«Қонун иҷро мегардад!»
Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Фармони Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №20 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи пурзўр намудани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баррасии муроҷиатҳои онҳо»-ро дар соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Ҷамъбаст нишон дод, ки дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 10170 муроҷиат , аз ҷумла, шахсони воқӣ 9624 ва шахсони ҳуқуқӣ 546 муроҷиат дохил гардидааст.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки муроҷиатҳои ворид гардида дар умум вобаста ба санадҳои ҳуқуқӣ 3331 муроҷиат аз ҷумла, 230 муроҷиат вобаста ба қонунгузории меҳнат, 76 муроҷиат вобаста ба манзил, 42 муроҷиат вобаста ба нафақа, 15 муроҷиат вобаста ба хусусигардонӣ, 21 муроҷиат вобаста ба саҳмдорон ва амонатгузорон, 2878 муроҷиат вобаста ба замин, 46 муроҷиат вобаста ба масъалаи андоз, ва 23 муроҷиат вобаста ба вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошанд.
Муроҷиатҳои боқимонда ба масъалаҳои тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ 4724, қонуни будани қарорҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 101, қонуни будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 2005 ва вобаста ба маъалаҳои кадрӣ 9 муроҷиатро дар бар мегиранд.
Аз муроҷиатҳои шахсони воқеии воридгардида 2712 адади он аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бевосита мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Бо натиҷаи баррасии муроҷиатҳои мазкур 27 фоиз ё худ 742 қонеъ, 162 (рад ва бо 1808 муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Дар ин давом 792 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеӣ муайян гардида, барқарор карда шудааст.
Таҳлили муроҷиатҳои баррасигардида аз он шаҳодат медиҳад, ки чун пештара аксарияти онҳо аз рўи назорат аз болои иҷрои қонунҳо ва қонуни будани санадҳои ҳуқуқӣ буда, ингуна муроҷиатҳо баробар ба ҳамин давраи соли гузашта 39,1 фоизи муроҷиатҳои баррасишударо ташкил медиҳанд.
Дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ таҷрибаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода бурда шуда, муносибат ба аҳолӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи ҷамъбастии соли 2025 аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят дар маҷмуъ дар қабули шахсӣ 4058 -нафар шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 70 нафар ва ё 1,7 % зиёд мебошад.
Аз ин шумора прокуророни шаҳру ноҳияҳо 3588 нафарашро дар қабули шахсӣ қабул намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 368 нафар ва ё 10,2 % зиёд мебошад.
Бевосита дар ҷои кор 1886 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шуда, ба онҳо барои ҳалли ин ва ё он масъала маслиҳатҳои қонунӣ дода шудаанд, ки 46,4 % шумораи умумии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қабулшударо ташкил медиҳад.
Дар давраи таҳлилӣ 6 муроҷиатҳо аз васоити ахбори омма ба прокуратураи вилоят ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар ин давра, ҳолати иҷрои ин қонун 71 маротиба санҷида шуда, аз натиҷааш 176 пешниҳод, 196 амр оварда, 238 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 156 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 23 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 163 КҶ ҶТ оғоз карда шудааст, ки баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакии онҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидаанд.
Инчуни роҳбарият ва дигар кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оиди иҷрои фармонии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 27 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба ташвиқу тарғиби қонунҳо, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа» чораҳои зарурӣ андешида, дар бораи тарғибу ташвиқи қонунҳо мунтазам ва фаъолона ба воситаи ахбори умум баромад намуда, дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва хочагиҳо вохўриҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Қайд бояд намуд, ки прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурочиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро таҳти назорати доимӣ қарор дода, онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ ҳисобида, тамоми чораҳоро меандешад, ки ҳар як муроҷиат дар доираи талаботи қонун баррасӣ гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон поймол нагардад.
Сулаймонзода Ҳ.С., Ёрдамчии калон оид ба таъминоти ҳуқуқӣ,мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 1
















