заминхои маҳалли аҳолинишини Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор” дар алоҳидагӣ дар майдони 0,0450 га қитъаи замин барои истифодаи бемуҳлат дода шудааст. Минбаъд шаҳрвандони номбурда пас аз дастрас намудани қарорҳои мазкур, қитъаҳои замини номбурдаро аз қомиссияи қонунигардонии молу мулк гузаронида ба онҳо шаҳодатномаҳои қонунигардонии молу мулк гирифтаанд.

Дар асоси хулосаи Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дида мешавад, ки қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Кӯшониён таҳти №286, аз 03.04.2020 сол ба шаҳрванд Исмоилова А.Ҳ. таҳти №472, аз 30.06.2020 сол ба шаҳрванд Хужаев С.К. ва таҳти № 596 аз 13.08.2020 сол ба шаҳрванд Сафарова Ш.З. оиди додани китъаи замин барои сохтмони нуқтаҳои шустушуи мошинҳо, нуқтаи таъмири мошинҳо ва мағозаи фуруши қисмҳои эҳтиётӣ мухолифи талаботи моддаи 84-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаи 7 Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2005 сол таҳти № 342 тасдиқгардида ва Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2006 таҳти №214 тасдиқ гардидааст, мебошанд.

Дар асоси талаботи банди 20-и Қоидаҳои мазкур бошад, қарор оид ба ҷудо кардани қитъаҳои замини дар ҳудуди ҳамшафати роҳ ва ё қитъаҳои замини берун аз ҳудуди ҳамшафати роҳ, ки барояшон роҳи махсус (даромадгоҳ, баромадгоҳ ва ғайра) заруранд, инчунин қитъаҳои замин барои нигоҳдошту истгоҳи автомобилҳо (стоянка) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо Мақомоти давлатии идораи роҳдорӣ ва Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Вале, бархилофи талаботҳои зикршудаи қонунгузорӣ қарорҳои номбурдаи раиси ноҳияи Кӯшониён қабул гардида ба шаҳрвандони номбурда, барои сохтмони нуқтаи шустушуи мошинҳо, таъмири мошинҳо ва мағозаи фуруши қисмҳои эҳтиётӣ қитъаҳои замин ба истифодаи бемуҳлат дода шудааст.

Бинобар ин, аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон ба қарорҳои комиссияи қонунигардонии молу мулк ва раиси ноҳияи Кӯшониён бо тариқи назоратӣ эътирзоҳо оварда шуда, қарорҳои мазкур бекор кард шудаанд.

Зимни санҷиш дар Раёсатҳои номбурда ҳолатҳои нопурра тартиб додани маводҳои маъмурӣ, дарҷ накардани моҳияти қонунвайронкунӣ, сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳои маъмурӣ, бандубаст ва татбиқи нодурусти меъёрҳои қонунгузории маъмурӣ ошкор карда шуда, бо тариқи назоратӣ эътирозҳо оварда шудаанд.

Қобили қайд аст, ки дар ин давра дар нақшаҳои кории прокуратураи вилоят ва шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки прокуратураи вилоят масъалаҳои мубрами рӯз гузошта шуда, бо натиҷаи санҷиши ҳолатҳои мазкур ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда чораҳои дахлдори прокурорӣ андешида шудаанд.

Дар ин муддат баҳри фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузориҳо дар самти накқлиёт бо кормандони Раёсатҳои минтақавии мақомоти назорату танзим дар соҳаи нақлиёт ва аҳолї вохӯриву суҳбатҳо доир карда шудаанд.

Ҳамин тавр, таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят вобаста ба соҳаи мазкур нишон дод, ки фаъолият дар ин самт нисбат ба соли таҳлилии гузашта беҳтар гардида, натиҷаҳои корӣ дар ҳамаи самтҳои прокурорӣ нисбат ба соли гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риояи иҷрои    қонунгузориҳоро дар ин соҳаи муҳими хоҷагии халқи кишвар минбаъд низ пайваста зери назорат ва санҷиш қарор хоҳад дод.

Юсупов С.Р., Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёту гумрук, ҳуқукшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ