“Пешгирии коррупсия талаби замон аст!”
Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №15 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро дар соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилоят ба роҳ монда, дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 98 ариза ва иттилоот дар бораи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ворид ва бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи таҳлилшаванда 466 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, бо 380 адади онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла бо моддаи 245 -274, моддаҳои 314-316 - 53, моддаи 247 - 55 ,моддаи 319-320- 13, дигар ҷиноятҳо -122 оғоз карда шудааст.
Аз ин шумора, 244 парвандаи ҷиноятӣ пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардида, 2 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қатъ, 57 парвандаи ҷиноятӣ ба тобеъият, 5 парвандаи ҷиноятӣ боздошт дар 44 ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ ва 28 парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурд қарор дорад.
Вобаста ба ошкор ва оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин самт фаъолияти дастгоҳи прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳои Норак, Левакант, Ёвон, Ҷ.Балхӣ, Темурмалик, А.Ҷомӣ ва Шаҳритус нисбатан назаррас ҳаст.
Дар ин давом 13 ҷинояти додану гирифтани пора ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 ҳолати содир кардани ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуда, баъди таъмини санҷиши пурра ва ҳамаҷониба бо онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.
Аз ҷумлаи 20 (14) адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2 (0) парвандаи ҷиноятӣ
Бояд қайд кард, ки ҳар як ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зери назорати қатъии прокуратураи вилоят қарор дошта, парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида аз тарафи прокуратураи вилоят саривақт омӯхта шуда, ҷиҳати таъмини тафтиши пурра ва холисона ба муфаттишон дастурҳо дода шудаанд.
Аз тарафи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои он дар самти истифодаи ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ, маблағҳои зарари ошкоршуда ва барқароршуда корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, иштирок дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва робита бо ҷомеъа ва бо ин васила ба самъи аҳолӣ расонидани тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, алалхусус тағйироту иловаҳои воридгашта вобаста ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани он пешбинӣ гашта, прокуратураи вилояти Хатлон чораҳои амалиро дар роҳи баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин асос роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда 89 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 84 633 622 сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи қувваи барқ пардохт карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли 2025 бо парвандаҳои ҷиноятии оғознамудаи муфаттишони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарари ошкоргардида 28076268 сомониро ташкил дода, аз ин 14217461 сомонӣ ба давлат, 9809900 сомонӣ ба шаҳрвандон ва боқимонда ба дигар ташкилотҳо расонида шудааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ 12401046 сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки аз ин 3 838 214 сомонӣ ба манфиати давлат ва 5 326 381 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон мебошад.
Вобаста ба барқароркунии зарар ба давлат оид бо парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кори хуби дастгоҳи прокуратураи вилоят 1 683 294 прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар 223677, Норак 375 628, Ҳамадонӣ 126834, Ҷ.Балхӣ 335796 ,Кӯшониён 239 705, Ёвон 123606 Вахш 113 977 сомонӣ намунаи ибрат аст.
Дар ин давра аз ҷониби прокурори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он 104 (104) ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуда, бо онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва РАНДМ ва МК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ирсол гардидаанд.
Ҳамаи парвандаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, аз шахсони мансабдор маблағи 171 000 сомонӣ ситонида шудаанд.
Оид ба пешгирии омилҳои коррупсияонӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 360 ташкилоту муасссиса ва идораву корхонаҳои ҳудуди вилоят дар байни аҳолӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Прокуратураи вилоят назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри ошкор ва пешгирӣ кардани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои муассирро меандешад.
Шаҳидуллозода О., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мушоивири адлияи дараҷаи 1
















