Муҳити зист ва ҷангал ҳифз мешвад!
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои конунгузориҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҷангал дар давраи соли 2025 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Дар давраи ҷамъбастии соли сипаригашта аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал 78 санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 129 амр дода, 95 пешниҳод ирсол намуда, бо санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 363 эътироз оварда, 109 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 72 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 664 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 69) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар рафти санҷиш ҳолатҳои аз тарафи баъзе шахсони мансабдори соҳа ва шаҳрвандон дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист бахусус шикори ғайриқонунии моҳӣ ошкор карда шуд.
Чунончи, Хоҷаев М.Ф. дар вазифаи мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Панҷ кор карда, ҳамчун шахси мансабдор аз ҳадди ваколатҳои худ берун баромада, барои решакан намудани 170 бех дарахтони мевадиҳандаи намуди “Бодом”, “Шафтолу”, “Олуча”, “Зардолу” ва намуди сояафкани “Бед”-и хоҷагии деҳқонии “Сайфиддин” иҷозат дода, ба хоҷагии мазкур зарари моддӣ махсусан калон расонидааст.Нисбати Хоҷаев М. бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ё ин, ки шаҳрванд Менгниев Б. хилофи талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист амал намуда, 28 майи соли 2025 бо мақсади шикори ѓайриқонунӣ ба канали обгузари минтақаи “Хиштхона”-и мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Анористони ноҳияи Дӯстӣ бо истифода 8 адад тӯри часпак 129 дона моҳии намуди “Карас” ва 24 дона моҳии намуди Белянкаро ғайриқонунӣ шикор намуда, дар натиҷа ба маблаѓи 11475 сомонӣ ба муҳити зист зарар расонидааст.Нисбати Менгниев Б.И. бо моддаи 230 қисми 1 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Баъзе шахсони мансабдор ба ҷои шинонидан ва сабзонидани дарахтон ба вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ба буриши ғайриқонунии дарахтон роҳ додаанд.
Масалан, Хоҷаев И. дар асоси фармоиши директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2022, таҳти №176 ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун таъин гардида, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дидаю дониста, ки иҷозат барои буридани дарахтони ар-ар, акатсия ва тутро надорад, хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2024 то моҳи январи соли 2025 худсарона бе иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 адад дарахти ар-ар қутрашон аз 20 то 32см, 9 адад дарахти акатсия қутрашон аз 14 то 68 см ва як адад дарахти тути қутраш 26 см-и дар ҳудуди Муассисаи мазкур шинонидашударо буридааст, ки дар натиҷа ба табиат зарари калон ба маблаѓи 67500 сомонӣ расонидааст.
Бинобар ин, 20 феврали соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Хоҷаев И. бо моддаи 234 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки чунин мисолҳо зиёданд.
Таҳили вазъи иҷрои конунгузориҳо дар ин самт ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳолатҳо вайрон намудани конунгузориҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҷангал аз надонистану огоҳ набудани шаҳрвандон аз қонунҳои ин соҳа рух медиҳад. Аз ин рӯ прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои поёнӣ дар рафти санҷишҳо дар нуқтаҳои аҳолиниш ба шаҳрвандон вобаста ба максаду моҳияти ин қонунгузориҳо вохӯриҳо доир намуда, шаҳрвандонро бо моҳияти қонунгузориҳо шинос намуданд.
Ҳамчунин ба муттасадиёни соҳаҳои муҳити зист ва ҷанг супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дар байни аҳолӣ тақвият бахшида, баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешанд.
Азимзода А.Д., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1
















